ХАБАРИ ДОҒ

 

29.08.2022. Президенти Украина Влодимир Зеленский ба Армияи ФР пешниҳод кард, ки аз Украина «гурезанд». Ин иддаои президент дар мавриде садо дод, ки тибқи дастур Армияи Украина сар аз ҳамин шабу рӯз ба ҳуҷуми барқосо гузашта, «тамомии сарзамини кишварро аз русҳо озод мекунад». Зеленскийи раҳмдил ҳатто гуфт, «агар русҳо зинда мондан хоҳанд, бояд бигурезанд!». Иддаое, ки 1 солдати рус ҳам бо он розӣ нест. Баракс, ситоди қувваҳои рус дар дастаҷамъӣ бо лашкари кишварҳои худхондаи ЛНР ва ДНР тасмим гирифтаанд, ҷангро то ғалаба давом дода, байрақи зафарро дар Киев кӯбанд. Президенти Чеченистон-Рамзан Қодиров бошад, ҳатто таҳдид кардааст, ки баъди «тинҷ кардани Украина» навбати «поккоррии Полша сар мешавад!». Яъне ин ҷанг хеле давомдор хоҳад буд. Дар ҳар сурат ҷанги бе ва ё бо… маънии миёни бародарони славян-русу укроинҳо ҳамакнун ним сол шуд, давом дорад ва дар ин муддат даҳҳо ҳазор кушта аз худ бар ҷой гузоштааст. Клоссики мо, ки ифшои номаш ба озмуни китобдорӣ хатм мешавад, на беҳуда гуфта буд:

1 ҳарфи сӯфиёна бигӯям иҷозат аст?
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter