ХАБАРИ ДОҒ

Гурезо-гурези президентӣ…

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 Алла Пугачёва-артисти халқии СССР бо шавҳараш Максим Галкин аз Россия ба хориҷа рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки мулло-попҳои урусӣ фирори онҳоро хиёнат унвон кардаанду худи Алла Борисовна гуфтааст, дар отпуск ҳасту камакак касал. Галкин бошад, аслан номаълум чӣ иллат дорад, вале ба Исроил рафтааст-ватани бобоияш! Ҷое, ки пулу манолаш он ҷост.

 

 Артём Дзюбаи 33 сола аз даъват ба тими мунтахаби Россия сар печид. Карпин-тренери мунтахаби Россия гуфтааст, Дзюба бо ин иллат, ки хешонаш дар Украина будаанд, ба мунтахаб ҳозир нашуд. Вале Артём қаблтар аз ин моҷаро гуфта буд, ки зери сарварии Карпин ба ҳиҷ ваҷҳ дар мунтахаб бозӣ нахоҳад кард. Дзюба медонад, ки мунтахаби Россияро ба Чемпионати Ҷаҳон дар Қатар роҳ намедиҳанд.

 

Земфира-сарояндаи скандалӣ, ки бо тоҷикон низ ҷанҷолҳо дошт, аз Россия фирор кардааст. Земфира аз сулолаи сарояндагонест, ки усулан муқаддасот надоранд.

            Александр Василев-барандаи барномаи «Модный приговор», ки аз табъааи кабудшаклон аст (голубой) низ бар Фаронса фирор кард. Ӯ бо Земфира ва Аллахон акнун мехоҳанд пулҳои худро дар Аврупо ҳифз кунанд. Максим Галкин дар Исроил ба сар мебарад. Ҷое, ки зану фарзандони сарварони Украин аллакай рафтаанд.

           

 Чулпан Хаматова-қаҳрамони филми Бахтик Худойназаров-«Лунный Папа», ба Латвия рафт, ҷое, ки хонаву дару дареғе аз ҳисоби россиянинҳо харида буд.

 Валера Леонтев-ҳофизи маъруфи советӣ ва урусӣ бошад, ҷавонмардона низ фирор кард. Валерий дар Майамӣ бо қимати 3 млн доллар хона харидааст. Хонае, ки аз ҳисоби мухлисини урусаш харида буд.

-Ина ҳамитарӣ да!-гуфти бобои Ғуломи таърихиву таърифӣ. Россияро беҳтарин фарзандони фарҳангияш танҳо бо ин иллат, ки пулашонро эмбарго намонанд, тарк мекунанд. Танҳо Никита Михалков аз барномаи Бесогон аст, ки онҳоро танқиду таърифу тавсиф мекунад.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter