ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 04 2019

25.11.2019. Соат ба вақти СССР 15:54 дақиқа. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, олими вораста ва дӯсти мо меҳмони редаксия шуд ва сӯҳбати мо сари сеҳру ҷоду қарор гирифт, ки имрӯз бисёр мадум, ба вежа занон ба он даст мезананду пеши фолбину рамл ва ҷодугарон мераванд. Ҳоҷӣ гуфт, ҳоло бонувони иззатманд мехоҳанд ину он ҷавонмардро ба худ сарду гарму хунук кунанд… Бачаҳо низ андак-андак мушоҳида мешаванд. Ман аз рӯи ҳадиси Пайғамбар мегӯям, на забони хеш. Эй мардум эҳьтиёт кунед, Муҳаммад (с.) гуфт:

-Ҳар мусалмоне бо нияти сеҳру ҷоду (хунукиву гармӣ низ аз сеҳранд!-Ҳоҷӣ Исмоил) пеши касе меравад ва ё барои сеҳру ҷоду рӯи коғазе чизе менависад, мекашад, номашро Аллоҳ Ҷалла Ҷалолаҳу аз дафтари мусалмонӣ хат мезанад!

Зимнан эҳтиёт бояд кард, мардум, эҳтиёт!

 

Чоршанбе, Нояб 20 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 72-сола аз деҳаи Туркироҷи ноҳияи Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям:

1.Имрӯз 12 ноябр асту ҳоло ҳам мо пенсияи моҳи октябрро нагирифтаем. Сабаб ва мушкил дар чӣ бошад? Дар Панҷакенти мо одат шуда, ё дуо рафтааст, ки ҳамеша нафақаи инмоҳаро 2-3 моҳ пас медиҳанд. Дар охир, тамоми мардум аз дӯкону мағозаҳо қарздор мемонанд…

2.Ба қарибӣ аз ТВ Сафина 1 барномаи муштараки Тоҷику афғон, ки «Садои дӯстӣ» ном дошт, намоиш дода шуд. Либоси зебои афғонии тоҷикдухтар ва ҷомаи тоҷикии афғонбача аз наздик будани расму оин ва меҳри 2 халқи ҳамзабон шаҳодат медод. Меҳмони асосии барнома сарояндаи маҳбуби мардуми афғон Амирҷон Сабурӣ буд. Мусиқиашонро намегӯӣ? Лек суол ин аст, ки чаро ромишгарони мо на либоси миллӣ доранду на заҳмат кашидан мехоҳанд? Чаро «ситораҳо»-и мусиқии Тоҷик ба чизи тайёр одат карда, танбал шудаанд? Интихоби матн магар мушкил аст? Мирзо Бедил дуруст фармуда:

Обила бар саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст,

Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд.

 

Чоршанбе, Нояб 06 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Сафаралӣ Бекмонов сокини рустои Оби Мукии ноҳияи Ёвон (тел: 93 411 91 74) дар меҳмонии СССР гуфт, мо-ҳамнаслони айёми тиллоии Шӯравии собиқ нек дар ёд дорем, ки пахтаро тиллои сафед мегуфтанду нефтро тиллои сиёҳ. Воқеан, чунин ҳам буд! Бовар мекунед, 90%-и аҳолии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳам РСС Ӯзбекистону Қирғизистон аз пушти пахтачинӣ зиндагиву рӯзгор доштанд ва касе аз ин заҳмат наменолид, баракс ҳама розӣ буд ва хушу хурсандона зери доираи идеологияи коммунистӣ мерақсиданду меболиданд. Дар 1 кг пахтаи советӣ 14 кг гандум медоданд. Имрӯз чӣ? Ҳоло пахтакор ҳосилро бо заҳмату масрафи зиёд ҷамъ меорад, лек намедонад ва ҳайрон аст, ки пахтаро ба кӣ ва бо чӣ нархе супорад, то хароҷотро пӯшонад. Ба қавли дигар, феълан пахта ба «тиллои сиёҳ» табдил ёфтаву нефт тиллои сафед шудааст!!! Дар дилхоҳ хлоппункт равед, нархи пахтаро аниқ намедонанд ва баҳои онро аз пеши худ мегузоранд ва мегӯянд: «Пахтаро супор, пулашро баъд мегирӣ!». Ҳоло 1 кг кунҷора воқеан 4 сомонӣ, равғани пахта 11-12 сомонӣ, пахта барои кӯрпаву болишт 12-15 сомонӣ… Боз менолем, ки барои чӣ нархи гӯшт хест? Яъне қимати пахта аз боло (мисли об!!!) лой мешавад. Дар мобайн бошад фақат деҳқон месӯзад!

 

Чоршанбе, Окт 30 2019

Мухбири мардумии СССР Ҷаббор Раҷабов аз шаҳри Кӯлоб дар меҳмонии СССР гуфт, ки шумо бовар мекунед, ман 6 бор шиноснома гирифтаам. Бори аввал октябри с.1968, ҳини дар Техникуми ба номи В.В.Куйбишеви н.Қӯрғонтеппа хондан. Ҳанӯз соли 1960 дар минтақаи Кӯлоб шиносномагирӣ мушкиле буд, хоса, ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот кору зиндагӣ мекарданд, бе “тағо” паспорт намедоданд. Ин ба хотири он буд, ки деҳотӣ вақте шиноснома гирифт, дигар аз пахтазор баромада, дар шаҳр кор меҷуст. Шиносномаи дуюмро с.1974 гирифтам. С.1976 паспорт иваз шуд. Он вақт дар шуъбаи хоҷагии қишлоқи Раёсати статистикии вил.Кӯлоб кор мекардам. Боз ба ивази 2 сӯм дастаҷамъона соҳиби шиносномаи нав шудем. Ҳамаи ин 3 паспорт намунаи шиносномаҳои замони СССР буд. С.2009 соҳиби паспорти 4-ум шудам. Лек ин намунаи паспортҳо рақам ва серияашон якхела, яъне фақат бо рақам навишта шуда буданд. Тахмин, 1 сол пас шиносномаи нави рақамаш сӯрохкардашуда баромад. Инашро ҳам 13.05.2012 гирифтам. Паспорти 6-ум, яъне пластикиро 27.07.2019 ба даст гирифтам. Дар давоми умр 6 маротиба паспорт ва 3 маротиба шиносномаи ронандагиро иваз намудам. Аз ҳама зиёд арзиши шиносномаи ронандагиро, ки декабри с.2017 гирифтам, хело гарон афтод: 430 сомонӣ! Ин ҳама ивазкуниҳои паспорт ва ҳуҷҷати ронандагӣ ба чӣ хотир аст?

 

Чоршанбе, Окт 23 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоолим Алимзода, аз ноҳияи Айнӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кутоҳ гуфтаниям:

1.Дар ҳама деҳаҳои наздимарзӣ 2 миллат-тоҷику ӯзбек аз қадим хешу таборанд. Тӯю маърака якҷоя мегузарад. Бо рафиқони наздики ӯзбек моҳе 1 бор «гаштак» дорем. Ҳар нафар аз миллати худ мефахрад, мисле ки ман аз Тоҷик буданам фахр мекунам, барои он, ки Имоми Аъзам Тоҷик аст. Мусалмонони ҷаҳонро савол диҳанд, ки маҳзаби киро дорӣ, мегӯянд: Имоми Аъзам! Ҷаноби Олӣ, муҳтарам президенти мо Тоҷик будани он касро ба оламиён муаррифӣ кард. Ҳама тан доданд.

2.Дар даврони шӯравии сотсиалистӣ мо коммунизм месохтем. Ба қавле аллакай сохта будем ва нафаҳмида мондем. Шоҳу гадо - ҳама баробар буд. Ҳарчанд, ки аз чорчӯбаи барқароркардаи партия берун гап задан ва рафтор кардан мумкин набуд, лек худро хушбахт ҳис мекардем. Табобат, таҳсил ройгон буд. Баъди хатми омӯзиш давлат ба кор таъминат мекард. Ҳоло чӣ? Ҳатто мактаби миёна, ки ҳатмист, бо пул аст. Дар бораи табобат ҷои гап нест. Пул надорӣ-касал нашав! Вассалом! Бо ин вуҷуд мо миллати пуртоқатем. Чӣ мушкилотеро паси сар накардем! 

 

Чоршанбе, Окт 16 2019

 

Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадшариф Давлатови 44-сола, сокини деҳаи Марғзори ҷамоати Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 919 01 91 61) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки банда аз соли 1993 ронандаи троллейбус ҳастам ва муддате аз ин кор канор рафта, ба сохтмон рӯ овардам. Соҳиби чандин ҳунар ҳастам. Ҳатто дар бунёди баландтарин парчам дар дунё – Парчами Душанбе, ки дар китоби реккордҳои Гиннес ҳам ворид шуд, саҳм дорам... Хуллас, аз сохтмон хаста шудаму хостам ба кори пешинаам-ронандагӣ гузарам. Бо ин ният 2 моҳ пеш ба Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе рафта, пеши роҳбар-Бегназар Саидов даромадам. Саидов ҳангоми суҳбат гуфт, ки “рӯзҳои наздик роҳҳо маҳкам мешавад ва мувақаттан коргаронро ҷавоб медиҳанд...”. Аммо гапи ӯ дурӯғ баромад. Зеро мушоҳида кардам, баъди ман даҳҳо нафарро дар ин корхона ба кор гирифтанду роҳҳо низ то ҳол кушодаанд! Пас барои чӣ дурӯғ мегӯянд? Барои чӣ рӯирост намегӯянд, ки “ҷои холӣ надорем”, то сарсону саргардон ва баумед нашинам? Хоҳиш мекунам, ки Саидов ба ин суоли ман расман посух гардонад.

 

саҳ 29 аз 62

Китобҳо

Flag Counter