ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 04 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, журналист Алишер Идизода, корманди нашриёти Ирфон (тел: 919 00 55 67) дар меҳмонии СССР гуфт, имрӯз яке аз ободкориҳои раиси ш.Душанбе ин боғи интернатсионалистон-Мироненко аст, ки бисёр дилоро шуда,  барои ҷавонону наврасон ба 1 макони истироҳат табдил ёфтааст. Аммо боз атрофи ҳамин боғ доғҳое низ ҳастанд. Баъзе аз ҷавонону наврасон ба қадри ободкориҳои шаҳрдори Душанбе намерасанд. Дар вақту соати дарсӣ хонандагони мактабҳои миёнаи №66-и н.Сино ва дигар муҳассилини макотиби шаҳр дар нишастгоҳҳое, ки барои мардум сохта шудаанд, ба корҳои ғайриинсонӣ (бӯсобӯсӣ ва дигар амалҳои шармовар) машғул мешаванд: Дар рӯзи рӯшан-пеши назари раҳгузарон. Ҳатто дашномҳои қабеҳ мезананд. Болои ин, мусор (пӯчоқи семичкаву коғазҳои қанду салфетка...)-ро рӯи кафелҳои роҳрав партофтаанд. Бояд сари ин мушкил раҳбарони макотиби миёнаи пойтахт андеша кунанд. Беҳтараш барои ислоҳи ин доғи рӯз аз рӯи қонунҳои Англия кор бигиранд: Дар Лондон ва дигар шаҳрҳои ин давлат афроди бетамизро бо ҷарима тарбият мекунанд!!! Яъне, “дарди бадро давои бад”!

Душанбе, Дек 18 2017


Идимоҳ Маҳмудҷонова, аз н.Шоҳмансури пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки келинам бо маҷбурии модараш аз писарам бо қарори суд ҷудо шуд. Суд бо 1 қарор ба писарам, ки ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегирад, 300 сомонӣ алиментпулӣ муайян кард. Ғайр аз ин, собиқ қудои ман барои молу мулк ба суд дурӯғ навишта, мехоҳад пули ҷиҳози наовардаашро рӯёнад. Акнун бо қарори суди н.Шоҳмансур бояд ба собиқ қудо боз 1940 сомонӣ ғайр аз ҷиҳози мебурдагияш диҳем. Ман ҳайрон, чаро судяҳо аз даъвогар намепурсанд, ки “оё тайи 2 соли зиндагии якҷоя ҷиҳозҳои овардаи арӯс кӯҳна нашуд, ё қолину чойнаку пиёлаҳо нашикаст?”. Акнун “духтарам 300 сомонӣ алимент гирифта, кайф карда мегардад” гуфта, духтарҳои ҷавонро куҷо бурда истодаем? Охир, келин худро назди суд камбизоату бечора нишон дода, кӯдакро нигоҳубин карда натавонад, бигзор ба падараш диҳанд. Ман аз кулли судяҳо хоҳиш дорам, ки барои 300 сомонӣ алиментпулӣ оилаҳои ҷавонро вайрону бадбахт накунанд. Ин аст, яке аз иллатҳои асосии афзоиши талоқ!!!

Ҷумъа, Дек 08 2017


Сохтмончӣ Маҳмадшариф Давлатови 41-сола, сокини маҳаллаи Марғзори ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 919 01 91 61) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам.
1.Дар маҳаллаи мо телеканалҳои Тоҷикӣ тамоман намегиранд. Фақат бо часпондани 1 сими алюминий шумо метавонед тамоми телеканалҳои Ӯзбекистонро бубинед, аммо аз шабакаҳои Тоҷикӣ ягон нишон нест. Бовар мекунед, фарзанди ман вақте синфи 3 мехонд, вақте мепурсидем, ки «президенти Тоҷикистон кист?» мегуфт: Ислом Каримов. Дар маҳаллаи Хоҷабулбулони Эсанбой 1 телевишка буд, намедонам, барои чӣ ва кӣ онро канда бурд? Ҳамин хел телевишка дар деҳаи Марғзор ҳам ҳоло ҳаст, аммо ягон таҷҳизот надорад, дарунаш холист!!! Яъне дар шафати Душанбе мо куллан ӯзбакистонӣ шудаем!
2.Аз раҳбарияти Кумитаи ТВ ва радио 1 хоҳиш дорам. Мехоҳам, ки кинофилми «Ашк ва шамшер»-ро 1 бор ба пуррагӣ аз ТВ Синамо ё аз дилхоҳ канали дигар намоиш диҳанд. Ва ё ақаллан ин киноро дар шакли «компактдиск» ба фурӯш бароранд.

Душанбе, Дек 04 2017

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Сотими Саидмуъмин, сокини ноҳияи Бохтар (тел: 919 42 66 80) дар меҳмонии СССР гуфт, ки навиштаҳои Маннон Махсумови истаравшаниро чанд шумора пеш оид ба Дивизияи 201-и Русия хонда, гуфтугузорҳои байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия замони ба имзо расонидани шартномаи тарафайн оид ба тамдид намудани муҳлати будубоши дивизияи 201 ба хотирам омад. Он вақт ашхоси масъул дар ВАО мегуфтанд, ки баъди ба имзо расонидани ин шартнома дар Россия барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷик чунон шароитҳои хубу мусоид фароҳам оварда мешавад, ки муҳоҷирони дигар давлатҳои пасошӯравӣ чунин имтиёз нахоҳанд дошт. Аммо дар асл муҳоҷирони мо ягон имтиёз нагирифтанд. Гап сари ин аст, ки то имрӯз садри Кремл ба ягон ваъдаи худ вафо накардааст. Болои ин, ғалаба бар зидди фашизмро дастоварду пирӯзии худ медонанд. Ҳол он ки дар Ҷанги Бузурги ватании солҳои 1940-45 тамоми халқу миллатҳои СССР муқобили фашистони немис силоҳ гирифтанд ва ҷонро сипар карданду худро қурбон…

Душанбе, Нояб 20 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, мардикор Раҷабалӣ Зиёев, сокини пойтахт (тел: 98 557 38 03) дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта 1 нафар ба ман бо телефони мобилӣ занг зада гуфт, ки «барои ман 1 электрик даркор». Дар ҷавоб гуфтам, ки ман электрик ҳастам. Маро назди мағозаи Ситора даъватам кард. Он ҷо рафтам. Маро гирифта ба сехи макаронбарорӣ бурда гуфт, ки «дар ҳамин ҷо 3 фаза сими барқ лозим, лекин яктоаш нест». Баъд ман щити якуму дуюмро аз назар гузаронидам. Дар щити сеюм нуқсро ёфтам. Аз мағоза чизҳои лозимаро аз ҳисоби худам харида оварда, онро дуруст кардам. Корфармо баъд гуфт, ки «соати 3, баъди обед ман дар ҷои кор ҳастам. Биёву ҳаққи хизмататро гир!» Дар вақту соати гуфтагияш наздаш рафта гуфтам, ки «ҳаққи хизмати ман бо тамоми лавозимоти масрафҳо 600 сомонӣ мешавад, Аммо аз рӯи инсоф чанд сомоние мехоҳӣ, бидеҳ». Лек 2 рӯз он ҷо хизмат кардам, ягон сомонӣ ҳаққи хизмати маро надод! Ва ҳатто маро тарсонид, ки «ман корманди Кумитаи амният ҳастам!» Мо-мардикорон вақте дар Ватани худамон азияту машаққат дорем, пас аз Русия чӣ гила кунем???

Ҷумъа, Нояб 17 2017


Гулсара Холмуродоваи 33-сола (тел: 907 39 44 13), сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 фарзанд дорам. Шавҳарам-сокини ноҳияи Шаҳритус, ки дар вақташ қассоб буд, соли 2017 аз бемории “сибирская язва” бандагӣ кард. Ин дард ба ӯ аз ҳайвонҳои хонагӣ сироят намуд. Аммо дарди ман бешавҳарӣ на, балки бехонагист. Вақте шавҳарам мурд хоҳару апаҳои ӯ сари ман хеста, аз хона пеш карданд. Бо 2 фарзанд дар кӯча мондам. Ба суди н.Шаҳритус арз кардам, шикоятро қабул намуда, хонаро ба номи ман сабт карданӣ буданд. Аммо пайвандони шавҳарам дар суд зид баромад карда, хонаро надоданд. Ман ЗАГС надорам. Баъдан ба суди н.А.Ҷомӣ ариза додам. Аммо онҳо дар посух гуфтанд, ки “адвокат бигир”. Пул надорам, ки адвокат гирам. Аниқтараш адвокат ёфтам ва онҳо гуфтанд, ки “ба мошини мо бензин бирез, мо ба суди Шаҳритус рафта, масъаларо мебинем”. Хуллас, ҳоло дар хонаи апаам, дар н.Ҷомӣ зиндагӣ дорам, аммо ӯ низ шароите надорад, ки маро ба роҳат дар кулбааш ҷо кунад. Ҳоло ҳайронам, ки дар пеш зимистон асту мабодо барфу бороне бизанад, бо ин 2 кӯдак куҷо меравам?

саҳ 43 аз 62

Китобҳо

Flag Counter