ХАБАРИ ДОҒ

Ташхиси ҷанг дар собиқ СССР

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

Чунин ба назар мерасад, ки бо аз сари кор рафтани раҳбарони дарозумр кишварҳои пасошӯравӣ ба к(д)оми ҷанг фурӯ мераванд ва 1 одами баақл нест, ки инҳоро сари ҳам овардаву 4-то насиҳат кунад.

Саакашвилии «ҷавон» Гурҷистонро титу пит карда, 2 ҷумҳурии мухторро аз даст дод. Зеленскийи «ҷавон» дида истодаем, ки бо кишвараш чӣ карда истодааст. Ва ахиран Жапарови «ҷавон» талошҳо дорад, ки Қирғизистонро бо Тоҷикистон ба ҷанг бикашад, вагарна харидории танку тиру тӯп, бесадрнишинҳои «Байрақтар» ва харҷи нисф беши пули буҷҷаи Бишкеки бе ин ҳам дар қашшоқиву фасод ғуттавар барои чист?

Кист он душмани қирғиз, ки шабу рӯз расонаҳои харидашудаи Бишкек бонги изтироб мезананд? Кист он душмане, ки 24 соат барои тарсонидани ӯ Бишкеки расмӣ силоҳу муҳимоти ҷангияшро ба намоиш мегузорад?

Албатта, Тоҷикистон!!! Ва 1 журналисте нест, ки омада пурсад, кадом чоркӯҳӣ ё ворухӣ дар тӯли 30 сол 1 бор сӯи мошини қирғиз санге андохтааст ё на? Ва ин сарзамине, ки онҳо мехоҳанд бо зӯр гиранд, аслан моли кист?

Мо, албатта, тарафдори сулҳу оромием, вале ба жапаровгунаҳо мерасонем, ки моҷарои апрели соли 2021-ро такрор накунед, ки дардмандтар зарба мехӯред. Душанбеи расмӣ бояд донад, ки қирғизҳо маҳз ба таърихи 28 апрел омодагӣ мегиранд. Яъне он шикастро ҷуброн карданиянд. Ин фарзияи СССР аст ва коршиносони мо камтар хато мекунанд. Зираку ҳушёр бояд буд.

Хотиррас мешавем, дар хархашае, ки бо айби марзбонони қирғиз сар зад, аз 28.04 то 02.05.2021, расман 36 қирғиз кушта ва 190 тан захмдор шуд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас фавтида, 87 нафар захм бардошт.

Ба ҳамин тартиб, мутаассуф, ин кашмакаш, набарди Россия ва Украина охири кор дар собиқ СССР нест.

Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ-мавзеъи арманнишин зада даромад. Ҳодиса ҳамагӣ 3 рӯз пеш рух дод. Хотиррас мешавем, миёнҷигарии арману озариҳоро русҳои сулҳдифоъ (миротворцы) бонӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо талаби Кремл Алиев сарбозонашро пас гирифтааст. Вале Бокуи расмӣ ин хабарро рад карда, гуфт, бо Маскав ягон гуфтушунуфт набурдааст. Вазъи бамиёномада метавонад доманаи ҷанги Украинаро сӯи Қафқоз кашад.

Анатолий Лукашенко, пири кор, бошад, ҳамагуна хабарро дар бораи даст доштани Армияи Беларус дар конфликти Украина рад мекунад. Ҳарчанд Ғарб дигар назар дорад, вале факту далеле то ҳанӯз нест, ки Мински расмӣ ба моҷаро дохил шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки Батко рӯирост мегӯяд, дар сурати лозима ба кӯмаки шарики стротегияш хоҳад шитофт.

Дар ин вазъи «каҷ дору марез» танҳо Майя Санду-президенти «ҷавон»-и Молдова, хатмуттаҳсили Университети Гарвард, аз ақл кор гирифта гуфт, кишвараш ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бар зидди Россия қӯш намешавад! Санду гуфт, ҷонибдори шомили шудан ба ИА ҳаст, вале пешниҳоди Брусселро қабул надорад. Зеро молдованҳо бо русҳо қаринии на танҳо хешутаборӣ доранд. Воқеан ҳам Молдова ягона кишвари аврупоист, ки ин таҳримҳоро напазируфт. Агар мепазируфт, каппаи Кишинёв ҳам дуд мекард. Чунки Приднестровйе усулан русист ва такрори конфликти Донетску Луганск ҷой дошт.

Браво, Майя. О, мана мешудааст-ку?!

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter