ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 07 2020

 Хонанда ва муаллиф доимии “СССР” Умедҷони Амонӣ меҳмони редаксия гардида, дар бораи бенизомии таксиҳои вилояти Суғд суҳбат намуд. 

   - Аксари ронандагони таксиҳои ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ худсарона нархи роҳкироро баланд намудаанд. Ҳарчанд мувофиқи қарор нархи роҳкиро аз маҳаллаҳои атроф то маркази ноҳия 3 сомонӣ муқарар шуда бошад ҳам, таксиҳо аз мусофирон 4 ё 5 сомонӣ талаб мекунанд. Агар пурсӣ, ки чаро 5 сомонӣ, гароншавии нархи сӯзишворӣ, таҷҳизоти хунукдиҳӣ (кондитсионер) ва боз сад баҳона мекунанд. Илова бар ин дар қисме аз микроавтобусҳо ва таксиҳо, ки аз маркази ноҳия ба деҳаҳои атроф мераванд оддитарин қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемории COVID-19 риоя намегардад. Масъулин мебояд дар ин самт бештар фаъол бошанд.

 

Чоршанбе, Сен 30 2020

 Вайсиддин Шамсов, хонанда ва муаллифи доимии Газетаи мардумии “СССР” аз шаҳраки Оби гарми ш.Роғун меҳмони идора шуда, аз он шикоят кард, ки ба матлабҳои танқидияш роҳбарияти шаҳр вокуниш намекунанд.

   - Аз соли 2016 инҷониб гоҳ-гоҳ барои газетаи “СССР” мақолаҳои проблемавӣ менависам. Аммо ё дар МИҲД ш.Роғун ё газета намехонанд ва ё ба мушкилот аҳамият намедиҳанд, ки ягон вокуниш нест. Дар рӯзнома мехонам, ки раисону вазирон ба матлабҳои интиқодӣ пайваста ҷавоб мегардонанд, аммо вокуниши раиси ш.Роғун Музаффар Сулаймонзодаро гоҳе надидаву нахондаам. Раисони имрӯз Фаромони №622 нодида мегиранд, лек проблема ҳаст ва дар бораи он бояд гуфту навишт, то ҳал шавад. Касеро дар ободиву оромии Тоҷикистони гул-гул шукуфон ғам нест, ӯ ё одам нест ё аз ин олам нест!

 

Чоршанбе, Сен 23 2020

Муслима Бекова, сокини ш. Душанбе ва хонандаи доимии газета меҳмони редаксия шуда, гуфт, ки аз рӯзи аввали соли нави хониш дар мактаб аз талабагон пулҷамъкуниро сар кардаанд.

   - Ҳоло дар ҷаҳон пандемия эълон шудаву вазъияти иқтисодӣ он қадар хуб нест. Падару модарони мо низ қисман бекору бемаошанду боз дар мактаб аз мо пул ҷамъ мекунанд. Барои иҷораи китоб, барои таъмир, барои шикасту рехти мактаб-мо мактабачагон ин қадар маблағи зиёдро аз куҷо пайдо намоем? Оё аз тарафи раёсату шуъбаҳои маъориф барои мактабҳо барои чунин эҳтиёҷот маблағ ҷудо намешавад? Тибқи мушоҳидаҳо на танҳо дар мактаби мо, балки дар чандин муассисаҳои дигар низ муаллимон аз шогирдони худ пул ҷамъ мекунанд: ин пулҷамъкуниҳо дар мактаб кай ба охир мерасанд?

 

Чоршанбе, Сен 16 2020

 Момаи Маликабону Давронова, сокини н. Айнии вилояти Суғд меҳмони редаксия шуда гуфт, сароғоз СССР-и мардумиро бо зодрӯзаш, яъне 09.09.08 табрик мекунам ва афзуд:

-Ҳама газетаҳоро мехонам, зеро раҳматии шавҳарам худ аввал журналист буданду баъд чандин сол бо ҳам дар даврони советӣ дар мулки Яман кору фаолият мекардем. Вале СССР ростӣ дигар аст, воқеан газити мардумист. Дар хоки потон мурам, мутаассифам, ки худам илми олӣ надорам, вале дунёро дидаам, пурхонам ва 1 чиро мегӯмтон. Дар мо масале ҳаст, ки «Мардум рама шуд ҳар буз серка гашта, худро пешво мехонад». Солҳои 1990 чунин шуд. Куҷое бузе буд, лидер шуд, мардумро ба майдондорӣ кашид ва мардум рама шуда, аз паси ин серкаҳои ношуд ба ҷарие уфтод, ки даҳҳо миллиард зарар овард, ҷанг сар шуд, корхонаҳоро ғорат карданд, миллат қариб нест шуд. Шукри Худо, ки имрӯз ба тинҷиву амонӣ расидаем ва ба мардум гуфтаниям, ки аз пушти серкаҳои хориҷӣ, ки имрӯз даъвои пешвоӣ доранд, наравед. Кӯр 1 бор асо гум мекунад, ки мо кардем. Тинҷу осоишта ватанро обод кардан лозиму атрофи Президенти худамон сахт ҳамдил шудан лозим. Иншооллоҳ, ба рӯзҳои беҳтару нектар мерасем. Зеро Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, Сен 10 2020

Тахмина Мирзоева, сокини н.Рӯдакӣ меҳмони СССР шуда, аз вазъи бозорчаи «Яккачинор» шикоят кард.

   - Бо ҳамкурсам ба бозори «Яккачинор» рафтем. Бозор хело серодам буду ҳавои  дохили бозор ҳам гарм. Сару либоси савдогарон ба талаботи имруза ҷавобгӯ набуда, нархи маҳсулоти хӯрока, сабзавот, меваҷот нисбати бозорҳои дигар хеле гарон ба чашм мерасид. Руйи ҳама намуди маҳсулоти хӯрока ва сабзавот кушода,  мардум парвои тозагиву паҳншавии бемории сироятиро надоштанд. 

Чаро бозорҳои пойтахт, алалхусус вазъи санитариву эпидемиологии он, тарзи фурӯши маҳсулоти хӯрока ҷиддӣ назорат намешавад? Оё ниҳоде барои риоя накардани талаботҳои санитарӣ фурӯшандаеро ҷарима кардааст? Аз рӯи хунукназарии тоҷирону фурӯшандагон ба куҷо бояд шикоят кард?

 

Чоршанбе, Сен 02 2020

Нурулло Иброҳимов, сокини совхози Нушори ноҳияи Тоҷикобод меҳмони редаксия шуда гуфт, ҳар шумораи газетаро хонда, ба кормандони он барору комёбӣ орзумандам.

   - Семоҳа будам, ки оилаи мо аз Рашт омада, дар Чептураи Шаҳринав муҳоҷир гашт. Пас аз хатми мактаб солҳои тӯлонӣ дар заводҳои пахта ва консервабарории ноҳия кор карда, ба нафақа баромадам. Аз соли 2020 нафақахӯр буда, нафақаам 200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нороҳат нестам ва шукрона ҳам мекунам, зеро ҳарчӣ давлат ҷудо мекунад бо ҳисобу китоби худи ӯст. Шукронаи фарзандон рӯзгор ҳам мегузарад. Ман мухлиси газетаи СССР ҳастаму ҳар шумораи онро  мехонам, хусусан аз навиштаҳои шумо Сайёфҷон ҳаловат мебарам. Ба сардабири СССР Сайёфи Мизроб ва дигар кормандон умри дароз ва барорро хоҳонам. СССР-ҳамдаму ҳамрози мо нафақахӯрон мебошад.

 

саҳ 24 аз 62

Китобҳо

Flag Counter