ХАБАРИ ДОҒ

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб мақолаи “Кулоб:дуздӣ афзудаву малиса хоб...”-ро, ки дар рӯзномаи СССР таҳти №11-12 (704-705) аз 17.03.2022 нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Мо аз ҳамкорӣ ва робитаи шаҳрвандон ба хусус онҳое, ки дар бартарафсозии камбудиҳои ҷомеа ва сифат пайдо кардани фаъолияти хизматии кормандони милитсия пешниҳоду эродҳо доранд, шодем. Вале он чӣ ки муаллиф нигоштааст эҳсосу муболиға бештар мушоҳида мешавад. Модоме муаллиф аз содир шудани ҷиноятҳои пайдарҳами дуздӣ огаҳ бошад, хуб мебуд суроғаи ҷабрдидагон ва мавзеи ҷиноятсодиршударо пурра бо далел манзур мекард. Мутаассифона чунин нест. Чуноне дар навиштаҳои боло ишора шуд, ҷиноят содир мегардад, вале ошкорсозии он методу усулҳои махсуси оперативиро талаб мекунад. Чунки ҷинояткорон-гумонбарон низ бо маҳорату методҳои махсус ҷиноятро содир мекунанд то ошкорсозии кирдори онҳо осон ба даст наояд. Вале новобаста аз ин кормандони милитсия талош мекунанд, ҳар он кирдоре, ки бар зарари  аҳли ҷомеа ва молу мулки шаҳрвандон аст, сари вақт ошкор созанд.

Танҳо дар моҳи марти соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб зиёда аз 41 ҳолати ҷинояти дуздӣ содир гардидааст, ки гумонбарон махсусан пешсудшудаҳо аз манзилҳои зисти шаҳрвандон, аз дохили мағозаҳо, бозорҳо, корхонаҳо молу ашё ва маблағҳои шаҳрвандонро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф карда, ба соҳибмулкон зарарҳои гуногуни  молию моддӣ расонидаанд. Аз рақами зикршуда 22 ҳолати дуздӣ сари вақт кушода шуда, гумонбарон муайян ва дастгир гардиданд.

Ф.Қунғуротзода,
генерал-майори милитсия, сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter