ХАБАРИ ДОҒ

 

02.04.2022. Интиқоли гази русӣ ба 3 кишвари Назди Балтика-Литва, Латвия ва Эстония қатъ гардид!!! Дар ин бора нашрияи Jauns.lv аз қавли Улдис Баррис-раиси оператори газкории Латвия хабар дод. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Баррис «храп»-и охиронашро задаву гуфт, «мардум бепарво бошанд, мо захираи бузурги гази урусиро дорем!». Вале храп нагузашт!

04.04.2022. Latvijas Gāze-ширкати Латвонӣ рӯзи дигари ин моҷаро, изҳор намуд, ки кишвараш тайёр аст, бо Газпром бо рубли русӣ муомила кунад. Коре, ки аккурат, 23.03.2022 президенти ФР пешниҳод кардаву 30.03.2022 зери амрномаи фурӯши газ бо рубли русӣ ба «кишварҳои ғайридӯст» имзо гузошта буд.

Тибқи ин амрнома Россия сар аз 01.04.2022 ба 48 кишвари Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки ба гурӯҳи «ғайридӯст» шомиланд, бо рубли русӣ газ мефурӯшад.

G-7 ё худ 7 бузургкишвари Аврупо, бо шумули Итолиё, Фаронса ва Германия ин талаботи шаръии Путинро рад карда гуфтанд, «ин храп намегузарад ва ҳеҷ гоҳ, ягон кишвари ИА гази русиро бо рубли русӣ намехарад».

            Ин дар ҳолест, ки истифодабарандагони бузургтарини гази ФР маҳз Германия, Австрия ва Италия мебошанд. Хотиррас мешавем, ки дар ҷамъ Газпром ба 48 кишвари ИА 155 миллиард кубометр газ мефурӯшад. Ба забони дигар 40-45% саноати Аврупо рӯи гази русӣ кор мекунад. Кор мекунад, вале ҳамаи онҳо Россияро инзивоъи иқтисодӣ кардаанд.

ВВП бо такя бар ҳамин эмбаргоҳо, ки наметавон доллару евроро вориди кишвар кард, гуфт, «мо танҳо бо рубл газ мефурӯшем, дигар ба касе ройгон чизе нахоҳем дод». Ин амри ВВП-ро коршиносон чун гардиши беҳтарини шоҳмотӣ хонда буданд. Ва инак, пас аз қатъи гази урусӣ ба Прибалтика Аврупои таърифӣ талхакаф шуд. Латвия ва сипас вазири молияи Словакия эълон карданд, ки омодаанд, гази русиро бо пули русӣ бихаранд!

01.04.2022. Гуфтаи ВВП «дар ҳолати иҷро нашудани пардохти газ бо рубли русӣ мо бо харидорон бархӯрди ҳамгуна мекунем", дар арафаи Рӯзи фиребу хандаро ИА чун шӯхии якумиапрелӣ қабул карда, миёни ҳам мегуфтанд «1 апрел-никому не вер». Вале қатъи интиқоли газ ба Прибалтика ҳушдори сахте буд ба G-7, ки акнун навбати шумост. Ва ҳарчанд Ҷо Байден-президенти Амрико қарор дод, ҳамарӯза аз захираҳои нафтии кишвараш ба Аврупо то 1 млн баррел нафт ҷудо кунад, ин ҳама пеши Лӯлаи Газпром, бо иқтидори 155 млрд метри кубӣ ҳеҷ аст. Боз дар ҳоле, ки лӯлаҳои Газпром то дохили корхонаҳои Аврупо мерафтанд, гази Байденро бояд тавассути киштӣ оварду бо мошин кашиду коркард намуда, баъд ба мардум расонид. Захираҳои умумии ИМА 1,5 млрд баррел аст ва он то кай мерасад, суолест бе посух.

Минҷумла, немисҳо роҳи раҳоӣ аз вартаро дар ин диданд, ки ба мардум гуфтанд: «Джемперу свитеру ҷӯробҳои гарм харед ва дар сардӣ бо Россия мубориза ва аз Украина дифоъ кунед!». Хоки думушта-гуфти Бобои Ғулом. Гази русӣ ба Аврупо наравад, бузургтарин коллапси сиёсиву иҷтимоӣ ин қораро интизор аст: корхонаҳо аз кор мемонанд, даҳҳо ҳазор нафар ба кӯча мерезанду миллионҳоро сармо мезанад.

Пурсида мешавад, пас гази русӣ куҷо меравад ва оё Газпром низ муфлис намегардад? Ба ин суол 2 ширкати бузурги газии Хитой- Sinopec ва PetroChina посух доранд. Онҳо бо ФР алакай сари харидории газ, бо рубл ва юан, дар ҳаҷми бузург, бо арзонии 10% омодаанд. Газ муҳимтарин силоҳ дар ин ҷанг мегардад. Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter