ХАБАРИ ДОҒ

БДА: дастур додем, танзим мешавад!

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

Мақолаи бо номи «Ёвон: сардори БДА-ро намебинем…» рӯзи17.02.2022 мақолаи мазкур дар ҳузури роҳбарияти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии шуъбачаи БДА ШВКД дар ҳамин ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифта, далелҳои дар ҳафтаномаи «СССР» нашр гардида, ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамарӯза бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирӣ  намудани  содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳайати шахсии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон тибқи нақшаи ҷобаҷогузории ҳайати шахсии БДА, ки дар асоси таҳлилҳои вазъи садаманокӣ ва интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ тартиб дода, аз ҷониби роҳбарияти ШВКД тасдиқ мегардад, ба хизмат сафарбар карда мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва масъулини ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти ҳайати шахсии БДА зимни хизматбарӣ дар дидбонгоҳҳо ва хатсайрҳои патрулӣ оид ба риояи қонуният, инчунин баҳри ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва нодуруст ташкил кардани таваққуфгоҳ  дар назди бозор ва марказҳои савдои ноҳияро таҳти назорати ҳамарӯза қарор дода, ҳайати шахсиро ба хизмат самаранок сафарбар намоянд.

А. Насимзода, Сардор, генерал-майори милитсия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter