Сайёҳи Тоҷик Саид Аҳмад Давлаҳмадови 71-сола, сокини шаҳри Душанбе (тел: 919 03 62 81) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман аз соли 1982 то ин ҷониб 168 давлати дунёро чарх задам. То с.1989 тибқи паспорт ва сиёсати он давр ҳама давлатҳои собиқ шӯравиро гаштам, вале берун аз қаламрави СССР баромадан мумкин набуд. Бори аввал, баъди суқути Давлати Советӣ, соли 1992 вориди Хитой шудам. Баъди он сафари дуру дарозе доштам ба кишварҳои Осиёву Аврупо. Дар ҳар 1 давлати хориҷа одатан бо туристон муносибати дӯстона ва бародарона доранд, инчунин то ҳадди имкон кӯмаки башарӣ ҳам мекунанд, вале бархе кишварҳо қонунҳои сахт доранд. Ёд дорам, ки дар Хитой зану мардро бараҳна карда, тафтиш мекарданд... Ёдам ҳаст, солҳои нобасомонӣ дар Тоҷикистон мошини туристии маро, ки истеҳсоли Япония аст, дар Душанбе афроди номаълум рабуданд. Сахт миннатдорам, ки бо дастгирии Ёқуб Салимов-вазири собиқи ВКД ҶТ он вақт мошинамро ёфтам. Воқеан ҳам ният дорам, ин мошинро, ки қариб тамоми оламро гаштааст, ба ягон осорхонаи ҶТ ҳадя созам. Мо Метавонем!
Ҳадиятулло Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон (тел: 98 816 79 79) дар меҳмонии СССР гуфт, ки мардуми азизи кишварро бо моҳи шарифи Рамазон сидқан таҳният мегӯям. Ин муборак моҳест, ки Қуръони азимушшаън бар Муҳаммад (с) ва инчунин ҳама кутуби самовӣ нозил шуд. Ин моҳи шариф мардумро ба покизагии руҳу ҷисм ҳидоят ва қалбҳоро нарм мекунад, то ки ҳамзистиву ҳамбастагии байни инсонҳо бештару беҳтар гардад. Ҳамзамон тавассути рӯза доштан сиҳатмандии инсон комилтар мегардад. Ба таъбири дигар дар муддати моҳи шариф дунёи маънавии инсон болида шуда, ҷисмаш роҳат ёфта, қавӣ мегардад. Дар маҷмуъ, дар ин моҳи шариф сарҳади ҳаққу ботил ва ҳалолу ҳаром чун оина муҷалло мегардад, ки инсони нек онро ба чашми сар мебинад, тавассути эҳсосу идроки ботинии хеш. Аслан Худованд моҳи шарифи Рамазонро барои бандагонаш аз он ҷиҳат фарз кардааст, ки ҷисму рӯҳашон роҳат ёбад, аз фисқу фуҷур ва нобасомониҳои мухталиф. Бо раҳмати Аллоҳи зулҷалол дар айёми моҳи рамазон инсони рӯзадор дар даҳаи аввал муҷиби раҳмат ва дар даҳаи сонӣ боиси мағфират ва дар даҳаи сеюм аз оташи дӯзах наҷот меёбад. Даҳаи охир шабест барои қадр-лайлатулқадр-беҳтарини шабҳо барои ибодат, ки бо ояти каримаи «Лайлатул қадри хайрум-миналфи шаҳр» собит шудааст.
Исфандиёр Сафарови 63-сола, сокини деҳаи Хами Себи н.Файзобод (тел: 93 930 68 38) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар бораи марги ромишгари маъруфи Тоҷик, раҳматӣ Кароматуллои Қурбон гуфтаниям. Ман солҳои 1991-92 дар Ёвон бо зану фарзандонам мезистам. Дар Ёвон, дар зери дасти раҳматӣ Асадулло Ғуломов ба ҳайси сохтмончӣ кор мекардам. Хулосаи гап, вақте овозаи қатли Кароматулло бо дастаи ҳунарияш дар байни мардум паҳн шуд, ҳамаро ларза гирифт. Он шабу рӯз ҳамсарам таваллуд кард ва барои тифли навзод шир лозим шуд. Дар велосипед нишаста, аз пеши химзаводи Ёвон мегузаштам, ки 1 мӯсафед пеши кӯл бо диққат чизеро нигаҳ дорад. Вақте пешаш рафтам, ки тинҷӣ бошад, мӯсафед гуфт: «Ин ҷо ҷасаде ҳаст, аммо ҷуръат надорам, ки барорам». Агарчанде, пои рости ман андак зарб дида буду ба об даромадан мумкин на, вале дилам сӯхту бо кӯмаки мӯсафед ҷасадро аз об берун кашидам. Чун чеҳраашро дидам, шинохтам, ки Кароматулло аст. Ҷасад мӯйлаб дошту дар тан куртаю шими сафед ва дар даст соат. Ҳамин дам 1 мошини сабукрав омаду наздамон истод ва аз дохилаш ҷавонбачаҳо фаромаданд. Бо ёрии онҳо ҷасадҳои дигарро ҳам аз об кофта баровардем…
Фотима Обидова, муаллимаи фанни забони русӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман аз 1 камбуди забонӣ хело азияти равонӣ мекашам. Барои чӣ забони китобҳои дарсӣ ин қадар ва то рафт мушкил шудан дорад? Набераҳои мактабхони ман вақте китобро мекушоянду мехоҳанд вазифаи муаллимаи худро иҷро намоянд, бо душворӣ супориши муаллимаро иҷро мекунанд. Ман низ азият мекашам, вақте ба онҳо кӯмак карданӣ мешавам. Зиёд калимаҳои душворҳазми арабиро истифода бурдаанд, ки бори аввал чунин вожаҳоро мебинам. Шумо 1 бор фикр мекунед, ки аз истифодаи чунин вожаҳои мураккаб хонандаи мактаби мо ҳич вақт босавод намешавад? Хонандаро калимаҳои душворҳазм «инвалид» мекунад. Ин фақат фикри ман не, балки назару алами садҳо муаллима мебошад. Шавҳари ман ҳам муаллим асту сиёсатшинос ва гоҳе вақт калимаву ибораҳои нофаҳморо аз ӯ мепурсам ва баъд мефаҳмам, ки ин чӣ маънӣ доштааст. Аз дастандаркорон, аз ҷумла, аз Вазорати маориф хоҳиш дорам, ки эроди мо-муаллимонро ба назар бигиранд. Бо ин забони мушкил ҳич вақт хонандаи бе ин ҳам китобгурези мо босавод намешавад…
Самир Алиев, журналист ва коршиноси масоили иқтисодӣ аз шаҳри Бокуи Озарбойҷон меҳмони газетаи мардумии СССР шуд. Ӯ барои иштирок дар 1 конфронси созмони Оксфам ба Душанбе ташриф оварда, дар сӯҳбат бо СССР таъкид намуд, ки тасаввур намекард, пойтахти Тоҷикистан ин қадар сарсабзу гулпӯш бошад. Самир қайд намуд, ки «Душанбе кӯчаҳои калону васеъ, фаввораҳои зебо, хиёбонҳои серодам дорад ва ин хеле хуб аст. Аммо шаҳри кӯҳанро вайрон накунед. Дар Боку карданд ва ҳоло ҳама пушаймонанд, ки бо биноҳои даврони советӣ таърихи шаҳрро вайрон карда будаанд. Ба ман бештар шоми Душанбе писанд омад, ки ҳама кӯчаҳо чароғон асту пиру ҷавон дар назди фаввораҳо нишаста дам мегиранд». Сипас меҳмони мо афзуд: «Аз дидори дӯстони қаблиям-Сайёф ва Ҷамила беҳад шод шудам. Нағз ёд дорам, ки ман бо онҳо 11 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз, бо 1 сафар ба кишвари Шведсия, ошно шудам ва бо гузашти ин ҳама сол, Худоро шукр, ки алоқаи дӯстӣ канда нашуд. Газетаи СССР хонданибоб будааст ва кори редаксия низ қобили эътимод. Дар ин 1 рӯзе, ки дар редаксия будам, дидам, ки воқеан ҳам аҳли редаксия сахткоранд. Офарин ба Сайёф ва командааш! Шумо Метавонед!»
Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳомид Расулов (тел: 92 729 32 90) сокини деҳаи Ферегати ноҳияи Мастчоҳ дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман ҳамин ҳоло аз қисми ҳарбии №87740, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргаштам, ки он ҷо ҷиянам-Файзизода Мунаффар нав савганд ёд карду ба хизмат шуруъ намуд. Лақаби ман дар Мастчоҳ «афғон» аст, аз он ки ҷанговари башардӯст ҳастам. Инро ба он хотир гуфтам, ки доимо хизмат дар Артиши миллиро дар байни ҷавонон таблиғ менамоям. Таблиғоти ман дар хусуси хизмат дар Армия чунин аст: «Гови нар барои куштан аст! Оне, ки аз хизмат мегурезад, духтар аст ва духтар барои шавҳар кардан!!! Агар аз хизмат метарсӣ, раву шавҳар кун! Йигит барои ҷанг аст ва ӯ бояд дар набард бошад!». Ин аст, ки ман аз пеши худ 2 писарамро ихтиёран ба артиш фиристодам. 1 писарам-Беҳрӯз дар 1 қисми ҳарбӣ воқеъ дар ноҳияи Восеъ хизмати ҳарбиро адо намуд. Писари дувумам-Некрӯз низ дар н.А.Ҷомӣ хизмат кардан дорад. Ин ҷои таъриф нест, на танҳо дар ноҳия, балки дар қаламрави вилояти маро бо тахаллуси «афғон» мешиносанд ва эҳтиромам мекунанд. Эҳтироми ман аз он аст, ки ҳар кору амал ва тасмиме барои ободии Ватан аст, якумин шуда аз ҷо мехезам!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар