ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 26 2020

Ҳамзаи Абдуссалом, сокини н. Кӯшониён ба идораи газетаи мардумии СССР дар вилояти Хатлон меҳмон шуда, аз рафтори дағалонаи кормандони БДА-и вилоят шикоят кард.

    -Ман зиндагиамро бо мусофиркашонӣ пеш мебарам ва нисбати хислат ва муомилаву муоширати кормандони БДА-и вилояти Хатлон арз дорам. Ман ва аксарияти мусофиркашони минтақаи ш.Бохтар ҳамеша дар роҳ ҳастем, лек кормандони БДА аксар вақт бе ягон асос моро манъ карда, дағалона сӯҳбату рафтор мекунанд, бо фишору зӯроварӣ ҳуҷҷатҳоро мегиранд, ки ин бар хилофи қонун аст. Тибқи қонун ҳар 1 корманди БДА ҳамарӯза бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳамон мавзеи дислокатсияашро дошта бошад. Лекин онҳо дар дилхоҳ ҷой ва ё мавзеъи махсус интихобкардаашон зери сояи дарахтон истода, аз пушт дурбинашонро гирифта мешинанд. Магар ин дуруст аст? Ман аз роҳбарияти РБДА ВКД хоҳиш дорам, ки ин масъаларо зери назорат бигиранд, зеро чунин кормандон обрӯ ва нуфузи БДА-ро мерезонанд.

Аз СССР: Бо ҳама иззат аз ронандагон, хоса таксистҳои самти Бохтару Кӯлоб гуфтанием, ки агар нозирони БДА набошанд, шумо ин шоҳроҳро ба мавзеъи ҷанги одамкуш табдил мекунед. Хулоса, хубатон мекунанд!!!

 

Чоршанбе, Авг 19 2020

Сайёд Ғаффор, шоири шинохта, мухлис ва дӯсти газетаи мардумии СССР меҳмони идора шуда, нахуст гуфт, ки 100 рӯз дар хона бемор хоб буду табибон на дардашро ёфтанду на давояшро.

- Дигар ин, ки дилам ба забони ноби тоҷикӣ имрӯз месӯзад, ки хеле масхарааш карданду боз ҳам мекунанд. Агар гӯям, ки забони тоҷикӣ ва имлои он аз замони шӯравӣ низ пайваста таҳриру дигар мешуд, хато намекунам. Аммо олимони имрӯза дар ин ҷода умуман гузарониданд! Ҳар 1 олиму ҳар 1 раисе, ки садри Кумитаи забон ва истилоҳот мешавад, ҳатман мехоҳад имлои забони тоҷикиро бо тарзи диди худ иваз кунад, то барои “реформа”-аш 4 танга ҷудо кунанду ӯ аз он истифода намояд. Ин аст, ки ҳоло намедонем ҳарфи “ӯ”-ро дар куҷо истифода кунему дар куҷо не, номи Зарринаро бо 1 ҳарфи “р” нависем ё ду ҳарфи “р”. Имлои нав ба нави забони тоҷикӣ, ки зуд-зуд тағийр меёбад, шеъру шеърнависиро вайрону адибонро ҳайрон кардааст! Ягон шоир, журналист, нависанда намедонад, вергулро куҷо гузораду ӯ чисту ӣ дар куҷо меояд ва ғ. ва ҳ. Нафаре ҳамкурси ман буду давраи донишҷӯияш бо хондани шеърҳои Гулрухсор дар маҳфилҳо ном бароварда, дигар хоки думушта саводе надошт, вале вақте ӯро дар садри яке аз кумитаҳои калидии забонии кишвар дидам,  талхаам кафид! Ӯ куҷову забондонӣ куҷо! Бас кунед, масхара ва таҳқири забонро. Забони мо ҳамонест, ки Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода менавишту бо он забон Ғафуров паспорти миллат-Тоҷиконашро нигошта буд!

 

Чоршанбе, Авг 12 2020

 

 Тағоймуроди Умаралӣ, нафақахӯр ва хонандаи доимии ҳафтанома меҳмони редаксияи газетаи мардумии СССР шуда, аз барҳам хурдани хатсайри №44 шикоят кард:

   - Пеш аз пайдоиши бемории COVID-19 хатсайри №44 аз ҷониби Мавлоно, Ҳалқазор ва Лоҳутӣ то охири ҷамоати Гулистон ҳаракат мекард. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки 2 моҳ боз аз ин хатсайр дараке нест. Ногуфта намонад бо фаъол будани хатсайри №44 мушкилии мардуми камбағал хело осон шуда буд. Акнун бошад ба ҷойи 1 хатсайр 2-то истифода мебарему ин ҳам бошад харҷаш аз ҳолати аввала 2 баробар гарон шудааст. Мо мусофирони доимӣ аз масъулини хатсайр хоҳиш мекунем, ки онро ба ҳолати аввалааш барқарор кунанд. 

 

Чоршанбе, Авг 05 2020

 

Ромини Муҳаммадамин, хонандаи синфи 7-уми мактаби миёнаи №30-и ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда, дар бораи то кай бо ниқоб гаштани шаҳрвандон пурсон шуд.

   - Мо имрӯз ҳама бо ниқоби тиббӣ ба кӯча мебароем. Куҷое наравем ҳатман ҳарорати баданамонро санҷида, дастонамонро бо маҳлули безараргардонӣ мешӯянд ва ин хуб аст. Вале ман 1 чизро намефаҳмам-мо то кай бояд бо ниқоби тиббӣ гардем? Чаро касе намегӯяд ва эълон намекунад, ки мардум то кадом моҳу рӯз бояд ниқоб истифода намоянд-то 1 ё 9 сентябр, то 1 ноябр ё 31 декабр? 

   Аз 17 августи соли ҷорӣ соли нави таҳсил оғоз мешавад, маълум аст, ки дар дарсҳо низ бо ниқоб хоҳем нишаст. Зеро чанд ҳафтаи ахири моҳи апрел дар мактаб чунин буд. Дар 1 синф аз 25 нафар хонанда зиёдем ва хоҳу нохоҳ маҷбур мешавем ба хотири тоза кардани ҳавои синф тирезаҳоро кушода, ниқобҳоро гирем-1 ниқобро бояд то 3 соат истифода кунем. Медонед ин чанд сӯм мешавад?  Дар чунин ҳолатҳо мо-хонандагони мактаб бояд чӣ кор кунем?

 

Чоршанбе, Июл 29 2020

 

Баҳриддин Қурбонов, сокини ш.Бохтар меҳмони редаксияи СССР дар вилояти Хатлон шуда гуфт, ки ман хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР ҳастаму 1 гуфтание дорам. 

   - Чанде пеш дар сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» 1 ҷавонеро барои бадахлоқияш аз ҷониби мақомоти интизомии ш. Душанбе боздошт ва пасон ҳабси маъмурӣ карданд. Барои ҷазо доданаш ӯро ба рӯбу чин ва тоза кардани кӯчаҳо фиристода, аксашро ҳам дар сомонаҳо гузоштанд. Зери акс чанд нафар навиштанд, ки ӯро бояд ба хизмати аскарӣ бурд. Аҷиб. Ҳой мардум, аскарӣ ҷойи ҷазо нест! Хизмати ҳарбӣ ин фахру қарзу фарз аст барои ҳар 1 ҷавонмард, ки бояд иҷро шавад. Мову падару бобоҳоямон барои ҳимояи давлатамон хизмати аскариро ба ҷо овардем, то ин ки ин барин ҷавонҳо ором хоб раванд. Хуб мешуд аз ҷониби мақомоти дахлдор нафароне, ки чунин андеша доранд, барои «ҷазо» ба хизмат бурда шаванду худ бифаҳманд, ки ҳимояи марзу бум чист! Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Июл 22 2020

 Аминаи Сироҷзода, корманди Муассисаи давлатии Мактаби Варзишии н.Файзобод ва хонандаи Газетаи мардумии СССР меҳмони ҳафтанома шуда,  чунин пешниҳод намуд. 

   - Мо дар ш.Душанбе вақти таҳсил ҳар рӯз аз микроавтобусҳо истифода мекунем. Солҳои охир чандин намуди воситаҳои нақлёти истифодаи умуми наву замонавӣ ба пойтахт ворид кардаанд. Микроавтобусҳои нав ба куллӣ аз пештара фарқ мекунанд. Мисоли оддӣ: намунаҳои ҳозира дорои кондитсионер буда, курсиҳояш низ бароҳат ва қулай аст. Аммо имрӯз ман дар ягон микроавтобус намебинам, ки кондитсионерҳояш фаъол бошад. Мисли пештара дару тирезаҳоро кушода мондаанд. Ҳатто вақти ҳаракат. Ман намедонам, ки барои чӣ чунин мекунанд. Чаро дар фасли тобистон нисбат ба мусофирон ҷабрро раво мебинанд? О, ҳамон завод ба хотири нигоҳ доштани ҳавои муътадили дохили нақлиёт таҷҳизоти хунукдиҳандаро насб кардааст-ку…

 

саҳ 25 аз 62

Китобҳо

Flag Counter