20.08.2022. Дар дили Россия, шаҳри Маскав, Даря Дугина-журналист, оҳангсоз, файласуф ва фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Воқеан ҳам, фаолони шабакаҳои иҷтимоии русзабонаки мо, ки агар дар Папуа-Гвинея журналистеро папуасҳо газанд, ҷаҳонро ба сар мевардоранд, дар ин маврид хомӯш монданд. Зеро спонсорҳоро аз даст доданӣ нестанд. Ин ҳамту, инфо барои андеша аст, ки ин «демократҳои аля русӣ-про тоҷикии умқан г…рантхӯрак», маъзарат, вале сагҳои хонагиянд, ки то командаи «фас» аз хоҷаашон нашуд, ҳаргиз намеҷаканд. Зимнан аз инҳо умедатонро канед!
Террори фавқро Маскави расмӣ чун силлие бар рӯи Кремл қабул кард ва ҳушдор дод:
-Паёмадашро мунтазир бошед…
Фармоиши Киев, Таллин ё?
Дар бастагӣ ба террор Кумитаи Тафтишотии Россия шаҳрванди Украина Наталя Вовкро дар пайгард қарор дод. Тафтишот маълум кардааст, ки дар таърихи 23.07.2022 шаҳрванди Украина Н.Вовк, Маскав омада, дар биное бо духтараш София Шабан иҷора нишаст; хонае, ки Дугина ба сар мебурд. Наталя бо чанд мошин ва тағйири рақам аз паси падару духтар-Александр ва Даря Дугинаҳо мепоист. Шабе, ки ба мошин бомба гузошта шуд, бояд худи Александр Дугин-сиёсатмадор ва файласуфи советии рус, сари чамбар менишаст. Вале бо амри тасодуф ё тасодум ӯ ба дигар мошин шишту духтараш ҷои ӯ. Чанде ба баъд бомбаи дастомухт ба кор даромад. Худи ҳамон лаҳза Наталя Вовк ба таври осемасар марзи Россияро гузашта, дар 1 ҷазираи Эстония пинҳон шуд. Маскави расмӣ мегӯяд, ин террори байналхалқист ва дар он Киев, Таллин ва ҳатто Лондон даст доштаанд. Иттиҳомоте, ки Киеву Лондон ва Таллин шадидан рад мекунанд.
Эстония-кишвари нарм ва…
Урмас Рейнсалу- вазири хориҷаи Эстония ба дархости ФСБ Россия дар мавриди ба ҷониби Маскав додани террористи эҳтимолӣ-Наталя Вовк посухи рад дода гуфт:
-Россия ба ин восита мехоҳад ба Таллин фишор орад!!!
Вале Маскав мегӯяд тамомии факту далел дар даст дорад, ки қотили Дугина маҳз Наталя Вовк аст. Вале суоле посух мехоҳад, ки чаро ин журналист террор шуд? Гуфта мешавад, бояд падари ӯ кушта мешуд, ки ӯро дар соли 2014 журнали амрикоии Foreign Policy ба гурӯҳи топ-100 «файласуфони бузурги муосир» шомил карда буд.
Александр Дугин маъруфтарин сиёсатмадори советии рус аст, ки бо либерализми Аврупо ва Амрико ҳарб мекунад ва муваффақ ҳам мешавад. Донандаи хуби забони фаронсавӣ ва англисӣ ӯ борҳо Вашингтон, Лондон, Париж ва Брусселро барои якқутбсозии олам ва тавсеъаи ҷангу террору қатлу куштор дар олам, ба вежа дар давлатҳои исломӣ, муттаҳам кардааст. Дугин ҳатто тарафдори худро дар Вашингтон дошт, бо номи гӯшнавози Доналд. Оре, маҳз Доналд Трамп, президенти ахирии ИМА, ки аз рӯи методи Дугин амал кардаву мехост Амрико рушд кунад, вале ба сиёсати глобалии ҷаҳон қӯш нашавад. Таври маълум Трамп маъзул шуду Байден омад ва хостаҳои ҷаҳонгирии Вашингтон боз амалӣ шуда истодаанд.
Маскави расмӣ мегӯяд, Наталя Вовк бо амри вежа бояд маҳз Ал. Дугинро мекушт ва ба дили мухолифини либерлизми ҷангҷӯй ҳарос медаровард. Ҳарчӣ буду нест, муносиботи бе ин ҳама таранги Аврупову Россия тарангтар шуданд ва ба гуфтаи Бобои Ғулом, «Прибалтика бо думи шер бозӣ дорад». Вазъиятро пайгир мемонем. Мо Метавонем!