ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 17 Октябр 2016 11:00

Узви Ихвон-ал-СССР, Сайфулло Ҳакимов, сокини деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки имрӯз муаллим ҳам камбағал, ҳам беқадр аст. Сабаби дар мактаб нарасидани муаллим ҳамин аст. Ҳарчанд ҳар сол донишгоҳҳои олии мамлакатро садҳо нафар донишҷӯ хатм менамоянд, аксарияти онҳо ё ба дигар касб мегузаранд, ё мардикорӣ мераванд. Дар замони СССР қадри муаллим хело баланд буд. Муаллимро инженери рӯҳи инсон мегуфтанд. Гапи муаллим барои хонанда қонун буд. Муаллим маоши хуб мегирифт. Барои захира низ маблағ боқӣ мемонд. Бисёр шогирдон шароити муаллимро дида, орзуи муаллим шуданро мекарданд. Имрӯз дигар муаллим инженери рӯҳи инсон нест, зеро рӯҳи муаллим шикаста аст…

 

Душанбе, 17 Октябр 2016 10:54

Салом, СССР! Ман ҳар ҳафта СССРро харида мехонам: Қимат ҳам бошад. Лекин подшивка намекунам. Худам харида, хонда, сипас ба ҳамсабақонам пешкаш мекунам. Ман ҳоло 1 таклиф дорам ба бародари гиромӣ, Сафват Бурҳонов. Сафват оид ба ҷорӣ шудани дини Ислом ҳамчун фан дар макотиби миёна матлабе махсус нависанд ва таъкид кунанд, ки Ислом ҳамчун фан дарс дода шавад, ё не? Албатта аз рӯи мазҳаби Имоми Аъзам. Ман фикр мекунам, ки тарбияи динӣ айни ҳол ниҳоят муҳим аст. Ба Сайёфи Мизроб мерасонем, ки мо ҳам ҷавонем ҳамроҳаш, ғамгин набошед. Зеро тухми маҳалгароиро душманони миллат бар сари мо коштанд. Кӯшиш мекунем, ки насли ҷавони Тоҷикро аз залолат раҳонем. Ва Мо Метавонем! 

Фарҳод Турдиев,

донишҷӯ, н.Ёвон

 

Душанбе, 17 Октябр 2016 10:51

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Одам ба маънояш ин аст, ки бояд эътиқод ва имон ба Худо доштанаш даркор ва Худовандро ба ягонагӣ бишиносад. Ва чӣ некиву бадие бар сараш омад, аз Худо бинад, на аз Ленину Сталин!!! Ман медонам чӣ гӯям, ту чӣ хонанда??? Ва тайёрам, ки ҷонамро фидои халқи азизам бикунам. Ва медонед барои чӣ? Зеро камина ин ҳафта 50-сола шудам.

Исмоил Маҳмудов,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир, тел: 93 388 07 47

Аз СССР: Газетаи мардумӣ ва аъзои Ихвон ал СССР, яке аз сермаҳсултарин узвашро бо ин ҷашнвора самимона табрик мегӯяд: Ба 100 расед ва бо мо бошед, ки Мо метавонем!

 

Душанбе, 17 Октябр 2016 10:38

Салом, СССР! Дар газетаи мардумии СССР (№38(419), 22.09.2016) мақолаи Файзулло Азизови ҳисориро бо номи "ИНТ шоиронро куштанист?" хондам. Ман зидди андешаи муаллифам. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳатман шоиронро кам кунад, зеро барои миллати мо дар ҳоли ҳозир аз 340 шоир 340 мутахассис зиëд шавад, ин ба фоидаи ҷамъият аст. Раванд пайи кори худ, касбе пеша кунанду на шоиронро ғам диҳанду на мардумро! Бе ин ҳам шоири ҳақиқӣ бе узвият дар ИНТ ҳам фазои эҷодашро васеъ карда шеъраш зуд хонанда меëбад. Аз азал модари Тоҷик шоиру нависанда зода ба камол расондааст. Ҳозир дар Тоҷикистон аз 2 тан 1 нафар аниқ ё шоир аст, ё нависанда. Тафовути аҷиб байни шоирони имрӯз ва классики мо ин аст, ки дар гузашта онҳо дар баробари шоирӣ боз ситорашинос, файласуф, риëзидон, табиб... буданд ва мекӯшиданд, то ҳама илмҳои замонро аз худ кунанд. Аммо шоирони мо имрӯз мехоҳанд танҳо ба 1 шоирӣ рӯз гузаронанд. Хуб мекунанд, ки чунинҳоро пеш мекунанд. Мо Метавонем!

Шукрулло Маҳмадалиев,

хонандаи синфи 11, н.Восеъ, тел: 501 71 12 31

 

Душанбе, 17 Октябр 2016 10:22

Синамобазми 7-уми имсолаи «Дидор» дар Душанбе бо намоиши филми «Братан»-и коргардони шинохтаи Тоҷик Бахтиёр Худоназаров шоми 16.10.2016 ифтитоҳ гардид. Дар ин синамобазм, ки аз 16 то 20 октябри соли ҷорӣ идома меёбад, ба ҷуз ин филм боз 3 филми дигари коргардони шодравон – «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ» ва «Дар интизори баҳр» намоиш дода хоҳад шуд. Бояд қайд намуд, ки коргардони шинохта соли гузашта бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои Олмон вафот карда буд.

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 17:08

9.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30. Ба самти хонаи бародар Маҳмудҷон Муқимов, ки дар ҷамоати Чимтеппаи н.Рӯдакӣ воқеъ аст, меравам. Муқимов имрӯз дар Тоҷикистон ягона шахсест, ки ба собунпазӣ машғул ва собунҳои мушкини Тоҷикиро, ки падидаи нав аст, дар хонааш бо истифода аз асбобу ашё ва равғану хушбӯиҳои хос омода мекунад. Мо низ тасмим гирифтем меҳмони манзили ӯ гашта, барои пухтан ва омода намудани бастаи нави собунҳо барояш кӯмак кунем. Бояд гуфт, ки барои пухтани 1 бастаи нави собунҳо, ки дар маҷмӯъ 15 кг маҳсулоти табииро дар бар мегирад, на кам аз 8 соат вақт лозим будааст! 

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 17:03

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамс Зариф, сокини ноҳияи Восеъ (тел: 95 190 50 82) бо 1 баста ҳуҷҷатҳо меҳмони газетаи СССР шуд ва гуфт, ки ман ҳамчун ҷонишини раҳматӣ Рустами Абдураҳим-ҷамъияти сиёсии «Ошкоро», ромишгари маъруфи Тоҷик, то ҳол дар зодгоҳам ягон ҳуқуқ надорам. Мехостам, ки дар ҳамин сафари президент дар ноҳия (3.10.2016) бо Ҷаноби Олӣ вохӯрам ва арзамро гӯям, аммо пеши роҳамро гирифтанд. Онҳо аввал ҳуҷҷат, ё даъватнома талаб карданд, дар посух риши сафедамро нишон дода гуфтам, ки ҳамин риши сафедам барои ту ҳуҷҷат аст. Охир, ман низ мисли дигар шаҳрвандон андеша ва хостаҳои худро дорам ва ҳақ ҳам дорам, ки бо президент вохӯрам, зеро дар қатори садҳо сокинон дар интихоботи президентӣ ба ӯ овоз додаам. Яъне ман ҳуқуқ дорам, ё не? Ҳол он ки ман дар сӯҳбат бо Президент фақат 1 ҷумла гуфтаниям: «Исмоили сонӣ туӣ!» Тамом. Баъд аз баромад, фақат мегуфтамаш, ки «аммо баъдаш…»-ро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ хоҳам гуфт. Ман дар ҳайратам, ки чаро ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои дидори сокинони бумӣ бо президент монеа мешаванд? Онҳо аз чӣ ва аз кӣ метарсанд?

 

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:53

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ. 4 сол пеш маъюбонро аз комиссияи махсус гузаронида, ба гурӯҳҳо ҷудо карданд. Баъзеҳоро ба гурӯҳҳо дохил накарда, ба гурӯҳи сиҳатҳо дароварданд. Баъди ин ба мо-маъюбон аз ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани н.Панҷакент хушхабар расид, ки ҳамаи маъюбон бояд, ки нусхаи шиносномаро бо худ гирифта, ба идораи ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан оварда супоранд, соҳиби телефони мобилӣ хоҳанд шуд. Ҳама маъюбони ҷамоати мазкур расо 1 рӯз сарсон шуда, нусхаи паспортро гирифта бурда, ба ходимони ҷамоат супориданд. Рӯзу ҳафта, моҳҳо ва инак 4 сол гузашт, аммо аз телефонҳои мобилӣ ягон дарак нест. Ҳама умедвор аст, ки ба маъюбон телефонҳои мобилӣ тӯҳфа карда хоҳад шуд. Аммо телефонҳои мобилӣ дар куҷое пинҳон ё ҳал карда шудаанд. Ба маъюбон ваъда намедоданд, хуб буд. Умедворӣ маъюбонро зиқкасал кардааст. Кай телефонҳои мобилӣ ба маъюбон дода мешавад?!

Шаҳрошӯби Мирзоиён,

маъюби гурӯҳи 2, деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент

 

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter