ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Апр 14 2017

Араби Дӯстмурод, сокини деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ (тел: 98 540 81 49) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 2 хабар дорам: яке хуб, дигаре бад. Биёед, аз хубаш сар кунам. Хоҷаев Аслиддин аз деҳаи Ялдамичи шаҳраки Ғарм, дӯсти газетаи СССР ба ман занг зада гуфт, ки ҳамкурсаш Нозимов Гулмурод-сокини деҳаи Нонҷемасро 38 сол боз надидааст. Ба гуфти ӯ, онҳо с.1979 бори охир бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар 2 дастпарвари Техникуми омори н.Орҷоникидзеобод (ҳоло н.Ваҳдат) будаанд. Хоҷаев рақами телефони маро аз СССР ёфтааст. Хуллас, СССР ягона газетаест, ки дӯстони аз ҳам солҳо ҷудошударо пайваст мекунад. Мо Метавонем! 2. Дирӯз ба дараи Қади Шӯри ҷамоати Худоёр Раҷабови н.Восеъ рафтем. Он ҷо тани беҷону пӯсткандаи беш аз 50 харро дида, дар ҳайрат мондам. Наздиктар рафта дидам, харҳоро аз пешониашон зада куштаанду фақат пӯсташонро гирифта бурдаанду халос. Гӯшту устухонҳояш дар он ҷо боқист. Яъне Қади Шӯр ба “мазор” ё қатлгоҳи харҳо табдил ёфтааст. Тибқи овозаҳои мардумӣ, харро кушта, пӯсташро дар 100 доллари амрикоӣ фурӯхтан доранд. Мардуми огоҳ мегӯянд, ки чунин харкушӣ дар чанд минтақаи Кӯлоб низ будааст. Аммо ин хабарро бояд таҳқиқ кард!

Сешанбе, Апр 11 2017

Раҳимҷон Раҳимов, ронандаи таксӣ, сокини пойтахт (тел: 98 792 12 87) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман назди шумо бо 1 мушкил омадам ва бовар дорам, дар “боло” арзи маро мешунаванд. Дар таърихи 30-31 марти соли равон, дар хиёбони н.И.Сомонӣ амалиёти БДА ба “шикор”-и таксиҳои “3-сомона” сар кард. Таксиҳоро бурда дар ҷаримагоҳ месупоранд ва дигар намепурсанд, чӣ ҳол дорӣ? Пули ҷаримаро албатта мо-ронандаҳо медиҳем. Пули 1 соати ҷаримагоҳ 90 дирам ва дар 1 сутка 21 сомониву 60 дирам мешавад. Чаро нархи ҷаримагоҳро арзон намекунанд? Охир, мо дар хона падару модари пир, зану фарзанд дорем ва зиндагии ҳамаи мо аз ҳисоби таксиронӣ аст. Магар ин зарба ба сафи бекорӣ нест? Чаро мақомот ва идораҳои дахлдор пеш аз 1 корро кардан намеандешанд? Ростӣ, дар Тоҷикистон ҷои кори муносиб нест, то ин ки ба ҷои таксизанӣ бо он машғул шавем. О, мо дигар чӣ кор кунем, куҷо равем? Акнун мо фаҳмиданием, ки мубориза бо “таксиҳои 3-сомонӣ” тасмими шаҳрдорист ё ВКД ҶТ? Хуллас, ин иқдоми касе бошад-набошад, илтимос ба ҳоли мо-ронандаҳо раҳм кунед! Охир, мо ҳам одамем ва таксиронӣ аз рӯи мастӣ не, балки эҳтиёҷ ба нон аст!!!

Панҷшанбе, Апр 06 2017

Актери Тоҷик-Марат Боймамадов, шаҳрванди Русия, аз шаҳри Қазон (тел: 93 847 47 08) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 1 сол боз дар Тоҷикистон қарор дорам. 14 феврал бо мошин ба Бадахшон рафтем. Вақте соатҳои 4-и шаб ба деҳаи Дехи н.Рӯшон расидем, аз пеш тарма фаромадагӣ буд. Ин замон аз қафо низ тарма фаромада роҳро маҳкам кард. Баъд ноилоҷ ба хонаҳои мардум даромадем, зеро дигар шароит набуд. Бисёр меҳмондӯст будаанд. 7-8 рӯз дар хонаҳои мардум мондем. Бовар кунед, дар ин қадар рӯз на сӯзишворӣ, на алоқаи телефони мобилӣ, на кӯмаку дастгирии ҳукуматӣ буд. Тракторист бошад барои трактораш сӯзишворӣ мекобад, намеёбад!!! Раиси ноҳия пои пиёда мерафту 2-3 нафари дигар 2 тобути аз Маскав омадаро аз болои тармаҳо поин мефароварданд. Охир, наход, дар асри 21, ягон роҳу имконияташ набошад, ки роҳро аз тармаҳо тоза кунанд??? Дар рӯзи 8-уми роҳбандӣ 1 трактор аз н.Ванҷ омаду роҳро кушод. Дар ин 8 рӯз садҳо мошин аз пасу пеш банд шудаву намедонанд, куҷо раванду ба кӣ муроҷиат кунанд. Вазорати нақлиёт ва масъулини ин вилоят наход пеш аз фарорасии зимистон худро ба ин мушкилот омода накунанд?

Панҷшанбе, Апр 06 2017

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, коммунисти суп-сурх Хушвахт Хошоков (тел: 93 103 32 01) аз ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР матлаби “Зинда бод инқилоб!”-ро хондам. Раҳмати калони калон ба муаллифи он Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯям! Ин қадар бе парда пирӯзии Инқилоби Октябр ва аҳамияти он барои ташаккули давлатдории Тоҷиконро эътироф кардааст. Баъди суқути давлати абарқудрати СССР ками дар кам зиёие, аз ҷумлаи Тоҷикон ёфт мешавад, ки дар бораи Инқилоби Октябр ва саркардаи он-Ленини муаззам ба ин сатҳ суханҳо гуфта бошад. Ман аз эҷодиёти Абдуқодир аз тариқи радиои Фарҳанг каму беш огоҳам. Журналист бояд ҳар сатреро, ки иншо мекунад, ба нафъи ҷамъият бигӯяд, на ба хотири гонорар. Албатта аз ин суханони Абдуқодир арвоҳи Сарвари Инқилоб шод мегардад. Ба наздики асосгузори давлати Советӣ ва Партияи Коммунистӣ-Ленин 147-сола мешавад. Бо ин санаи таърихӣ ҳамаи онҳоеро, ки дар қалбашон меҳри доҳиро сидқан мепарваранд, шодбош мегӯям. С коммунистическим приветом!!!

Зулфия Сулаймонова (тел: 93 877 54 02) аз деҳаи Дӯстии н.Ҷайҳун (Қумсангир) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 1 дарди судӣ дорам. Духтарам Фирӯза Сулаймоноваи 30-сола, соҳиби 3 фарзанд, дар вилояти Владимирови Русия беш аз 2 сол аст, ки зиндонист. Ӯро бо тӯҳмат ва подставаи 1 гурӯҳи Тоҷикони худи мо 8 сол суд карданд. Аз квартираи ӯ дар ш.Маскав 1 сумкаеро ёфтанд, ки дар дохилаш, дар 1 пакет героин будааст. Ин дақиқан тӯҳмат аст, зеро баъди боздошт вақте медэкспертиза гузарониданд, 100% Фирӯзаи ман пок баромад. Вале бо ин ҳама, ба тақдир тан додаем. Ман танҳо мехоҳам, ки духтарамро аз зиндони Русия ба дилхоҳ зиндони занонаи Тоҷикистон интиқол диҳанд, то дар Ватан адои ҷазо кунад. Вазъи духтарам ба ҳадде бад аст, ки аз 70 килои будааш ҳоло ҳамагӣ 33 кг вазн дорад. Тоҷиконро дар он ҷо азият медиҳанд ва метарсам Фирӯзаам аз гуруснагӣ фавтаду 3 кӯдакаш ятим монад. Зеро ӯ шавҳар надорад! Аз Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Юсуф Раҳмон ва дигар масъулини дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба истирдоди духтарам ба Душанбе кӯмак расонанд, зеро 3 фарзандаш ба дасти ман асту бепадар ва бисёр зиндагии мушкил доранд. Бисёр дарднок аст, ки ҳар субҳ фарзандони Фирӯза дар ҷонамоз сар зада, аз Худованд илтиҷо мекунанд, то очаашонро дар озодӣ бубинанд.

саҳ 51 аз 62

Китобҳо

Flag Counter