Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 72-сола аз деҳаи Туркироҷи ноҳияи Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям:
1.Имрӯз 12 ноябр асту ҳоло ҳам мо пенсияи моҳи октябрро нагирифтаем. Сабаб ва мушкил дар чӣ бошад? Дар Панҷакенти мо одат шуда, ё дуо рафтааст, ки ҳамеша нафақаи инмоҳаро 2-3 моҳ пас медиҳанд. Дар охир, тамоми мардум аз дӯкону мағозаҳо қарздор мемонанд…
2.Ба қарибӣ аз ТВ Сафина 1 барномаи муштараки Тоҷику афғон, ки «Садои дӯстӣ» ном дошт, намоиш дода шуд. Либоси зебои афғонии тоҷикдухтар ва ҷомаи тоҷикии афғонбача аз наздик будани расму оин ва меҳри 2 халқи ҳамзабон шаҳодат медод. Меҳмони асосии барнома сарояндаи маҳбуби мардуми афғон Амирҷон Сабурӣ буд. Мусиқиашонро намегӯӣ? Лек суол ин аст, ки чаро ромишгарони мо на либоси миллӣ доранду на заҳмат кашидан мехоҳанд? Чаро «ситораҳо»-и мусиқии Тоҷик ба чизи тайёр одат карда, танбал шудаанд? Интихоби матн магар мушкил аст? Мирзо Бедил дуруст фармуда:
Обила бар саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст,
Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд.