ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Май 25 2017


Гулизор Танҷихолова, сокини ҷамоати деҳоти «Гулистон», аз деҳаи Оқ-газаи шаҳри Сарбанд (тел: 880 58 70 30) дар меҳмонии СССР гуфт, ки писарам Назаров Анвар аз с.2013 дар Русия муҳоҷири корӣ буд. Тибқи қонуни ФР барои ба танзимдарории ҳуҷҷатҳо убури марзи Русия барои муҳоҷирон ҳатмист. Ӯ низ барои убури марз 2 сол инҷониб ба Туркия бо сабаби арзон будани чиптаи ҳавопаймо мегузашт. 13.12.2016 ба Туркия гузашт ва ин ҳангом 19.12.2016 дар Анқара посоли ФР-Андрей Карлов кушта шуд. Он рӯзҳо Анварро мақомоти полиси Туркия ба ҳабс гирифта, то замони ба Русия гузаштанаш (26.03.2017) дар дасти мақомоти полиси Туркия будааст. Баъдан аз Туркия писарамро ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон оварданд. Ҳоло ӯ дар СИЗОи КДАМ дар ҳабси пешакӣ, ба гумони даст доштан ба теракт қарор дорад. Писари маро туҳмат кардаанд, ки гӯё 600 рубли русиро ба кадом одаме дода бошад ва гӯё ӯро аз марзи Туркия ва Сурия қапида оварда бошанд. Суд барои ҳабси пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ба Анварҷон санксия додааст, лек писари 23-солаи ман ягон кори ғайриқонунӣ накардааст. Аз Президенти кишвар, муҳтарам Э.Раҳмон хоҳиш дорам, ки ба озод намудани писарам кумак расонад.

Ҷумъа, Май 19 2017

Узви Ихвон-ал-СССР, Зулфия Воҳидова, сокини пойтахт, аз кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино (тел: 93 517 77 50, 901 90 97 49) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман соҳиби 2 духтарча ҳастам. Рафоат-духтарчаи 10-солаи ман аз 9-моҳагӣ то имрӯз фалаҷ аст. Инак, қариб 10 сол боз бемор аст, аммо ҳич дастгир ва саховатманде нест, ки Рафоати маро аз ҷиҳати тиббӣ ва моддӣ кӯмак кунад. Ман аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷик эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои ба дармон гирифтани духтарчаам ёрӣ расонанд. Шавҳарам, падари 2 фарзандам низ бемор асту зиндагии мо аз ӯ ҷудо. Шавҳарам бошад имкон ва қудрати нигоҳубини фарзандонашро надорад. Аз ин лиҳоз, ягона умедам кӯмаки шумо-ҳаводорону мухлисини газетаи СССР мебошад. Духтурҳои пойтахт барои дармону муолиҷаи Рафоат дору ва уколҳои зиёдеро рӯйхат карда, ба ман доданд, аммо шароити молӣ надорам. Аминам, ки муроҷиати банда тариқи газетаи СССР бетаъсир нахоҳад буд...

Панҷшанбе, Май 18 2017


Неъматулло Давлат (тел: 904 47 54 87), сокини шаҳри Роғун меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки писари ман Давлатов Файзалӣ дар асоси бастани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ хонаеро дар ш.Душанбе, кӯч.А.Ҷомӣ, хонаи 54 харида, ба он ҳуқуқи соҳибмулкиро ба даст овард. Вақте барои соҳибӣ намудан ба хона рафтем, шахсони тасодуфие, ки бо ин манзил ягон алоқамандӣ надоранд, барои холӣ кардани хона саркашӣ карданд. Бо мақсади риояи талаботу меъёрҳои қонунгузорӣ мо ба суди н.Сино муроҷиат кардем. Дар асоси ҳалномаи суди н.Сино аз 19.11.2015 аризаи даъвоии моро қонеъ намуда, нафарони тасодуфиро аз манзили истиқоматӣ кӯчонида буд. Бо сабабҳои барои мо муаммо дар таърихи 11.01.2017 дар асоси таъиноти муовини аввали Раиси Суди Олии ҶТ оид ба марҳилаи назоратии суд ирсол кардани делои мо бо қарори марҳилаи назоратӣ тамоми қарорҳои пештараи судӣ бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба марҳилаи аввали судӣ фиристода шудааст. Чунин Қарори марҳилаи назоратии Суди Олӣ моро тамоман дар шубҳа гузоштааст. Аз ин рӯ, аз раиси суди олӣ, мӯҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мушкили ман шахсан таваҷҷӯҳ намояд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Ҷумъа, Май 12 2017


Шералӣ Яъқубов, сокини деҳаи Амоншайхи шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки санаи 15.12.2016 духтарам-Яқубова Ҳавасморо дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит мошин зад. Ронанда Акрамов Шомаҳмад мошинро бо суръати баланд рондааст. Дар натиҷа Ҳавасмо бо ҷароҳати вазнин ба беморхонаи марказии Ваҳдат афтид. Расо 5 моҳ (аз 15.12.2016 то 4.012017) духтарам дар Шуъбаи эҳё бистарӣ шуду маъюби гурӯҳи 2. Ҳоло ҳам зери табобат қарор дорад. Алами ман аз он аст, ки ронанда ба мо то ҳол ягон хел кӯмаки моддӣ накардааст ва ҳама доруву дармони мо ба миқдори 25.000 сомонӣ бо қарзу қавола гузашт. Ҳол он ки Акрамов бо дасти худаш забонхат навишт, ки ба мо кӯмак мекунад. Дигар ин ки садама 100% аз ҷониби ронанда содир шудааст, зеро духтари ман вақте аз роҳ мегузарад, баъд мошин ӯро мезанад. Инчунин, Ҳавасмои ман дар вақти садама зарбаи рӯҳӣ низ гирифтааст ва аъзои оила дар андеша рафтаем, ки ӯ чӣ гуна ба шавҳар мебарояд? Ман аз Суд ва Прокуратураи ноҳия хоҳиш дорам, ки барои гирифтани ҷуброни зарари ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ аз ронанда ба ман кӯмак кунанд…

Душанбе, Май 08 2017

Узви Ихвон-ал-СССР, Исмат Каримови 62-сола, сокини деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман назди шумо бо 1 мушкили хонаводагӣ меҳмон шудам. Ҷигарбанди хонадони мо, хоҳарам Навниҳол Каримоваи 47-сола соли 1994 ҳамроҳи шавҳараш Азизулло Муродов ба Украина рафт. Он замон, тавре маълум, зиндагии баъдиҷангӣ дар Тоҷикистон бениҳоят вазнин буд ва 1 даҳан нон ёфтан хело ҳам мушкил. Аз сабабе, ки домоди мо Азизулло аз камбуди рӯзгор он ҷо майзада шуд, хоҳарам маҷбур баъди чанд соли ҳамзистӣ бо 2 фарзанд аз ӯ ҷудо мешавад. Мо-аъзои хонавода ҳоло бисёр мехоҳем, ки хоҳарамонро дар Ватан бубинем, зеро ӯ он ҷо ғариб асту бесаробон, аммо имкони молӣ барои баргардонидани ӯро надорем. Хоҳарам айни замон дар минтақаи «Белый Церков»-и вилояти Кирови Украина қарор дорад. Хулласи гап, мехоҳем, бо кӯмаки раиси ноҳия-Мӯсо Ғафурзода, ки бисёр фарди сахӣ ва хайрхоҳ аст, хоҳарамонро ба Ватан баргардонем. Оё раис ба ин эҳтиёҷи мо таваҷҷӯҳ мекарда бошад?

Ҷумъа, Апр 28 2017



Назира Галимоваи 72 сола, сокини ш.Панҷакент мегӯяд, барои 1 мушкилоти хеш ҳар рӯз дари ҳукуматро мекӯбам ва ба қавле қаравули ҳукумати ш.Панҷакент шудаам. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони ш.Панҷакент чандин сол аст, ки мушкилоташро ҳал намекунанд.
- Дар ҷое зиндагӣ мекунам, ки хонаам на об дораду на ягон шароити хуби зиндагӣ. Манзили ман кӯҳнатарин хона аст, ки солҳои шӯравӣ сохта шудааст. Ягон намуд шароити комуникатсионӣ надорад ин хонаҳо. Мехоҳам хонаамро таъмир кунанд ё бароям ягон манзил диҳанд - мегӯяд ин пиразан.  Назира Галимова, меафзояд қариб ба ҳама мансабдорони ҳукумати Панҷакет муроҷиат кардам бенатиҷа.
- Пир шудам, барою фароям душвор аст. 50 сола собиқаи корӣ дорам, вале қадрам нест - гӯён гиря намуд ин пиразан.

саҳ 49 аз 62

Китобҳо

Flag Counter