ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 07 Октябр 2016 10:51

8.10.1967. Дар Боливия муборизи инқилобгаро-Че Гевара дастгир шуд. Ӯ, ки яке аз тарафдорони ашаддии ақидаи коммунистӣ дар Амрикои Лотин будӣ, дар ғалабаи инқилоби коммунистии Куба бо ҳамроҳии Фидел Кастро нақши ҳалкунанда бозид. Баъдан вай барои барпо кардани инқилоби нав бо дастаи мусаллаҳи худ вориди Боливия шуд, лек мутаассифона, дар ин кишвар тарафдорони зиёде пайдо накард ва оқибат аз ҷониби нерӯҳои низомии ин кишвар дастгир ва ба қатл расонда шуд.

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 10:44

Ҷанги 2 қудрат

3-4 октябри с.1993 дар маркази ш.Маскав ва назди маркази телевизионии “Останкино” задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибдорони Президенти Русия Борис Елсин ва ҳукумати иҷроия (Шӯрои Вазирон бо сарварии Виктор Черномирдин ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков низ аз Елсин ҷонибдорӣ мекарданд) аз 1 сӯ ва ҷонибдорони Шӯрои Олии кишвар бо сарварии Руслан Хасбулатов аз ҷониби дигар сар зад. Рӯзи дигар нерӯҳои мусаллаҳи ба Елсин содиқ Хонаи Шӯроҳои Русияро тассаруф карданд, ки дар натиҷа афроди зиёди ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 09:27

Дипломи Газетаи мардумии СССР «Тоҷири муваффақи 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон» ва тӯҳфаи рамзӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон шоми 06.10.2016 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ботантана супорида шуд. 

Панҷшанбе, 06 Октябр 2016 18:18

Чоршанбе, 05 Октябр 2016 14:55

Амируллои Асадулло, раиси ш.Қӯрғонтеппа имрӯз, зимни баргузории 1 маҳфили шеъру суруд бо номи «Забон-пайванди ҷон» сокинони ин шаҳрро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуда ба 3 озмун-назму наср ва қироати шеър, ки бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ эълон шуда буд, ҳусни хотима бахшид. Дар ин маҳфил ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР бо роҳбарии сардабири он Сайёфи Мизроб низ ширкат доштанд. Аъзои ҳакамони ин озмун аз байни  20 нафар ширкатдорони бахши наттоқӣ Марҳабо Рамазонзода, корманди телевизиони вилояти Хатлон ва Афсонаи Умар, хонандаи мактаби миёнаи №12-и ш.Қӯрғонтеппаро ғолиби ин озмун дониста эшонро бо мукофотҳои калони пули шаҳрдорӣ сарфароз намуданд. Бояд қайд намуд, ки ин 2 нафар аз ҷониби ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ лоиқи мақоми беҳтарин гашта зимни суханронии хеш дар маҳфил С.Мизроб таъкид дошт, ки Марҳабо ва Афсона ҳамчунин бо ҷоизаи махсуси газета мукофонида хоҳанд шуд. Дар идомаи ин маҳфил С.Мизроб ба Муҳаммадшариф Саъдуллоев, раиси корпоратсияи «Рушди Хатлон», ки яке аз соҳибкорони ҷавони ин минтақа аст ва ғолиби лоиҳа-озмуни «25 тоҷири муваффақи 25 соли истиқлоли Тоҷик» гаштааст, Дипломи махсус ва тӯҳфаи рамзии газетаи СССР-ро ботантана супорид. Тӯҳфаҳои дигари шаҳрдории Қӯрғонтеппа ба ғолибони бахшҳои назму наср низ аз ҷониби А.Асадулло ирсол гаштанд. Зимнан, А.Асадулло, ки худ шоир аст, новобаста аз кор, ба фарҳангу адабиёт таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 05 Октябр 2016 13:16

Чоршанбе, 05 Октябр 2016 09:50

                                            Портрети муосири ман-7

Чоршанбе, 05 Октябр 2016 09:38

Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд. Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону бошандагони ҷамоати деҳоти Сағирдашт арзёбӣ кард.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу минатдории худро ба Сардори давлат баён доштанд. Ҷавонон қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори ватани хеш хоҳанд шуд.

 

Мухбири худамон

 

саҳ 13 аз 14

Китобҳо

Flag Counter