ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Октябр 2016 09:45

Босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз ҳам яке аз баҳсҳои доғ миёни муаррихони ватанӣ боқӣ монда, дар ироаи ин масъала андешаҳои мутафовит доранд. Иддае чун пештара босмачиҳоро роҳзану ғоратгар муаррифӣ кунанд, гурӯҳе онҳоро чун қаҳрамон ва муборизони роҳи озодӣ медонанд. Дастаи саввуми муаррихон низ ҳастанд, ки ба масъала нигоҳи беғаразона доранд. Аммо ҳама бар ин назаранд, ки атрофи босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ афсонаҳои зиёд бофта шудаанд.

Панҷшанбе, 20 Октябр 2016 09:31

21.10.1917. Гарнизони ҳарбии Петроград ба Ҳукумати мувақатӣ хиёнат кард ва ба тарафи Кумитаи Ҳарбии Инқилобӣ гузашт. Инқилоби болшевикӣ рӯз ба рӯз наздик мешуд. Дар ин Кумита болшевикон нақши асосӣ доштанд ва бо тарафдории гарнизон ба осони қудратро дар пойтахти Русия ба даст гирифтанд.

Панҷшанбе, 20 Октябр 2016 09:27

 

Соли дуюм аст, ки аз ҷониби клуби футболи “Барқ” бахшида ба гиромидошти хотираи Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон - Сӯҳроб Қосимов бо иштироки дастаҳои футболи ғайрикасбӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Сӯҳроб Қосимов муддати бештар аз даҳ сол (2002-2012) Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ дошт. Коршиносони соҳа ба давраи раҳбарии генерали марҳум (Худованд раҳматашон кунанд), назари нек доранд. Саҳми ӯро дар ҷорӣ намудани тартибу интизом дар футболи замони қумандонсолории тоҷик бесобиқа мешуморанд. Қобили қайд аст, ки дар ин давра, дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон низ дар мусобиқаҳои сатҳи мухталифи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани чанд дастоварди назаррас  ҳам ноил шудаанд.  Дар Осиё мақоми севумро ишғол карда, ба Ҷоми ҷаҳон-2007 байни наврасон роҳхат гирифтани мунтахаби зери 17 солаи Тоҷикистон аз баландтарин дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи роҳбарии Сӯҳроб Қосимов шуморида мешавад. Даста дар Ҷоми ҷаҳон байни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ иштирок карда,  шарафи футболи миллиро сарбаландона ҳимоя намуд ва то ҳанӯз байни аудиторияи калони футболи ватанӣ мухлисону ҳаводорони худро дорад. Ба ин тартиб, барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушду инкишофи футболи тоҷик, Сӯҳроб Қосимов 5-уми январи соли 2012 дар Конференсияи ҳисоботӣ интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки  дар меҳмонхонаи “Хаятт Реҷенси Душанбе” доир гардид, аз ҷониби Президенти тозаинтихоби Федератсия Рустами Эмомалӣ - Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон шуд.

 Ҳадафҳои мусобиқа

Ташкилу баргузории мусобиқаҳо дар кишвар ҳадафу вазифаҳои мушаххаси худро доранд. Низомномаи баргузории мусобиқаи имсолаи Ҷоми гиромидошти хотираи Сӯҳроб Қосимов бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа шуда, дар шаҳри Норак доир мегардад. Дар мусобиқа дастаҳои футболи гуногуни ғайрикасбии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ваҳдат   ва ноҳияҳои Ёвону Данғара иштирок мекунанд. Ҳадафҳои аслии мусобиқа – рушду инкишофи футбол байни ҷавонону наврасон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавияти футбол, дарёфти истеъдодҳои болаёқат, пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷалби мунтаззами онҳо ба бозии футбол,  дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон ва инчунин таъмини фароғати хуби сокинони шаҳр арзёбӣ мешавад.

Дар шумораи баъдиямон оиди рафти ин мусобиқа ва дастаҳои иштирокчии он матлаби муфассалтаре таҳия хоҳем кард.

Мо Метавонем!

 

           ФутболvsСССР

 

Чоршанбе, 19 Октябр 2016 16:31

Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар мавзӯи «Сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» баргузор гардид. Шаҳрдори Қурғонтеппа-Амирулло Асадулло иброз дошт,ки дар муддати 5 соли охир зиёда аз 3500 нафар оила барпо намудаанд, ки аз онҳо 542 нафарашон аз ҳам ҷудо шудаанд. Шаҳрдор  афзуд, ки тавре таҷрибаи ҳаёти ҷомеа, тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳад, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо чунинанд:

Сешанбе, 18 Октябр 2016 11:11

Қаҳҳорова Бибираҷаб-сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳамсараш дар пайи фишори равонии нозири минтақавӣ бемор шуда, баъдан вафот кардааст.

Сешанбе, 18 Октябр 2016 11:07

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, бахшида ба рӯзи Конститутсия  мусобиқаи кушоди футбол оғоз гардид.

Душанбе, 17 Октябр 2016 14:19

 

Бино ба иттилои шабакаи телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст..

Душанбе, 17 Октябр 2016 11:05

 Рӯзи 16.10.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе марди 24-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.

Гумонбаршуда,ки ҳамзамон сокини пойтахт будааст, рӯзи 14.10.с.2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, пинҳонӣ аз дохили сейфи фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймои ҶДММ “Агентии алоқаи ҳавопаймо” маблағи пулӣ дар ҳаҷми 16350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Чуноне ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 

СССР

 

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter