ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 03 Октябр 2016 17:39

Дар баробари 120 нафар ҷавононе, ки аз Панҷакент имрӯз ба сафи артиши миллии кишвар сафарбар гардиданд, 4 нафар ҷӯгиҳо ҳам буданд. Дар ин бора Муҳаммадсодир Сафаров, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ ба СССР иттилоъ дод.  Тибқи иттилои манбаъ, субҳи имрӯз 120 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба комиисариати ҳарбӣ омада, онҳо дар фазои тантанавӣ ба хизмати модар ватан гуселонида шуданд. Дар тантанаи гусели ҷавонон, хешу ақориби эшон, донишҷӯён ва сарбозон ширкат доштанд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, дар баромади хеш ҳангоми гусели наваскарон иброз дошт, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ин вазифа ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст. Ӯ барои ин наваскарон роҳи сафед ва хизмати содиқона таманно кард. Пас аз чорабинии расмӣ, тантанаи шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Панҷакент ва дастурхони идона барои ин наваскарон омода гардид. Лаҳзаи аҷиб дар ин даъват дар он буд, ки 4 нафар фарзандони лӯлиён низ дар баробари дигар сокинони Панҷакент ба хизмат рафтанд. 

Хуршед Фозилов

 

Душанбе, 03 Октябр 2016 16:46

Толибон ҳамоҳансозиро ҷиҳати ҳуҷум ба шаҳри Қундуз ва минтақаҳои шимоли Афғонистон оғоз намудаанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters имрӯз, душанбе 3 октябри соли 2016 иттилоот пахш намудааст. 

Ҳарбиёни толиб мавқеъҳои қувваҳои ҳукуматии Афғонистонро аз чаҳор ҷониб тирборон карда, ба шаҳр ворид шудаанд, мегӯяд сардори Раёсати пулис Шералӣ Камол. “Мо ҳама корро мекунем то онҳоро шикаст диҳем” илова намуд сардори полис.

Ба қавли хабарнигори хабаргузорӣ дар шаҳр тирпаронӣ идома ёфта, дар ҳаво чархболҳои ҳарбӣ парвоз мекунанд.

Соле қабл, 28 сентябр терористони ин гурӯҳ ба шаҳри Қундуз ҳамла карда буданд. Онҳо минтақаҳои калидии ин шаҳрро ба даст оварда, ба тоза намудани он шурӯъ карда буданд. Аммо 1 октябр қувваҳои ҳарбии ҳукуматӣ тавонистанд онҳоро аз шаҳр берун намоянд.

Аз соли 2001 ин ҷониб Толибон ба муқобили ҳукумати Афғонистон мубориза мебарад ва дар ин муддат як қисми ҳудуди ин кишвар зери тассаруфи онҳо қарор дорад. Ҳаракати Толибон баъди берун шудани як қисм аз низомиёни НАТО дар декабри соли 2014 аз ҳудуди Афғонистон боз ҳам шиддат гирифта, даргириҳо байни онҳо ва ҳукумат тез-тез руй медиҳанд.

Яке аз ҳуҷумҳои ахирин ва калонтарини ин гурӯҳ  5 сентябри соли равон дар пойтахти музофоти Урузган сурат гирифта буд. Толибон дар ҳуҷуми худ ба яке аз постгоҳҳои ҳукуматӣ 12 нафар низомиёни ҳукуматиро ба қатл расонида буданд.

СССР

 

Душанбе, 03 Октябр 2016 15:20

Халифа ва ё роҳбари гурӯҳи терористии ба ном “Давлати исломӣ” Абу Бакр ал-Бағдодиро ҳамроҳ бо се тан афроди баландмансаби ин гурӯҳи ҷангталаб ба хурокашон заҳр ҳамроҳ карда, нияти аз байн бурдан карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Press TV Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба сарчшмаи махфии худ, иттилоъ медиҳад.

Ҳамон тавре хабар медиҳанд заҳр ба ғизои он се тан, ки якҷоя тановул мекарданд ҳамроҳ гардида буд. Аз таъсири он модда ал-Бағдодӣ ва ҳамроҳонаш мариз ва ҳисороти зиёд дида, дар ҳолати дарунравии шадид қарор доранд. Ҳодисаи мазкур дар марзи кишварҳои Сурия ва Ироқ дар шаҳраки Найнаво сурат гирифтааст.

Давлати ба ном “исломӣ” таъқиб ва ба зиндон андохтани шахсиятҳои гумонбар ба ҳодисаи мазкурро дар ҳудуди ин шаҳрак бо мақсади ошкор намудани шахсияти қотилон раҳандозӣ кардааст.

Хабарҳо дар мавриди маҷруҳ шудан ва ё марги роҳбари гурҳи терористии ДОИШ дар расонаҳои хабарӣ тез-тез ба нашр мерасанд. 14 июли соли равон хабаре паҳн гардид, ки халифа ал-Бағдодӣ ҳангоми бомбарони тайёраҳо қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба ҳалокат расидааст. Ҳатто баъзе сарчашмаҳо далел меоварданд, ки мавсуф дар навоҳии шаҳри ироқии Мосул аз байн бурда шудааст. Дигарон даъво мекарданд, ки ал-Бағдодиро дар ҳудуди шаҳри Раққа ба ҳалокат расонидаанд.

10 июн иттилооте паҳн гардид, ки халифа ва як теъдод аз ашхоси баландпояи ин гурҳи терористӣ бар асари ҳуҷуми ҳавопаймоҳои ҳарбӣ маҷруҳ шудаанд.

СССР

Душанбе, 03 Октябр 2016 10:07

Суди вил.Хатлон Ориф Ҳайбуллоеви 37-сола, мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати н.Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Маҳкумияти ӯро рӯзи 22 сентябр суди вил.Хатлон дар суҳбат бо газетаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳукм аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Суд Орифро бар асоси моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ва такроран гирифтани пора айбдор кардааст. 1 манбаъ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ӯ дар асоси қарори раиси н.Қубодиён аз 17.06.2011 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Дастгоҳи раиси н.Қубодиён фаъолият карда, ҳамчун шахси мансабдор дорои ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ буда, салоҳияти ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳоро ба ӯҳда дошт. Бо он ки масъулони суди вил.Хатлон аз 2 нафаре, ки ба Ориф барои гирифтани вазифа пул пешниҳод кардаанд, ном намебаранд, аммо манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки яке аз онҳо гӯё мехостааст мудири мактаб ё боғчаи кӯдакон шавад.

Ришва аз «Тахти Сангин»

Ориф бо суистифода аз мансаби худ маймоҳи соли 2015 ба довталаб Алохонов Ҳодихон бо ваъда барои ширкат дар озмуни ишғоли мансаби холӣ-Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и ноҳия мусоидат карда, ба ивази ин хизматаш аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб мекунад. Ҳодихон, ки қабл аз ин чандин маротиба дар озмунҳои ҷойҳои корӣ ҳуҷҷат супорида, аз озмун нагузашта буд, ба таклифи Ориф розӣ шудааст. Моҳи майи соли ҷорӣ раиси ноҳия-Саидумрон Абдураҳмонзода бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» меравад. Дар ин сафар Ҳодихони навкурсӣ ба раис арз кардааст, ки барои вазифа гирифтан 1500 сомонӣ ба Ориф додааст. Раис аз кирдори зердасташ хабар ёфта фармон додааст, ки Ориф пораи гирифтаашро ба Ҳодихон баргардонад. Ахирӣ пули баргардонидашударо гирифта, ба фонди хайрияи Ҳукумати ноҳия супоридааст.

2 бор ҷастӣ малахак

Ин силлии мантиқии раис, ки нахост фасоди кормандаш пӯшиши расмӣ гирад, ба Орифи мо дарси ибрат нашуд. Қаҳрамони муосири мо-Ориф ҳамчун шахси мансабдор боз ғайриқонунӣ моҳи майи соли 2016 ба довталаб Зиёдалиева Шарофат Қаҳҳоровна, ки дар озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буд, гуфтааст, барои ба мансаби мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи н.Қубодиён таъйин шудан, бояд 1500 сомонӣ диҳад. Шарофат мегӯяд, 1500 сомонӣ надорад, лек 1000 сомонӣ ёфта медиҳад. Ориф розӣ шуда, ҳуҷҷатҳои ӯро барои ширкат дар озмун қабул мекунад. Дар ҳамин ҳол ӯ бо истифода аз ваколати хизматии худ ба фоидаи Шарофат дар протоколи ҷаласаи комиссияи озмуни ноҳия ғайриқонунӣ маълумотҳои бардурӯғ ва таҳрифшударо ворид мекунад. Барои ин амали худ дар утоқи кориаш аз Шарофат 1000 сомониро ҳамчун пора гирифта, аз они худ кардааст. 

Охир ба дастӣ малахак!!!

Худи ҳамон лаҳза Ориф аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дастгир карда шуд. Амриддин Сафарзода-раиси суди мурофиаи Ориф мегӯяд, дар делои ҷиноие, ки ҳукмашро содир кардааст, 2 лаҳзаи гирифтани пора қайд шудааст: марҳилаи аввал 1000 сомонист, ки дар ҳамон лаҳза боздошт шудааст. Тафтишот баъдан исбот кардааст, ки дар қадами баъдӣ ӯ ният дошт боз 1500 сомонӣ ришва гирад. Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умумии суди вил.Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо аз номи наздикон ва вакили Ориф аризаи кассатсионӣ ё шикояти расмӣ аз болои ҳукми баровардаи суд расидааст. Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Абдураҳмонзода, раиси н.Қубодиён ҳам ба саволҳои додрас посух додааст. Ориф, ки 1 июли соли ҷорӣ дар утоқи кориаш боздошт шуд, наздики 10 сол дар ҳукумати н.Қубодиён дар вазифаи раиси шӯъбаи кадрҳо кор кардааст. 

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори газетаи СССР, вил.Хатлон

 

Душанбе, 03 Октябр 2016 09:53

(Чаро дар Душанбе нархи билети ҳавопаймо гаронтар аз тамоми олам аст?!)

24.09.2016. Соат ба вақти Душанбе 08:30 дақиқа.

Бо супориши редаксия барои чиптахарӣ мебароям. Чипта ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе. Макони асосии хазинаҳои чиптафурӯшӣ имрӯз атрофи бозори «Шоҳмансур» аст ва ба хотири ёфтани билети ҳавопаймо, тасмим мегирам аз 10 авиакасса дидан кунам, ки дар кадоме нархи чиптаи рафтуомад ба ин хатсайри ҳавоӣ (ва на танҳо ин) арзонтар аст.

 Марҳамат, чипта! 4500 сомонӣ!

Соат 08:34 дақиқа. Ба дӯкони 1-уме, ки дар рӯбарӯи маркази савдои «Волна» ҷойгир аст, медароям ва нархи чиптаро ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе мепурсам. Айни замон чиптаҳои маҳз ҳамин хатсайри ҳавоӣ серхаридоранд ва ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба самти пойтахти Русия то 5 ҳавопаймо парвоз мекунанд. Духтараки ҷавоне, ки паси миз нишастааст, дарҳол аз ман пурсид, ки чиптаро барои кадом рӯз мехоҳам. Ман гуфтам ба наздиктарин рейс. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: барои пагоҳ бегоҳ, яъне 25.09.2016 танҳо 1 ҷо ҳаст ва он ҳам дар бизнес-класс, нархаш 4500 сомонӣ!

Ман фикр кардам, ки 4500 сомонӣ нархи чиптаи рафтуомад аст, лек хато кардам: Ин танҳо нархи 1 тарафи парвоз будааст! 

«Скидка» 178 сомонӣ – ба хотири чашмони зебо!

Соат 08:52 дақиқа. Ба кассаи дигари ҳамшафат медароям ва нарх мепурсам. Ҷавонзан аз ман мепурсад, ки барои кай ва кадом рӯз. Фаҳмидам, ки ҳар қадар барвақт чипта гирем, ҳамон қадар арзонтар будааст. Интихобан мегӯям парвози рафт барои 10.10.2016 ва баргашт барои 15.10.2016. Пас аз чанд лаҳзаи ҳисобу китоб чиптаи рафту баргаштро аз Душанбе ба самти Маскав бо ширкати «Сомон Эйр» бароям 3698 сомонӣ арзёбӣ мекунанд. Чун мегӯям, ки ин хеле қиммат аст, «ба хотири чашмони зебоятон 178 сомонӣ «скидка» мекунем, ана 3520 сомонӣ шуд, гиред, вагарна аз ин ҳам қиматтар мешавад!» ҳушдор медиҳад ҷавонмарди дигари чиптафурӯше ба ман. Билет нахарида бошам ҳам, дар оина ба чашмони 178 сомонӣ нарх доштаам нигариста, хурсанд берун мешавам...

Соат 09:03 дақиқа. Дар дӯкони 3-юм нархи чиптаро дар самти мазкур 3600 сомонӣ бе ягон тахфифи «чашмони зебои ман» эълон карданд, лек ин хатти парвози ширкати «Тоҷик Эйр» буд. Хулоса, пас аз боздид ва пурсиши нархи чипта ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе, ки 0,5 соат вақтамро гирифт, ба хулосае омадам, ки нархи чипта аз 3400 то 3600 сомонӣ буда, нархи ҳар дӯкон аз 50 то 100 сомонӣ фарқ мекунад…

Билети Питер гаронтар аз Маскав!

Соат 10:15 дақиқа. Кунҷковиям бештар мегардад ва мехоҳам нархи чиптаи дигар самтҳои Русияро бифаҳмам ва ба хазинаи «Агентии алоқаи ҳавоӣ»-кассаҳои ягонае, ки аз замони шӯравӣ фаъолият мекарданду ҳоло низ бо ном ва шакли нав, аммо дар ҳамон бинои қаблӣ фаъоланд, медароям. Аз наздиктарин хазина нархи чиптаи Душанбе-Санкт Петербург-Душанберо мепурсам, шартан 10.10.2016-ро барои рафт ва 15.10.2016-ро барои омад бо парвози ширкати «Сомон Эйр» дархост мекунам. Ҷавонзани хазинадор парвози рафтро барои 9.10.2016 интихоб карда, нархи чиптаро 4000 сомонӣ муайян мекунад. Дубора хоҳиш менамоям, ки бароям тарифи арзонтаре пайдо кунад, зеро дар дастам пули зиёд надорам. 

Пас аз чанд лаҳза парвоз бо «Тоҷик Эйр» барои рӯзи 8.10.2016 ва бозгашт бо «Сомон Эйр» барои 15.10.2016 чипта меёбад, ки нархаш 3900 сомонӣ мешавад. Дар 2 кассаи дигар бошад нархи чиптаи рафту баргаштро дар ин самт то 4200 бардоштанд. Дар 1 бино нархи 1 хатсайр 300 сомонӣ (!) фарқ дошт. Дигар ёбу гир ин «1 бому 2 ҳавоиро»...

 Хатсайрҳои русӣ моро ғорат мекунанд!

Соат 10:25 дақиқа. Ба дӯкони ширкати ҳавопаймоии русии «S7» медароям ва нархи чиптаи рафту баргаштро дар самти Душанбе-Екатеринбург-Душанбе мепурсам. Нархи чиптаи рафту баргашт тавассути ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» барои рӯзи 10.10 – 16.10.2016...3200 сомонӣ мешудааст. Дар хазинаи дигаре, ки чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниро мефурӯхт, нархи билет ба ин самт 3100 сомонӣ буд. Нархи чиптаи ширкатҳои ватанӣ аз нархи ширкати русӣ 100 сомонӣ арзон аст! Ҳол он ки нархи чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ назар ба ширкатҳои тоҷикистонӣ бояд хеле арзон бошад, мисли оне, ки дар Қирғизистону Қазоқистон аст. Шояд ширкатҳои русӣ бо истифода аз зиёд будани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мусофирони асосии парвозҳоянд, нархҳои чиптаҳои хешро дар баробари тарофаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ нигоҳ медоранд!?

Ба ҷӯгиҳо билет нафурӯшед!

Соат 10:45 дақиқа. Ба дӯкони ширкати туристии «Зигана тур» медароям ва мехоҳам нархи чиптаро ба самти Душанбе-Краснодар-Душанбе, ки имрӯз пас аз самти Маскав яке аз хатсайрҳои серталаб аст, бифаҳмам. Ҷӯгизане бо кӯдаки худ нишастааст: калӯш дар по, пероҳани рангпаридаву пакети селофанӣ дар даст. Дилам барояш месӯзад, фикр мекунам гадоӣ мекунад, аммо...баъди чанд дақиқа ҷӯгӣ аз пакет планшет мебарорад, ба Вайбер ворид шуда, аз касе мепурсад, ки барои кадом рӯз чипта гирам? Баъдан аз пакет, ҳамён, кисаи кӯдак ва чанд ҷои маҳрамгоҳи худ 200 сомониву 100 сомонӣ бароварда, ҷамъ карда, чиптаи Душанбе-Краснодарро мехарад! Ба 1 тараф!!!

Ба ёдам ҳарфҳои бародари гиромӣ Сафват меояд, ки пайваста таъкид медорад «ҷӯгиҳоро ба Русия ҳамчун Тоҷик равон накунед, зеро онҳо обрӯи Тоҷику Тоҷикистонро мерезанд!»…Аз барои Худо, магар ин ҷӯгӣ-тоҷик Краснодар коркунӣ меравад? Кадом ҷӯгӣ дар кадом давру замон кор кардааст, ки инаш кунад? Нафурӯшед ба ҷӯгиҳо билет! Обрӯи миллатро барои 4 танга пули ҳароми даромад аз фурӯши чипта нарезед охир! Сафвати бечора аз обрурезии Тошканд менолад. Сафват-ако! Душанбе низ инҳоро Тоҷик штамп гузоштаву гурӯҳ-гурӯҳ гадоӣ-попрошайничество мефиристад, то бо паспортҳои Тоҷикиашон обрӯи давлату миллати моро боло бардоранд!!!

Нархи билети рафту омади Душанбе-Краснодар-Душанбе бошад тавассути ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» - рафт 1790 сомонӣ, баргашт 1340 сомонӣ!

 Дубай ва Истамбул ҳам гарон мешаванд

Соат 11:00 дақ. Аз кормандони хазинаи ширкати «Скай тур» нархи чиптаро ба самти Душанбе-Истанбул-Душанбе мепурсам. Нархи билети рафту баргашт 3430 сомонӣ, бо тахфиф-3420 сомонӣ ва ин ҳам бо парвози «Сомон Эйр»! Парвози ширкати «Туркиш эйрлайн» бошад барои рафту баргашт 3600 аст, бо тахфиф 3470 сомонӣ!

Нархи чипта ба самти Душанбе-Дубай-Душанбе бошад 3200 сомониро ташкил мекунад ва ин ҳам нархи ширкати «Сомон Эйр» аст, нархи чиптаи ширкати «Флай Дубай» ҳатман 200-300 сомонӣ гаронтар аст. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мусофир ҳасту мардум чипта мехаранд ва дар ин самтҳо низ бояд 1 моҳ қабл билет бигирӣ. Одатан чиптаи парвози рафт гаронтар ва баргашт арзонтар будааст.

 Билетҳои гаронтарини дунё дар ҶТ?

Ба ҳар дӯкони чиптафурӯшие, ки медаромадам, ҳатман мепурсидам, ки чаро чиптаҳо гаронанд? Ҷавобҳо бештар якхела буданд: гаронии нархи сӯзишворӣ, хизматҳои рӯизаминии фурудгоҳҳои парвоз, %-ҳои ширкатҳои чиптафурӯшӣ, андозҳо ва нигоҳдории вазъи техникии ҳавопаймоҳо. Дар 1 авиакасса ҳатто гуфтанд, ки маводи сӯхтро низ барои ҳавопаймоҳои Тоҷик бо...нархи Русия мефурӯшанд ва ин мавзӯест, ки мо дар шумораи оянда пайгирӣ хоҳем кард.

Мо метавонем!

М. Аминзода, СССР

 

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter