ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 08 2020

Акобир Шарифов, донишҷу аз ш.Душанбе меҳмони ҳафтанома гардида, аз мушоҳидаҳояш ҳангоми сафар ба зодгоҳ қисса кард.  

    - Чун ҳарвақта рӯзҳои шанбе баъд аз дарс ба хонаи худамон ш.Ҳисор меравам. Ин ҳафта низ чун ҳамешагӣ ба мусофиркаше, ки навбаташ расида буд, нишастам. Мошин ҳаракат кард ва ронанда ба қафо нигариста гуфт, ки ягонтоатон роҳкироро ҷамъ намоед. Ҳамин лаҳза ҷавоне, ки дар паси ронанда ҷой дошт, бо овозои баланд гуфт: “Ҳоҷӣ ма хдм ҷамш мекунум”.

Ман хомӯш ба ҷавоне, ки роҳкиро ҷамъ менамуд нигоҳ мекардам. Дар рӯ ба рӯи ҷавон марди нафақахӯре нишаста буд. Ӯ аз ҷавон пурсид:-Бачам ягон ҷо мехонӣ ё кор мекунӣ? Ҷавон, ки шояд мунтазири касе буд, ки бо ӯ гап занад бо як саросемавӣ ва бо як оҳанги тунде ҷавоб гардонд: “-Э не ҳоҷӣ, хонда чи мешай, и хондан ҳамаш дурӯғай. Таға надошта бошӣ ай дастут ҳичӣ намеёя”.

Аз ин ҷавобаш диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Муйсафед бошад як табассуме намуду гуфт: “-Эҳ бачам ҳоли ту ёшӣ ай куҷо мефаҳмӣ. Чӣ иқа одамо тағо доранд, ки мехонанду кор мекунанд. Вақте, ки одам соҳибмаълумот бошаду меҳнату заҳмат кашида илм омӯзад ҳеҷ гоҳ ба касе мӯҳтоҷ ва дар зиндагӣ хор намешавад”. 

 

Чоршанбе, Июл 01 2020

 

Ҳайбатулло Шодиев, сокини ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда гуфт, ки ман аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ умуман розӣ нестам. 

   - Тули 3 ҳафта шабу рӯз кор карда, 250 сомониро пайдо намуда, бурда ба банк супоридам. Аз сабаби оне, ки писари ман гуруҳи буҷетӣ ҳуҷҷат супоридааст, аз имтиҳон нагузашт. Акнун маблағи маро кӣ бармегардонад? Маркази миллии тестиро ба хотири бартараф кардани пораву воситабозӣ таъсис дода буданд, аммо мушоҳидаи чандсола нишон медиҳад, ки ин омилҳо бартараф нагаштанд.    Солҳое, ки мо ҳамчун донишҷӯ ба донишгоҳои давлатӣ дохил мешудем,  муаллимони давраи шуравӣ лаёқати моро низ ба назар мегирифтанд. Ҳоло чӣ? Намедонӣ кӣ аз имтиҳони ММТ мегузараду кӣ не? Шаффофият вуҷуд надорад. . Дар робита ба ин ман 1 пешниҳод дорам: агар имконият бошад пеш аз дохил шудани довталаб муаллимон ва ё мутахассисон бо онҳо алоҳида суҳбат намуда, аз лаёқату саводнокиашон ба таври шифоҳӣ воқиф гарданд.

 

Чоршанбе, Июн 24 2020

Қодир Қодиров, сокини ноҳияи Деваштич меҳмони редаксияи газета шуда, нахуст гуфт, ки саломи худро ба ҳамаи  дӯстдорони газетаи СССР мерасонад. Пасон бо алам иброз намуд, ки амонати дар шуъбаи амонатгузории “Агроинвестбонк”-и ш. Хуҷанд дар соли 2016-ум мондаашро то ба ҳол гирифта наметавонад.

   - Миқдори умумии амонати ман 9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ҳамон рӯз то ин ҷониб бонки “Агроинвестбонк” наметавонад  маблағи маро бозпас диҳад. Борҳо ба номи раиси бонки мазкур Муродалӣ Алимардонов аризаи шикоятӣ навишта будам, вале бенатиҷа. Агар М.Алимардонов пул надошта бошад, пас галаи аспону чорвои беҳисоб дорад, онҳоро фурухта, пули мардуми амонатгузорро баргардонад! 1 аспаш пули ман мешавад. Вале ин пул маро 4-сол шуд, дарбадар кардааст. Инсоф дорад, ин мардак?! Вазъият дар ҷаҳон рӯз аз рӯз бадтар шуда истодаасту мабодо Алимардонов ба ҳамин бемории коронавирус гирифтор шуда аз олам чашм пӯшад, пуламро, ки ба ман бозпас медиҳад? Ман фардо рӯзи қиёмат ҷои ин пул аз Алимардонов эмонашро талаб мекунам ва барои ин ҳаққу ҳуққ дорам! Мо Метавонем! 

 

Чоршанбе, Июн 17 2020

Файзуллоҷон Сафаров, сокини ш.Душанбе ва устоди ДМТ ба идораи редаксия меҳмон шуда, гуфт, ки дар Аврупо ҷавонон вақтии холи хешро танҳо дар мутолиаи китобҳо сарфа менамоянд. 

   - Аммо дар мо чӣ? Ҷавонони мо вақте, ки дар дасташон китобро мегиранд фишорашон ба боло мехезад. Ман чандин маротиба бо ин гуна ҷавонон ру ба ру шуда аз онҳо мепурсам, ки барои чӣ ба китоб хондан шавқ надоред, охир китоб ояндаи дурахшони шумо мегардад. Аммо дар ҷавоб мегуянд, ки мо хонем ҳам дар оянда ҷойи кор пайдо карда наметавонем ва агар ҷойи корам, ки ёфтем, солҳои зиёд кор кунем ҳам маоши хуб намедиҳанд. Ҷавонони мо ҳадафашон танҳо дар зан гирифтан, мошини нав харидан, худ намоишдиҳиву пулдорӣ аст. Ҳар нафаре, ки ҳадафи зиндагиашро танҳо дар пул гузорад, шикаст мехурад.

 

Чоршанбе, Июн 10 2020

 Мирсаид Сатториён, сокини ш. Душанбе меҳмони газета шуда, гуфт, ки сӯистифода аз вазъияти машаққатборе, ки имрӯз фарогири тамоми оламиён шудааст, нархи маҳсулот ва бархе аз хизматрасониҳо ба фарқи осмон рафта расидааст. 

- Дар ин роҳ бисёриҳо қиёфаи худро нишон дода, исбот карданд, ки чашмгуруснаанд. Бешак, ин вирус ба зудӣ аз кишвари мо меравад. Аммо хиёнати баъзе аз тоҷирон дар ин росто дар баробари ҷонфидоиҳои шабонарӯзии фариштаҳои сафедпӯш аз зеҳни ин миллат асло фаромуш нахоҳад  шуд. Зеро ин амале, ки махсусан баъзе аз тоҷирони чандин дорӯфурӯшиҳо кардаанду то ҳол давом дода истодаанд, ба доираи инсонӣ рост намеояд. Баъзе аз тоҷирони ришдори бозорнишин бо китфу бозуи барҷаставу ба қавле фуки чухт “моем мусалмонони ҳақиқӣ” гуфта, чанд бор зиёрати хонаи худо рафтаанд, вале сад афсӯс, ки  танҳо дар либос мусалмон будаанд. Ҳар он тоҷир ё дигар шахсе, ки дар ин вазъият нархро баланд мекунад, ғайриинсон ва хоини миллат аст, зеро чунин амали пастро ҳатто душман раво намебинад. Кишварҳои ҳамсоя ин қадар дасти кумак дароз доранду баъзе тоҷирони худӣ дасти ғорат ба кисаи мардум.

Чоршанбе, Июн 03 2020

 Одинамоҳ Эмомова, сокини н. Фархор меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда гуфт, ки дар ҳамаҷо овоза паҳн шуда истодааст, ки гуё баъди иди Рамазон дар ноҳияи Фархор сатҳи беморони коронавирус дучанд зиёд шуда, фавтидагони ин беморӣ қариб ба 800 нафар расидааст. 

Аммо ман, ки сокини ин мавзеъам, ба мардум гуфтаниям, ки  ин дурӯғи маҳз аст, зеро ман худам баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо махсусан аз беморхонаҳои н.Фархор гузашт намуда, бо табибон ҳамсуҳбат гаштам. Маълум шуд, ки зиёда аз 280 нафар беморони коронавирус шифо ёфта, 5 нафари дигар дар беморхона дар карантин хобанд.  Худо хоҳад онҳоро низ баъди 2-3 рӯз аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Ҳамаи овозаҳо дуруғ аст-дуруғи беасоси баъзе аз нафарони сафсатаҷӯ, ки ҳадафашон танҳо ба таҳлука даровардани мардум мебошад. Шояд соате расида, ки ин дурӯғгӯёнро расман, ҳамчун аптекачиҳо доштаву тариқи ТВ нишон дода, сипас ҷазо диҳем? Чӣ гуфтед???

Аз СССР: Чӣ ҳам мегуфтем. Беҳтарин пешниҳод. Дурӯғгӯйро рӯш дар 2 ҷаҳон сиёҳ аст, пас чаро мо ин рӯи сиёҳро ба намоиш нагузорем? Мо Метавонем! 

 

саҳ 26 аз 62

Китобҳо

Flag Counter