Амон Мӯсоеви 74-сола, сокини ноҳияи Хуросон (тел: 905 06 62 32, 905 22 29 63) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман маъюби гурӯҳи 2 ҳастам. Аммо ҳуҷҷати маъюбии маро ВТЭК (Врачебно-трудовая экспертная комиссия) бекор кард. Чашми чапи ман комилан намебинад, чашми ростамро бошад 2 бор ҷарроҳӣ кардаам. Инчунин, соли 1965, замони хизмати аскарӣ дар Сибир миёнам шикаст ва аз ҳамон вақт ба дастам ҳуҷҷати “маъюби абадӣ”-ро доданд. 8 фарзанд дорам, 3-тояш дар Русия, 5 духтарам бошад дар наздикиҳои ман зиндагонӣ доранд, аммо дар парастории ман нестанд. Ҳамсарам бошад 5 сол боз паралич асту бистарӣ ва 240 сомонӣ нафақа дорад. Аз идораи дахлдори ноҳия гуфтанд, ки “ба ту 168 сомонӣ нафақа медиҳем, зеро туро аз сафи гурӯҳи маъюбон баровардаанд”. Дар сурати нафақаи маъюбӣ бояд 245 сомонӣ бигирам. Ман ҳайронам, ки акнун бо 168 сомонӣ чӣ хел зиндагӣ кунам? Болои ин ҳама, ба бемории дил гирифторам. Ҳоло ман мехоҳам, ки чашми дигарамро ҷарроҳӣ кунам, аммо табибон барои бо нархи арзон ҷарроҳӣ намудан аз ман ҳуҷҷати маъюбӣ талаб доранд...
Раҳматулло Раҷабов, сокини кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе, аз хонаи 68 (тел: 901 03 95 21) меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки назди шумо бо 1 шикоят омадам. Рӯзи 14.11.2012, тахмин соатҳои 12:00 бо автои шахсиям (тамғаи Опел, рақ.дав. ЕР5163РТ) тибқи чароғаки кӯч.Бухорои пойтахт истодаму ба дигар мошинҳо роҳ додам, то ҳаракат кунанд. Вақте ба ҳаракат даромадам, мошини шаҳрванд Алексеенко Анжела Олеговна (тамғаи Тайота-Раф 4, рақ.дав. ВТ4555РТ) омаду ба мошинам бархӯрд. Дар натиҷа ҳар 2 авто зарар дид. Аз Анжела хоҳиш кардам, ки нозирони БДАро даъват кунад. Аммо ӯ шиносҳояш-Далер ва Хуршедро даъват намуд. Ҳар 3 бо ман дар қади роҳ ҷангу ҷанҷолро бардоштанд ва комилан зид буданд, ки ман ГАИро фарёд кунам. Онҳо хостанд, ки аз ман ба воситаи устое $300 бигиранд. Ман аз болои онҳо ба Прокуратураи н.И.Сомонӣ даъвои шикоятӣ бурдам. Хуллас, дар давоми судбозӣ фишорбаландӣ ва ранҷҳои рӯҳии кашидаам. Аз дасти Далеру Хуршед ва Анжела ба беморхона бистарӣ шудам. Ман аз Суди Олии ҶТ хоҳиш дорам, ки қазияро аз нав тафтиш карда, ба фоидаи ман 5000 сомонӣ бирӯёнанд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Саттор Аминович Толибови 84-сола, сокини ноҳияи Файзобод, аз кӯч.Н.Қарабоев-72/2, хонаи №29 дар меҳмонии СССР гуфт, назди шумо бо 1 арз омадам, пешакӣ мегӯям, ки миннатдорӣ не! Ман 12 рӯз (аз 3 то 14 июл) дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар асоси «путевка»-и Ҳукумати иҷроияи н.Фирдавсӣ дам гирифтам, аммо сахт пушаймон шудам. Дар 1 комната-ҳуҷра бояд 1 одам ҷо гирад, аммо роҳбарият дар 1 хона 3 касро маҷбур ғунҷонидаанд: Мисли мошинҳои Тангем! Ҳоҷатхонаҳояш кор намекунад, баъди таҳорат бо сатил бурда об мерезед. Ошхонаҳояш таоми бемаза дораду нимколапаз. Чойи кабуд мефармоед, пешхизмат бо қавоқи гирифта мегӯяд: «Мо чойи кабуд надорем, чойи кабуд дар бозор!». Охир, наход бо клиент чунин рафтори дағалона кунанд? Ҷои хобро бошад, дар 2 рӯз 1 бор ва 1 фаррош нимкола-бо халтура тоза мекунад. Хуллас, Шоҳамбарие, ки 5 сол пеш дида будам, он нест. Аз масъулини дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки камбудиҳоро ислоҳ кунанду муносибати инсониро ба кормандони Шоҳамбарӣ омӯзонанд!
Хабарнигори мардумии СССР-Файзулло Назруллоев аз шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҳар вақте суханронии мардумро дар барномаи «Ахбор»-и ТВТ, назди «Микрофони озод» перомуни танзими ҷашну маросимҳо мебинед, фикр мекунед, кору амали мо дар ин ҷамъият 1 хел аст ва ягон проблема нест. Аммо чунин нест!!! 90%-и гӯяндагон назди микрофон дигар чӣ мегӯянду дуртар аз он баракси онро мекунанд. Зеро аксарияти онҳоро маҷбур назди «Микрофон» овардаанд. Бо ин рафтору амал фаъолияти мо ягон ранги беҳтар намегирад. Аслан миссияи «Микрофони озод» гуфтани ҳақиқату камбудист барои Ҳукумат. Микрофони озод мисли газета ва ё радио аст ва бояд аз ин минбар бе парда ва эҳсосот воқеиятро бигӯӣ! Аммо дар мо «шанс» ва ё имконияти гуфтанро ба дигар маънӣ фаҳмидаанду вақте сухани мардумро гӯш мекунед, ҳама таъриф мекунанду подхалимӣ ва тамаллуқ! Ягон гапу ҳарфи рост дар «Микрофони озод» нест ва агар бошад, марҳамат, биёед, дар газетаи СССР нависед ва баҳс кунед! Охир, аз барои Худо, аксарияти шумо дар ҷашну маъракаи худ ягон хел танзиму низомро риоя намекунед!!! Каҷ шинеду рост гӯед!
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Мирзоҳикмат Маҳкамов (тел: 98 799 64 05) аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки деҳаи дурдасти Ворух яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёри Тоҷикон асту биҳиштосо. Охири Ворухро Роҳи Абрешим меноманд. Ворух беш аз 32.000 аҳолӣ дораду 2 бозор ва беш аз 12 мактаби миёна. Рӯзҳои бозор нашрияҳои даврӣ дар ба фурӯш бароварда мешаванд. Аммо ҳайҳот, ки деҳа то кунун ягон киоск-нуқтаи фурӯши рӯзномаву маҷалла надорад ва мо-хонандагон газетаҳоро аз сари роҳ, мехарем, ки болои мизу курсӣ, дар замин, болои чангу хок гузошта мефурӯшанд. Пурсида мешавад, ки кай воҳидҳои корию хаткашонӣ дар музофот-деҳоти дурдасти Тоҷикистони офтобрӯя ҷорӣ мешуда бошад? Ва ҳам номаълум, ки мардум нашрияҳои обунашудаи худро аз куҷо мегиранд? Бидуни маънавиёти чуқур ҳаёт пеш намеравад! Ёдамон ҳаст, ки дар замони шӯравӣ почталон-хаткашон газетаи ҳар касро бо велосипед хона ба хона бурда медод. Вале чаро имрӯз бо вуҷуди пешравии ҷамъият почталон гум шуд???
Мухлиси СССР, Табаралӣ Авсақолов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, ки пештар барои ба нафақа рафтан 2 соли охири корӣ кифоя буд, вале ҳоло овозаҳо ҳаст, ки гӯё нафақа аз оғози с.2017 аз 300-400 сомонӣ боло набошад, чунки зӯри ҳукумат намерасад. Ин аст, ки 2 соли охирро нею акнун 20 соли охирро ба назар мегиранд, ки дар натиҷа нафақапулӣ хеле кам мешавад. Агар воқеан ин овозаҳо рост бошанд, пас зиндагии нафақахӯрон чӣ мешавад? Ҳол он ки нарху навои бозор рӯз ба рӯз, соат ба соат боло рафтан дорад. Фаромӯш набояд кард, ки вақте шахс бо 40-50 соли собиқаи бенуқсони кор ба нафақа мебарояду маблағ ба зиндагӣ басанда нест, ба ҷавонон бетаъсир намемонад, чунки онҳо низ ояндаи худро фикр мекунанд. Аз ин рӯ, бояд нафақапулӣ қаноатбахш бошад, то ки ҷавонон бо дили пур кор кунанд, чунки онҳо низ рӯзе ба нафақа мерасанд. 25.07.2017 синну соли банда низ ба нафақа мерасад, вале аллакай ин овозаҳо маро зиқ кардааст, гарчанде собиқаи кори пурра дошта бошам ҳам. Аз ин рӯ, аз газетаи СССР хоҳиш дорам, ки ба ин масъала муфассал равшанӣ андозед.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар