Муаллими собиқадор ва муаллифи доимии газетаи СССР Саттор Бобохонов, аз н.Ҷалолиддини Балхӣ (тел: 93 567 65 56) дар меҳмонии СССР гуфт, дар шумораи гузаштаи СССР мақолаи сардабирро бо номи «Ҷасорат ва маърифат» хондам. Воқеан, ҷасорати муаллими имрӯз аз ҷасорати муаллими замони СССР хело паст аст. Муаллими советӣ рисолати аслӣ-тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстиро олӣ иҷро мекард ва паноҳгоҳи муаллим Давлат буд. Муаллим сиёсати давлатро дар байни шогирдон ва мардум тарғиб менамуд. Ҳамчун шахси бомаърифат дар байни омма шинохта мешуд. Мардум дар мушкилоти зиндагӣ аз ӯ маслиҳат мепурсид. Қадраш баланд буду маошаш кофӣ ва захира ҳам мешуд. Барои ҳамин муаллими советӣ ҳам ҷасорат дошт, ҳам маърифат. Муаллими ҳозира барои пешбурди зиндагӣ ғайр аз таълиму тарбия бояд деҳқонӣ, савдогарӣ, устогарӣ, бинокорӣ… кунад, вагарна рӯзаш намегузарад. Муаллим дар мактаб боз ба пулҷамъкунӣ (барои китобҳои дарсӣ, журнал, таъмири синф, рӯзномаи талаба, суғурта, сару либоси мактабӣ, пули хӯрок, бӯрпулӣ, обуна…) машғул аст. Магар ин кам буд, ки боз барои харидани билети кино, спектакл, сирк… пул ҷамъ кунанд?
Камолзода Саид аз деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар меҳмонии СССР гуфт, ки келинамро аз ҷои истиқомат-н.Восеъ бароварда, хостам дар қайди деҳаи Конститутсияи н.Рӯдакӣ гузорам. Бо ин мақсад рӯзи 26.11.2017 ба ШКД рафтам. Одами корафтода бисёр буд. Ҳуҷҷатҳоям пурра тайёр шуду танҳо 1 муҳру имзо надошт. Аз соати 830 то 11:00 даромадан нашуд. Хоҳиш кардам, ки саломатиам нест ва ба замми ин ҷанговари башардӯстам, бе навбат дароранд. Ман дар рӯйхат 105-ум одам будам ва соати 16:20 дақиқа навбатам расид. Коре набудааст, масъул коғазҳои пуркардаро гирифту печату имзо гузошта гуфт: «70 сомонӣ мешавад!» Боз ҷанҷол накунад гуфта, 1 садсомона додам, 30 сомонӣ бақия доду квитансия не!!! Ҳамун мӯҳрзанандаро Дилшод ном бурданд. Алами ман аз он аст, ки наход барои 1 мӯҳр 70 сомонӣ гиранд? Ин аз рӯи инсоф аст? Модоме, ки дар ШКД чунин аст, аз дигарҳо чӣ ҷои малол? Ҳар рӯз агар 100-150 нафар корафтода ояд, «мӯҳрпулӣ» аз 10.000 сомонӣ зиёд мешавад. Ва ин маблағҳои бе квитансия ба кисаи кӣ мерафта бошад? Ман нафақахӯраму ҳоҷии роҳи Худо, то имрӯз бо меҳнат нон хӯрдаам. Наход ҳамин хел муомилаю рафтор дошта бошем?
Наргис Комилова-сардабири маҷаллаи “Чеҳра” дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҳамаи ҳаводорони худро ба обуна даъват мекунам. Ҳамчун модари тоҷик барои мухлисини худ кори хайреро анҷом доданиям. Вақти он расида, ки аз истеъмоли маводи дорувории химиявӣ даст кашем ва рӯ ба гиёҳдармонӣ орем. Тоҷикистони мо беш 3500 навъ гиёҳҳои шифобахш дорад, ки ҳаряки он ба 100 дард давост. Ростӣ, Паёми имсолаи Президенти кишвар номуси маро барои ин тасмим дучанд намуд ва тасмим гирифтам, ҳатман барои сиҳатии мардум даст ба ин фаъолият бизанам. Маҷаллаи “Чеҳра” дар 1 сол 4 бор нашр мешавад ва обуна барои 1 сол 240 сомонист. Бо ин мехоҳам табобати ройгонро шуруъ кунам. Обунашавандагон ҳам соҳиби журнал мешаванд, ҳам соҳиби матлаб. Яъне метавонанд, дилхоҳ матолиби тиббиву табобатии худро оид ба доруву дармон ба чоп пешниҳод кунанд. Табобат бошад дар Беморхонаи хусусии №25, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт дар сатҳи олӣ сурат мегирад ва куллияи дардҳо бе пул ва ройгон табобат мешаванд, агар мизоҷ ба “Чеҳра” обуна шавад! Хонандагон-мухлисони мо барои маълумоти бештар метавонанд бо рақамҳои 900 09 14 82, 93 924 48 88, 238 55 59 дар тамос шаванд.
Узви Ихвон-ал-СССР, Асадулло Бекназаров аз н.Бохтар дар меҳмонии СССР гуфт, дар урфият мегӯянд «табибе, ки дар орзуи ихтирои доруи ҷони инсон нест, табиб нест!» Беш аз 1000 сол қабл фарзанди барӯманди миллати ТОҶИК, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино орзуи кашфи дору-роҳи наҷоти ҷони одамро намуда буд. Ӯ ба орзуяш расид, аммо аҷал амонаш надод. Ин гапро ба он хотир гуфтам, ки ҳафтае пеш Алишер Саъдуллоев-муовини вазири маорифи Узбекистон дар Фейсбукаш бо тааҷҷуб гуфтааст, “чаро манобеи байналмилалӣ шахсиятҳои бузургеро, ки дар қаламрави Ӯзбекистони кунунӣ ба дунё омадаанд, намояндагони илму фарҳанги форсӣ муаррифӣ мекунанд, на ҳамчун намояндаи Ӯзбекистон?”. Ӯ аз ҷумла, шахсиятҳои маъруфе, чун Абӯалӣ Ибни Синою Абурайҳон Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Имом Бухориро ба далели ин ки дар қаламрави Ӯзбекистони кунунӣ ба дунё омадаанд, ӯзбек дониста, навиштааст, “вақте фаро расидааст, ки мардуми ӯзбек меросашро баргардонад”. Алишери фашист 100 бор номаъқул кардааст! Онҳо сарвати миллию маънавии Тоҷиконанд!!!
Саъдӣ Тӯраеви 41-сола, сокини деҳаи “Назарӣ”-и ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон (тел: 998 95 501 04 52) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман инак, 1 моҳ боз дар шаҳри Душанбе меҳмонам. Бо виза омадаам. Ягона умеду орзу ва таманнои ман дар Соли нави мелодии 2018 ин аст, ки равобити 2 халқу миллат-Тоҷику Ӯзбек боз ҳам зичтар шаваду додугирифтҳо қаринтару самимитар. Соҳиби 2 фарзанд ҳастам ва ҳар 2 ҳам мактабхонанду дар мактаби Тоҷикии Бойсун таҳсил доранд. Китобҳо ба забони Тоҷикӣ фаровонанд ва ягон норасоӣ дар масъалаи кутуби Тоҷикӣ нест. Мардуми Бойсун-Тоҷику ӯзбек мисли бародару апаву хоҳар... кору зиндагӣ доранд. Дар Бойсун газетаи Тоҷикӣ низ дорем бо номи “Овози Бойсун”. Ҷомеаи Бойсун ва дигар навоҳии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хешу табори зиёд доранд. Марому дуои ҳамаи мо ин аст, ки дар оянда рафтуомад ва робита аз ин ҳам дида қавитар гардад. Падару модари ман алъон шаҳрванди Тоҷикистонанд ва дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд. Ҳоло бардошти ман аз ин сафар хело фаровон асту хотирмон ва насиб карда бошад, дар ояндаҳои наздик боз хоҳам омад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар