Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:49

Шӯҳрат Шамсиддинов (тел: 918 85 82 79), сокини маҳаллаи Деҳотӣ, мкр.46, ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман 1 эълон дорам. Зафар Каримҷонович Шамсиддинов, (соли таваллудаш 28.05.1984) соли 2007 барои бо мақсади муздурӣ ба Русия рафтан аз хона баромад ва дигар барнагашт. Ӯ ҳамроҳ надошт ва тани танҳо ба сафар баромад. Аз он рӯз то ҳол ягон бор ба мо занг назадааст. Ягон гапу хабар низ дар борааш нест. Акаам оиладор набуд ва забони русиро хело хуб медонист. Мо дар хона ҳамагӣ 2 писар будем. Ӯ қабл аз ин, соли 2003, вақте модарам бандагӣ кард, дар Русия қарор дошт ва ба ҷанозаи очаам омада буд. Яъне таҷрибаи муздурӣ дошт. Аз ҳамаи хонандагон ва мухлисони газетаи дӯстдоштаам-СССР бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки агар дар бораи акаам-Зафарҷон ягон маълумоте дошта бошанд, ба ман занг зананд. Ва 1 хоҳиши дигар. Агар имкон бошад ин матлабро дар сайти газетаи СССР низ гузоред, зеро то ҷое медонам, сайти СССР дар Русия низ мухлиси зиёд дорад. Ман умедворам, ки ба воситаи СССР акаамро меёбам.

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:43

Дар посух ба мақолаи Ғ.Авазиён (СССР, №29, 21.07.2016) оид ба шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, рафтани одитарин беморон ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва аҳамият надодани мақомот ба соҳаи тандурустӣ эродҳои беасос иншо шудаанд. Дар тӯли 20 соли таъсисёбиаш дар н.Кӯҳистони Мастчоҳ 13 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази саломатии деҳот, 1 беморхонаи марказӣ бунёд шудаанд, ки 80%-и онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Бо дастгирии Раиси вил.Суғд с.2015 барои ташкили нуқтаи ёрии таъҷилӣ 200.000 сомонӣ ҷудо шуд, ки дар аввали с.2016 нуқтаи ёрии таъҷилӣ ташкил ва бо 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ, 43 адад рахтҳои хоб харидорӣ карда шуд. Соли 2016 бо дастгирии Раиси вилоят дар вил.Суғд соли «Фарди солим» эълон карда шуда, дар асоси ин Барномаи «Соли 2016-соли фарди солим» қабул шудааст… Ба қавли Авазиён, ки гӯё с.2016 113 тан ба бемории кӯррӯда гирифтор шуда бошанд, беасос аст. Ба гуфти менеҷери сохтори бистарикунонии ноҳия Идиев Абдуамон ин рақам куллан хато буда, дар тӯли сол 15-20 нафар гирифторони бемории кӯррӯда ба қайд гирифта мешаванд. Ба гуфти Идиев, яке аз муаммоҳои соҳаи тандурустии ноҳия ин норасоии кадрҳои дорои маълумоти олии тиббист, ки айни ҳол дар ДДТТ ба номи А.Сино беш аз 50 нафар таҳсил карда истодаанд, ки солҳои наздик ин муаммо низ ҳал мешавад. Дар мақолаи Авазиён оид ба роҳҳои ноҳия, ки гӯё роҳи 1 соатро дар 20 соат тай мекунанд, беасос аст. Роҳи асосии ноҳия аз маркази ноҳия то н.Айнӣ 90 км-ро ташкил медиҳад. Ин роҳ ҳамасола таъмир карда мешавад… Ба гуфти Авазиён, ки гӯё дар 13 деҳаи ҳудуди ҷамоати Лангар барқ нест ва кӯдакон оид ба барқ, лампочка тасаввурот надоранд, муҳоботе беш нест, ҳол он, ки деҳаҳои мазкур аз ҳисоби 48 адад нерӯгоҳҳои хурди барқии обии худсоз бо барқ таъминанд. Ҳоло барои кашидани хатти баландшиддати барқ ба 13 деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лангар бо дастгирии Раиси вил.Суғд 300 дона зерпояи об, 6 тонна ноқили АС-70, 800 дона Оиқи ЛК-70, 440 дона каҷаки КВ-22 ворид карда шудааст… Авазиён дар баёноташон навиштааст, ки ин мақоларо дар ҳолати асабоният навиштааст. Бояд мақомот барои муолиҷа ба ӯ кӯмак мекардааст ва аз сабаби дастгирӣ наёфтанаш чунин корро кардааст.

Муҳаммадҷобир Раҷабзода,

раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳ

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:34

Салом, СССР! 1 вақтҳо дар давраи мактабхонӣ шеъри Забони модарии устод Бозор Собирро аз ёд медонистем. Он замон мубориза барои мақоми давлатӣ гирифтани Забони Тоҷикӣ ба шиддат идома дошт. Дар ҳама ҷо шеъри устодро медонистанд, дӯсташ медоштанд, бо овози баланд мехонданд. Ин шеър шояд ягона эҷодиёти устод Бозор бошад, ки муаллифро шиносонд, паспорташ шуд. Хоҳиш дорам, ки агар лозим донед, ҳамон шеъри Забони модарии устодро дар СССР чоп кунед. Забони Модарии устод шеъри ширин аст, бӯи Ватандорӣ, Меҳанпарварӣ мекунад, рӯҳияи миллӣ дорад!

Дилшод Акобиров,

нафақагир, деҳаи Хирманак, н.Ҳисор

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:33

Муаллими собиқадор Назирмад Исматов, аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар 1 шумораи СССР акси ровии нотакрори Тоҷик, шодравон Маҳмудҷон Воҳидовро дида хело зиқ шудам. Ин қабил афрод шояд дар 100-200 сол 1 бор таваллуд шаванд. Аз газетаи мардумии СССР хоҳиш дорам, ки перомуни марги асроромези ин оратори ширинсухан барои мо-мухлисон бинависад, то бидонем, ки ӯро чаро ва чӣ касе куштааст…

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:33

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар газетаи СССР бо 1 занги телефонӣ гуфта будам, ки "Чаро мо 5 бал кам гирифтем?" (№35(416), 1.09.2016). Баъди он ки Наим Набизода-раиси ш.Истаравшан андешаи маро дар СССР мехонад, муовинашро ҷеғ зада гуфтааст, «ин бача кист?». Муовин дар посух «ин одам тӯли 45 сол дар саҳна сарояндагӣ мекунад» мегӯяд. Ӯ аз муовинонаш мепурсад, ки «суруди ӯ дар консерти Корвони Истиқлолият ҳаст-мӣ? Агар бошад, гирифта партоетон! Пас аз ин дар ягон консерти ҳукуматӣ фамилия ва номи ин одамро набинам!». Оё раис медонад, ки ман барои таҳияи 1 суруд 500 сомонӣ сарф кардаам? Пеш аз ин ягон раиси шаҳр ба кори фарҳангиён дахл намекард. Мисол, аз ҳукумат супориш медиҳанд, ки барои иди Навруз 1 сенария навишта биёед. Коргарони мо сенария навишта мебаранд. Кормандони ҳукумат сенарияро хонда, якчанд рӯз мегузарад, коргардони театри халқиро ба ҳукумат даъват мекунанд ва мегӯянд, «мана, мо сенария навиштем. Аз рӯи ҳамин сенария шумо бояд тайёрӣ бинетон». Вақте сенарияро мехонед айнан ҳамон сенарияи мост, фақат баъзе пунктҳояшро дигар карда, ба номи худ мегузаронанд: Плагиат!!! 

Ғайр аз ин, ба 1 намоиши театркунонидашуда 15 суруд даркор. 15 суруд аз назди шӯро мегузарад ва мо программаи консертӣ тартиб дода, назди муовини раис мебарем. Баъди барномаро дидан боз иловаю тағйирот медароранд. Коргардон ҳарчанд мефаҳмонад, ки дар ҳар 1 суруду оҳанг 500-600 сомонӣ аз кисаи худ сарф кардааст, аммо кормандони Ҳукумат, ки сурудро аз мусиқӣ фарқ намекунанд, аз пеши худ ҳар хел айб монда, сурудро аз программа меронанд ва ягон суруди рафиқи худро агар аз назди шӯрои бадеӣ нагузашта бошад ҳам ба программа медароранд. 

Рақиб Маманазаров,

Аълочии фарҳанги ҶТ, ш.Истаравшан, тел: 918 88 14 10

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:24

Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадназар Соҳибназаров, сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳафтае пеш ба ноҳияи Ишкошими Бадахшон барои табобат рафтам. Тавре маълум Ишкошим чашмаҳои бисёри дармонбахшӣ дорад. Лекин дар ин минтақа ягона чизе, ки маро сахт асабӣ ва хаста намуд, роҳҳои хароби ноҳия аст. Чуқуру пастиҳое, ки онро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҳадди ақалл метавонад дар 2 рӯз таъмир кунад. Гап задан дар бораи роҳи Ишкошим ҳоҷати гап ҳам нест. Аммо чаро инро намекунанд? Ва ё амри президентро интизоранд, ки кай фармон медиҳад?!

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 16:18

«Оташгиёҳи миллат» чунин унвон дорад, маҷмӯаи мақолаву шеърҳо ва меҳрномаи дӯстону шогирдон, бахшида ба 80-умин солгарди адабиётшиноси варзида устод Валӣ Самад, ки аз ҷониби нашриёти «Бухоро» нашр шуд. 

Китоби мазкур аз мақолаву шеърҳо, нақду барассӣ ва меҳрномаҳое фароҳам омадааст, ки ба муносибати 80 – солагии олими маъруф, адабиётшинос ва равобитшинос, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви ифтихории Иттифоқи Нависандагони Озарбойҷон, Ходими илмии пешбари шӯъбаи таърихи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИҶТ устод Валӣ Самад бахшида шудааст. Дар китоби мазкур матолиби хубу хондании академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов Акбари Турсон, устодон Сотим Улуғзода, Мӯъмин Қаноат, Абдунабӣ Сатторзода, Ардамеҳр, Шарифмуроди Исрофилниё, Зиё Абдулло, Пайванди Гулмуродзода, Анзурати Малкзода ва шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Салими Зарафшонфор, Алӣ Бобоҷон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб гирдоварӣ шудааст, ки роҳи дар зиндагӣ ва илм тайкардаи ин муҳаққиқ пуркори тоҷикро мавриди таҳлилу барассӣ қарор медиҳад.  

Валӣ Самад яке аз олимони шинохтаи тоҷик буда солҳи зиёд равобити адабии тоҷикону қафқозиҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озарӣ дар садаи XIX», «Тӯшаи ҳамдилӣ», «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз», «Дурахши як ахтари сӯзон» (дар ду ҷилд), «Бозгашт ба Эроншаҳр», «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Чернешевский» ва рисолаву мақолаҳои фаровони дигар мебошад. 

Ҳамчунин соли равон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо фармони президенти Тоҷикистон ба нишони сарисинагии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.  

Одили НОЗИР,

журналист

 

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 15:32

саҳ 12 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase