ХАБАРИ ДОҒ

 

30.08.2022. Пайкараи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки 13 сол пеш аз маркази Самарқанд «ронда шуда буд», ба Самарқанд баргашт! Мисле, ки ӯро дар даврони Сомониҳо душманони кӯтаҳназари тангдил ба чашмонаш нил кашидаву пеш карда буданду баъдан ба хоки пояш зор шуданд, моҷаро такрор ёфт ва то ҷаҳон боқист инчунин хоҳад монд. Зеро Ислом Каримов ба ин насиҳати Рӯдакӣ гӯш надода буд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

            Соли 2009 ин президенти худкома ҳайкали Рӯдакиро чаппа карда, чанде ба баъд пайкараи худашро ҷои ӯ гузошт…

Ҳамакнун, ки бо ташаббуси президенти феълии ҳамсоякишвар дар тамомии соҳот муносиботи 2 давлати дӯст ва ҳамсоя мусбӣ мегарданд, тасмим гирифта шуд, ки ҳайкали Рӯдакӣ дар кӯчаи ҳамномаш гузошта шавад. Брависсимо, Шавкат-ако Мирзиёев. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter