ХАБАРИ ДОҒ

Абдуқодир рӯҳи Ленинро шод кард!

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, коммунисти суп-сурх Хушвахт Хошоков (тел: 93 103 32 01) аз ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР матлаби “Зинда бод инқилоб!”-ро хондам. Раҳмати калони калон ба муаллифи он Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯям! Ин қадар бе парда пирӯзии Инқилоби Октябр ва аҳамияти он барои ташаккули давлатдории Тоҷиконро эътироф кардааст. Баъди суқути давлати абарқудрати СССР ками дар кам зиёие, аз ҷумлаи Тоҷикон ёфт мешавад, ки дар бораи Инқилоби Октябр ва саркардаи он-Ленини муаззам ба ин сатҳ суханҳо гуфта бошад. Ман аз эҷодиёти Абдуқодир аз тариқи радиои Фарҳанг каму беш огоҳам. Журналист бояд ҳар сатреро, ки иншо мекунад, ба нафъи ҷамъият бигӯяд, на ба хотири гонорар. Албатта аз ин суханони Абдуқодир арвоҳи Сарвари Инқилоб шод мегардад. Ба наздики асосгузори давлати Советӣ ва Партияи Коммунистӣ-Ленин 147-сола мешавад. Бо ин санаи таърихӣ ҳамаи онҳоеро, ки дар қалбашон меҳри доҳиро сидқан мепарваранд, шодбош мегӯям. С коммунистическим приветом!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter