Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин, тавассути ҳафтаномаи “СССР” таҳти унвони “Тоҷиксодиротбонк”: пасандозамро баргардонед!”, чунин иттилоъ медиҳад:
-Иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бинобар ғайри қобили пардохт гаштан ва иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои худ дар назди муштариён бозхонда шуда, тибқи ҳалномаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муфлис эълон гардид. Ҳамин тавр, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” баъд аз таъини мудири махсус аз ҷониби суд, талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва ҳамаи молу мулки ин бонк қонеъ карда мешавад.
Юсуфзода Ф. дар матлаби худ изҳори нигаронӣ кардааст, ки 7700 сомонӣ пасандозашро, ки соли 2015 дар филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Шаҳритус гузоштааст, гирифта наметавонад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мудирияти махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маълум гардид, ки аз ҷониби бонк қаблан баъзе суратҳисобҳое, ки муддати дароз гардиш надоштанд, аз ҷумла суратҳисобҳои шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин ба суратҳисобҳои ғайрифаъол гузаронида шудаанд. Айни ҳол, бақияи суратҳисобҳои мазкур аз ҷониби мудири махсус ба ҳолати аввала баргардонида шуда, пасандози Юсуфзода Ф. маблағи 9150,89 сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, талаботи амонатдорон, аз ҷумла шаҳрванд Юсуфзода Файзиддин аз ҷониби мудири махсус тибқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” аз рӯи тартиби қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки шаҳрванд Юсуфзода Ф. ҷиҳати гирифтани пасандози худ, бевосита ба мудири махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муроҷиат намояд.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон