ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:51

Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Иттилоъ аз ТВҳои Русия, дар санаи 5.10.2016. В.Путин-президенти ин кишвар дар назди чекистҳои СВР баромад карда, чунин вазифа гузошт: «Ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ…».

Рафиқ Владимир Путин кадом давлатҳои Осиёи Марказиро дар назар дошт???

Сиёвуши Далер,

програмист, ш.Хуҷанд

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:50

Узви Ихвон-ал-СССР, Аъзам Исматов, сокини рустои Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР дар сӯҳбати телефонӣ мегӯяд, ки дар ноҳияи мо ҳамагӣ 21 нусха СССР меояд. Ростӣ, ҳеҷ намефаҳмам, ки наход дар 1 ноҳияе, ки беш аз 200.000 аҳолӣ дорад, 21 нафар газетхон бошад?... Ҳамзамон забти мавҷҳои ТВ ва Радио афзудан дорад. Дар деҳаи имрӯз мо 4 канали ӯзбакии ТВ-и ҳамсоя-«Ёшлар», «1 канал», «Ишонч», «Кӯзгу» ва радиоҳои ӯзбакӣ-«Машъал», «Ёшлар»… беҳисоб фаоланд. Муҳимтар аз ин, ҳарчанд антеннаҳои параболӣ овардаву васл карда бошанд ҳам, ТВи Ватани худро босифат дида наметавонем.

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:44

Хонандаи доимии СССР, Юсуфҷон Қудратов, аз шаҳри Маскави Русия бо телефони +79261794332 ба СССР занг задаву гуфт, ки нахуст саломи паёми мухлисони СССРро аз шаҳри сераҳолии Маскав ба шумо мерасонам. Баъдан, чизи дигаре, ки имрӯз обрӯи Миллати Тоҷикро дар хориҷ аз кишвар резондан дорад, «Тоҷик» будани ҷӯгиҳост. Милисаи рус, ки дар роҳ ҷӯгии ҷандапӯшро дошта, ҳуҷҷат мепурсад ва мебинад, ки дар шиноснома Тоҷик навишта шудааст, фикр мекунад, ки ҳамаи Тоҷик ҷӯгӣ аст, ё баракс. Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳаракати лӯлиҳоро дар Русия тамоман манъ кунад, ё дар паспорташон Тоҷик нанависанд. Чанд зани ҷӯгиро дидам, ки худро Тоҷик гирифта, обруи моро паст мезад. Тоҷик дар ҳолати дармондагӣ ҳам ҳич вақт ба талбандагӣ рӯ наовардааст. Мо бояд зуд сари ин масъала биандешем. Мо медонем, ки ҷӯгӣ аз дигар қавмҳо чӣ фарқ дорад, аммо берун аз марзи Тоҷикистон хориҷиҳо ҷӯгиро шинохта наметавонанд. Ин масъала дар сатҳи Ҳукумати марказӣ матраҳ гардад ва ҷӯгиро ба асолат баргардонанд. Яъне дар паспорташон нависанд: Ҷӯгӣ, лӯлӣ…аммо на Тоҷик!

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:37

14.10.1924. Дар СССР Ҷумҳуриҳои автономии Тоҷикистон ва Қаро-қирғиз таъсис дода шуданд.

15.10.1985. Дар пленуми КМ ҲК котиби аввали ҳизб-Михаил Горбачёв нақшаи бозсозии иқтисодиро дар қаламрави СССР эълон намуд.

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:36

“Шумо шунидед, ки кӯлобиҳо Роҳбар Қосимовро дар Кӯлоб буғӣ кардаанд?” ... “Ба ростӣ, ин кӯлобиҳо ваҳшианд!!!”.

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 16:10

Барои аз байн бурдани тиҷорати кӯчагӣ ҳукумати ш.Панҷакент тасмим гирифта буд, ки бозореро дар паҳлӯи боғи марказӣ таъсис диҳад. Зимнан деҳқононе, ки дар кӯчаҳо даст ба савдо мезаданд ба ин бозор кӯч дода шуданд. Имрӯз ин бозор бо унвони «ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ» амал мекунад. Лек деҳқонони асил, ки имрӯз ҳам дар қади роҳҳо пайдо шудаанд, ҳангоми сӯҳбат гуфтанд, ба мо дар ин бозори навбунёд ҳам роҳ нест! Чунки ба гуфтаи онҳо савдогарони бозори марказӣ инҷоро низ ғасб карда онҳоро ба ин бозор ҳам роҳ намедодаанд. Эшон мегӯянд тамоми нуқтаҳои ин бозори навбунёдро туҷҷори бозори марказии шаҳр, ки бо унвони «Деҳқонбозор» ёд мешавад, ғасб карда ба ҷаллобӣ машғуланд. Деҳқонзане, ки дар қади роҳ ба савдои ангур машғул буд, дар суҳбат гуфт: «Замоне, ки мо ин ё он маҳсулоти хешро меорем онҳое, ки дар ин бозорҳо таври доимӣ савдо мекунанд, намегузоранд, ки маҳсулоти хешро барои мардум фурӯшем. Зеро фаразан ангуре, ки мо мебиёрем бо арзиши 2-3 сомонӣ мефурӯшем. Вале ҳамин ангурро ин савдогарон аз дасти мо гирифта, 7 сомонӣ ба фурӯш мезананд. Дар ин ҳолат мо-деҳқонон бадном мешавем. Куҷост адолат?! Моле, ки истеҳсол мекунем тавассути савдогарон ҳамарӯза ба фурӯш меравад. Ҷое надорем, ки бо нархи арзон маводи хешро фурӯшем. Маҷбурем, ки дар кӯчаҳо дастранҷи арзонамонро, ки ҳатто меҳнатамонро рӯпӯш намекунад, ба мардум фурӯшем».

Ҷумъа, 14 Октябр 2016 14:19

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter