ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 27 2020

 Алифамоҳ Ҳикматова, сокини деҳаи Ғаллаободи Фахробод ба редаксия омада, гуфт, ки ба хотири фарзанддор шудан бо шавҳарам дари тамоми беморхонаҳоро кубидему қариб 10 ҳазор доллари ИМА ба хотири муолиҷа харҷ кардем. Ҳатто ба шаҳри Москва сафар намуда, тули чандин моҳ худро табобат кардем, лекин фоидае надидем.  Ҳамдеҳагонамон ҳар рӯз ба ман таслият карда, мегӯянд, ки фарзандони мо аз шумост-ку ҳамсоя. Ҳамин, ки фарзандони моро нағз тарбият карда, дар ҷомеа саҳмгузорашон кардаед, басанда аст. Бо фарзандони ҳамсоягон ва инчунин 2 дӯструякони бародари шавҳарам рӯзи дароз якҷо сурудхонӣ намуда, ба онҳо китобхонӣ, одобу ахлоқ, муошират бо калонсолон ва инчунин кору бори хона ва парвариши гулу бутаҳоро меомӯзонам. Бо кумаки онҳо кам-кам аз фикри бефарзандӣ дур мешавам. Вале 100 накунӣ, фарзанди худат дигар аст. Ҳоло ба мардум гуфтаниам, ки аз коронавирус натарсед, гузаранда аст, ман дарди бефарзандиро паси сар кардам, ки он вазнинтар будӣ...

 

Чоршанбе, Май 20 2020

Раҳмон Неъматов, сокини ш.Душанбе дар меҳмонии СССР иброз намуд, ки ҷаласаи видео-селекторӣ дар назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроро тамошо карда, аз тасмими мардони шуҷоъи Ватан, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии кишвар, ки 50 % музди маоши худро ҳамчун кӯмак ба фонди “Маблағгузории пандемияи COVID-19” гузаронанд, басо масрур гардидам. Ин иқдоми наҷиби вазирро ман ҳамчун собиқ корманди обутобёфтаи ин мақомот қобили қабул дониста, дар пайравӣ ба Вазири мӯҳтарам  Раҳимзода Р.Ҳ. барои кӯмак ба миллати сарбаланди худ, аз ҳисоби нафақапулиям 1000 сомонӣ ба фонди маблағгузории “Пандемияи COVID-19” мебахшам. 

Аз тамоми он нафароне, ки имконияти иқтисодӣ доранд, даъват карда, мегӯям, ки ин иқдоми наҷибро дастгирӣ намуда, ба хотири солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Ба кулли мардуми ҷаҳон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин вазъияти фоҷиабор тансиҳатӣ, хонаободӣ ва ҳарчи зудтар аз байн бурдани бемории маргбори “Пандемияи COVID-19”- ро хоҳонам. Ҳамеша сарбаланду тансиҳат бошед, сокинони бо нангу ори Ватан ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон! 

 

Чоршанбе, Апр 22 2020

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии рӯзнома Таманно Камолзода меҳмони газетаи СССР шуда, бо алам  гуфт, ки имрӯз мардум аз фаъолияти фурӯшандагони дорухонаҳо рӯзгори сахте доранд:  -Ошкор мегуям, ба кулли он савдогароне, ки худро ҳамчун миллати мусалмон эътироф кардаед, шарм ба шумо! То ин ҳад беимон будани бархе аз савдогарони мусалмонро дар ягон минтақаи руйи олам надида будам. Шумо савдогарон, ки худро мусалмон шуморидаву нархномаҳои ниқобҳои тиббиро аз 2, 3, 5, 17, 15, 24 то 25 сомонӣ  ба фуруш гузоштаед, шарм намедоред магар? То ин ҳад беинсофӣ нисбат ба ҳаммиллати хеш гуноҳи кабира нест магар? Ба фикрам вақти он шуда, ки Хадамоти марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳатто Кумитаи амнияти миллӣ пеши роҳи чунин доруфурӯшонро гиранд. Вагарна фардо дер хоҳад шуд!

 

Чоршанбе, Апр 15 2020

Зарина Шофиева, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идораи ҳафтанома ташриф оварда, аз гароншавии нарху навои хизматрасониҳои шабакаҳои мобилӣ шикоят намуд. 

Ӯ дар суҳбат гуфт, ки имрӯз итернет ва телефонҳои мобилӣ яке аз воситаҳои асосии муошират байни одамон ба ҳисоб мераванд. Кишварҳои ҷаҳон сол то сол имкониятҳояшонро зиёд ва нархҳояшонро пастар карда истодаанд. Аммо чанд рӯзи охир дар кишвари мо ширкатҳои мобилии “Тсел” ва “Мегафон” бо кадом сабаби номаълум тарофаҳои мобилии муштариёнро бе розигии онҳо иваз мекунанд. Норизоии мардум дар кӯча, назди идораи ширкатҳои мобилӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Вақте ба назди идораи ширкати мобилӣ меравӣ ё занг зада роҷе ба ин масъалаҳо пурсон мешавӣ, касе ҷавоби аниқ намедиҳад. Бархе аз муштариён, бахусус, калонсолон аз интернет зиёд истифода намебаранд ва барои онҳо тарофаҳои пешин каму беш ҳам бошад, қуллайтар буд, чунки дар он тарофаҳо дақиқаҳо барои зангҳои дохили шабака ва берун аз шабака  бештаранд. Айни замон баракс, бар ивази дақиқаҳо мегабайтҳои интернетиро зиёд кардаанд. Бар замми ин, аз муштарӣ барои пайваст шудан ба тарофаҳои нав, ки дар асл намехоҳанд онро пайваст намоянд, маблағи бештар ситонида мешавад. Бигзор муштарӣ худаш имконияти интихоб дошта бошад, на ин ки мардумро маҷбуран дикта кунанд, ки кадом тарофаро гирад!

 

Чоршанбе, Апр 08 2020

 

Норхолой Туллаева, донишҷӯи ДМТ ба идораи ҳафтаномаи СССР омада иброз дошт, ки вақте талабаи мактаб будам, дар дил орзуи донишҷӯ шуданро мекардам ва дар бораи донишгоҳу донишҷӯӣ чи тасаввуротҳо доштам. Дар донишгоҳ таҳсил кардан дар назарам кори пурмашаққате буд. Вақте ба донишгоҳ дохил шудам на ҳама андешаю тасаввуротҳоям дуруст баромад. Соли 2018 дар факултаи журналистикаи ДМТ таҳсилро оғоз кардам. Фикр мекардам, ки ҳамаи факултаҳои донишгоҳ ба монанди факултаи журналистика аст, яъне дар факултаи журналистика нисбат ба баъзе факултаҳои дигар порахӯрию ришвагирӣ дида намешавад. Ҳамроҳи ман дар иҷора духтароне меистанд, ки дар дигар факултаҳо таҳсил мекунанд.  Духтарон мегуянд, ки ҳангоми рейтинг баъзе устодон аз 30-50 сомонӣ сар карда, аз донишҷӯён маблағ талаб менамоянд. Ростӣ, ҳангоми шунидани чунин порахурию ситонидани маблағ аз донишҷӯён, дилам ҳам ба донишҷӯ ва ҳам ба ояндаи кишварамон месӯзад. Вақте донишҷӯ барои гирифтани холи баланд ба устод маблағ месупорад, дилаш пур ва дар рафти дарс бозӣ карда мешинад. 

Афсӯс, ана ҳамин аст аҳволи таҳсил дар кишвари мо. Бо ин ҳол, бо чунин усули таҳсил ояндаи ин ҷавонон, ояндаи давлати мо чӣ мешуда бошад? Оё бо чунин саводу маърифатнокӣ ин донишҷён, ин ояндаи миллат, ин кадрҳои ҷавон дар пешравии давлату миллатамон чӣ саҳм мегузошта бошанд?

 

Чоршанбе, Март 18 2020

Афзалшоҳ Шодӣ, санъаткор, сароянда ва устоди бузурги саҳнаи тоҷик ба меҳмонии ҳафтаномаи СССР омада, занону бонувони редаксияро бо фарорасии баҳор ва иди модарон табрику таҳният гуфт. Мавсуф ба ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён омадани баҳорро табрик намуда, гуфт, ифтихор аз он дорем, ки кишвари ободу осудаи мо боз ба 1 баҳори дигар расид ва бояд зи баҳор шукр гуем. “Маро доимо мепурсанд, ки акаи Афзалшоҳ, шумо аз вазифа рафтед-ми?”, гӯё ман ягон вазифаи бисёр баланд доштам. Вазифа ҳамин буд, ки ба ман бовар карда доданд, 5-6 сол роҳбарӣ карда обод кардам, то тавонистам, акнун бас, боз каси дигар пеш барад корро. Боз ман эҷод намоям, баҳри миллату давлат хизматро давом диҳам. Ба миллати худ, ба мардуми кишварамон, ба сарвари давлат ташаккур, ки ба ман бовар намуда, ин вазифаро ба ман вогузор карданд. Худоро шукр, ки мо дар фазои орому осуда зиндагонӣ мекунем. Зинда бод ҳамин давлат, ҳамин миллату ҳамин халқ ва ҳамаи он тоҷиконе, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд. Бигзор онҳо низ куҷое набошанд, бо Тоҷикистони азиз ифтихор кунанду ҳамеша сарбаланд бошанд. Куҷое набошанд бою бодавлат шаванду ба ватан баргашта, хонаю ватани худро обод кунанд. Ҳамеша ҷавон бошеду монед, агар ҷавониятон ҳам равад, ба гуфти хуҷандиҳо секин-секин равад!

 

саҳ 27 аз 62

Китобҳо

Flag Counter