ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 06 2017


Абдурасул Сатторов, устоди хизматнишондодаи варзиши СССР (тел: 919 73 00 02) дар меҳмонии СССР гуфт, ки с.1989 бо қарори раиси вақти н.Фрунзе-А.Ярматов барои сохтмони хона 10 сотих замин ҷудо карданд. Ман атрофи заминро маҳкам карда, дар он 1 хона бо долонаш сохта, беш аз 100 адад дарахти мевадору сояафкан шинондам… Соли 2013 шаҳрвандон Шарипов Дилшод, Маҳмадуллоев Беҳрӯз, Саидбеков Анвар, Солиев Шавкат… бо роҳу фиребу фишороварӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳавлии ман худсарона ворид шуда, тамоми дарахтонро буриданд, хонаҳоро валангор карданд, истгоҳи таҷрибавии барқи шамолиро шикастанд, автомобили боркаши ЗИЛ-157Д-ро, ки барои сохтани электромобил мувофиқ карда будам, дар чуқурии 4 метр партофта, гӯр карда, корношоям гардониданд. Онҳо ба ман дар маҷмуъ 1 млну 800.000 сомонӣ зарари иқтисодӣ ва маънавӣ расонида, бештар аз номи мансабдорон ба ман гап зада тарсонданианд. Дар натиҷа, аз зарбаи рӯҳии гирифтаам 5 бор дар шуъбаи кардиологияи беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудам. Аз мақомоти дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ба мушкили ман расидагӣ кунанд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Панҷшанбе, Июн 29 2017


Исфандиёр Сафаров (тел: 93 930 68 38) аз н.Файзобод меҳмони СССР шуд ва гуфт, рӯзи 17.03.2017 ба хонаи мо 3 нафар бо сару либоси ғайринизомӣ бе муаррифӣ писарам-Дилҷӯро пурсон шуданд. Вақте Дилҷӯ наздашон омад, бе пурсуҷӯ ба дастонаш завлона зада, ба мошини сабукрав савор карданд. Аз онҳо пурсидем, ки кистанду чаро писари моро бе ягон сабаб баста мебаранд, яке гуфт: «Аз болои писари шумо 11 нафар ариза навиштаанд». Занам аз ҳуш рафт. Онҳо гуфтанд, ки писаратонро ба ҷамоат мебарем. Пас мо ҳам ба идораи ҷамоат рафтем, лек он ҷо на писарамонро пайдо кардему на он се нафарро. Баъди пурсуҷӯи зиёд фаҳмидем, ки писари мо дар ихтиёри кормандони мақомоти ВКД будааст. Пас аз 2 шабонарӯз Дилҷӯро ба ШКД-и ноҳия оварданд ва то ҳол он ҷо маҳкам аст. Мо то ҳанӯз сабабу омилҳои боздошти писарамонро намедонем. Зимнан аз Рамазон Раҳимзода-садри ВКД ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои халос кардани Дилҷӯи мо кумак расонад.

Панҷшанбе, Июн 22 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Хайрулло Амиралиев, сокини деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик (тел: 93 407 78 55, 903 20 04 85) дар меҳмонии СССР гуфт, ки аз соли 2001 барои мардуми деҳа 45 га заминро барои чарогоҳ дода буданд. Санади 45 га замин ҳоло дар дасти раиси маҳалла-Маҳмадулло Мирасов ҳаст. Тибқи ин санад андози ҳарсоларо аз мардум ҷамъ карда мегирифтанд ва квитансияи андоз дар дасти раиси маҳалла қарор дорад. Аз соли 2006 бошад Мирзо Миралиев (собиқ корманди ҳарбӣ) ба тадриҷ замини мардумро аз худ кардан гирифт. Ҳозир ӯ 30 га замини халқро бо санад аз худ карда, атрофашро бо симтӯр печониданист. Аммо ба ӯ кӣ ва чӣ хел санади заминро додааст, касе дарак надорад. Гап сари ин аст, ки дар ин заминҳо мардум молу чорвои худро чаронда, аз пушти он нон мехӯрданд. Дар хусуси ин мушкил чандин бор аҳолии деҳа ба номи раиси ноҳия-Эмомиддин Аслзода аризаи хаттӣ карданд, аммо ягон натиҷа нест. Яъне аз ин мушкили мо раиси ноҳия ва раиси кумитаи замин низ огаҳ аст, аммо корро ба манфиати Миралиев ҳал мекунанд.

Душанбе, Июн 19 2017


Муаллими собиқадор-Ғозибеки Авазиён аз ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯзи 24.05.2017 аз беморхонаи марказии ноҳия дидан кардам. Дар беморхона пизишки касбӣ-Абдуҳаким Мираминов навбатдор буданд. Аз ӯ пурсидам, ки шуъбаи ҷарроҳӣ кор мекунад? Гуфт: «Не! Сабаб норасоии духтурони ҷарроҳ аст!». Дар ноҳия якчанд хирург ҳаст-Идиев Абдуамон, Мираминов, Маҳмадшукур, Абдуҷаббор-сардухтур, лек чаро ин шуъба мутахассис наёфт? Аммо Абдуқаюм Ғаффоров-сардухтури беморхонаи деҳаи Роғ ба ман гуфт, ки «аз беҳунарии хирургҳои ноҳия шуъбаи ҷарроҳӣ кор намекунад. Бархе аз онҳо ҳатто теғи ҷарроҳиро дошта наметавонанд. Дар ин бора мо даҳҳо бор ба Вазорати тандурустӣ навиштаем». Ҳоло Мастчоҳи Кӯҳӣ бо 25.000 нафар аҳолияш беморро дар навоҳии берун бурда табобат мекунад. 1 сабаби меҳмон шудани ман ба СССР ин аст, ки мехоҳам ба Насим Олимзода бигӯям, ки Мастчоҳи Кӯҳиро бо ҷарроҳи касбӣ таъмин кунад…

Ҷумъа, Июн 16 2017


Хабарнигори мардумии СССР, Шокир Наим, муаллим аз шаҳраки Ғарми водии Рашт (тел: 98 107 02 81) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки Шуъбаи алоқа-почтаи ноҳияи Рашт дар маркази Ғарм қарор дорад ва рӯзе аз назди он наздики 1000 нафар мегузарад, аммо киоск-дӯкони газетаву маҷалла надорад! Вақте бо сарвари почтаи ноҳия-Қараев Шарифҷон дар ин бора сӯҳбат кардем, вай ҳамин қадар гуфт, ки “якчанд рӯз пеш низ ҳамин камбудӣ аз тарафи Вазоратамон таъкид шуд. Насиб бошад, ташкил мекунем...”. Баъд аз ин назди раиси ноҳия-Қаноатшо Лоиқов даромада, барои кушодани 1 киоск дар маркази Ғарм ариза пешниҳод кардам... Ҳайронам, ки барои чӣ то аз боло супориш нашавад, сардорони муассиса аз пеши худ ягон масъулият ҳис намекунанд? Ман ҳамасола дар нашрияи “Омӯзгор”, “Садои Шарқ” ва “Оинаи Рашт” шахсан обуна мешавам ва ҳамеша сари вақт дастрас мекунам. Аммо ба маълумоти Қараев мерасонам, ки шумораҳои №11 ва №12-уми Садои Шарқ (аз соли 2015)-ро хонандагон дар Ғарм то ҳол нагирифтаанд. Бо ин хел “тормоз”-и корӣ кай мо пешрафт мекунем?

Душанбе, Июн 12 2017


Ҳунарманди маъруфи Тоҷик, Ортиқ Қодир дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, 1 нафар чанд шумора пеш дар газетаи СССР навишта буд, ки гӯё бобои Сангак дар майдони Озодӣ маро 1 мушт зада бошад. Аммо тамоман ин хел гап набуд ва ин нисбати ман тӯҳмат аст! Гап сари ин аст, ки вақте бобои Сангак маро ба кабинети Карпов-мухбири махсуси “Известия” барои сӯҳбат бурд, наздаш гуфтам, ки “Тоҷикистон ҳоло мисли қуттии борут аст. Аз берун қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ин борутро гӯгирд зананд. Вале мо бояд ҳар 2 майдонро 1 кунем. Агар ин кор шавад пирӯзии миллат аст!”. Ҳатто шоҳидони сӯҳбати мо имрӯз низ дар қайди ҳаётанд. Бобои Сангак маро ба он хотир даъват кард, ки гӯё ман ба майдони Шаҳидон шомил шудаам. Аслан ин тӯҳмати онҳоест, ки маро ба Сангак сиёҳ карда буданд. Ҳатто то назди бобои Сангак рафтану аз пеши ӯ баромадан ҳам, кампиракону мӯсафедони майдони Озодӣ аз ҷо бо эҳтиром хеста, сари 1 пиёла чойи дастурхон даъват мекарданд. Чунин сияҳкорон дар ҳама давру замон ҳастанд. Аммо бало ба пасашон!

саҳ 47 аз 62

Китобҳо

Flag Counter