Душанбе, 28 Ноябр 2016 09:46

Узви Ихвон-ал-СССР, Намозалӣ Файзов, сокини деҳаи Ҷуибодоми ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР мегӯяд, ки чаро дар ҳамин тобистон нархи пиёз дар бозорҳо арзон нашуд? Имрӯз 1 кг пиёз 2 сомонӣ, ҳатто зиёдтар аз ин. Соли гузашта ҳамин шабу рӯз 1 кг 30-40 дирам буд. Чаро вазорати кишоварзӣ ба ин нарху навои бозор нигоҳ намекунад? Чаро нархро намеомӯзанду намесанҷанд ва намеандешанд, ки сабабаш дар чӣ бошад? Ман худам, ки дар корҳои давлатӣ кор кардаам, масъулиятро ҳис мекардам. Имрӯз ягон масъулияту кордониро дар кормандони давлатӣ намебинам. Болои ин ҳоло қимати картошка ва ҳам сабзӣ боло рафтан дорад…

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 16:32

Аниқдотхабар-рубрика


25.11.2016. Соат ба вақти Душанбе 15:37 дақиқа.


 Ба телефони рақами 93 182 78 82 ба редаксияи газетаи мардумӣ СМС-паёмак омад, ки «Ҳамин ҳоло, дар рӯбарӯи ТВ Сафина, бар асари лағзиши яхӣ (гололедица), 5 нафар мурдааст»......

Чун ба соҳиби рақами телефон занг задем, маълум шуд, ки Хайрандеш будааст.

Шоири шаҳир ва закитабъ гуфт:

-Оре, ин хабар дуруст аст. Банда аз маршрутка фаромада, тарафи Бинои Баландошёнаи 24-этажа мегузаштам, ки сахт лағжида ба пушт задам. Бар асари ин афтиши ман, ки ба гуфтаи бобоҳомон «зада мурдам», 4 духтари дигар, ки ин манзароро медиданд, аз хандара мурданд...

Яъне мо 5 нафар мурдем: ман аз ғалтидан ва духтарон аз ханда.

Мо Метавонем!

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 16:10

Чандин солу моҳ аст, ки мехостам дар бораи «мухторият ва худмухторӣ» гӯям. Вале мунтазир будам,  ки ин сари ин муаммо ва проблемаи Тоҷикистони азиз, раиси Иттифоқи нависандагон-Низом Қосим ва ё муовинаш Ато Мирхоҷа ибрози андеша кардаву мардумро аз решаи ин «себи нифоқ» огаҳ месозанд, ки ҳайҳот нашуд. Интизориям тӯл, ки кашид, акнун менависам! Мо Метавонем!

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 14:31

Субҳи 26.11.1994 дастаҳои “оппозитсияи чечен”-мухолифини Ҷохар Дудаев, аз чанд самт вориди Грозний-пойтахти Чеченистон гардиданд. Оппозитсияи чечен аз 3000 ҷанговар иборат буд, ки 36 тонки Т-72, даҳҳо адад БТР ва 46 мошини ГАЗ-66 дар ихтиёр доштанд. Дар шаҳр задухӯрди шадиде ба вуқуъ пайваст ва нерӯҳои мусаллаҳи Дудаев “опозитсияро” торумор карданд. Ин ҳуҷуми нокомро бештари муаррихон аввалин алангаи ҷанги чечену рус медонанд.

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 14:14

Аз омадани сели азим дар Панҷакент ва тахрибу аз байн бурдани чандин пул 6 моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, вале то ба ҳол танҳо 1 пули одамгузар дар «Сойи Зебон» бо кӯмаки ташкилоти ғайридавлатии «Агроаксияи Олмон» сохта шудаасту халос. Бо гузашти ним соли сипаришуда сокинону ронандагоне, ки аз ин кӯпрукҳо убуру мурур мекарданд, аз набудани он то ҳол ранҷ мекашанд. Ронандагону мусофирони хатсайри №2, ки аз вайрон шудану то ба ҳол сохта нашудани кӯпруки назди ПМК-278 дар азиятанд, ҳар бор бо наздик шудан ба ин мавзеъи аз сел харобшуда ғурғуркунон зери лаб ба ҳамдигар суол мекунанд, ки кай ин кӯпрук сохта мешавад?

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 14:08

Салом, СССРи дардошно ва тавонбахши пиру барно! Имрӯз танҳо ту дарди қалби мардумро таскин бахшида метавонӣ, чунки шиори доимии ту Мо Метавонем аст! Дирӯз низ ба умеди пайсае ба даст овардан 6 сомонӣ қарз гирифтаму ба ш.Панҷакент, ба дари Агроинвестбонк-«бонки масъулиятшинос» рафтам. Боз чун ҳарвақта корафтодаи зиёде дар роҳравҳои бонк қадам мезад. Ғами мошинпулӣ сахт азобам медод. Чандин бор хостам, ки 1 бор сарвари филиали бонк-Маҳмуд Аҳроровро бубинам, вале аз пастии толеъ боре ҳам бо ӯ рӯ ба рӯ нашудам. Аз ноилоҷӣ ба назди муовинаш-Муқаддас Азизова рафта, хоҳиш кардам, ки аз корти бонкиам 6 сомонӣ гирифта диҳад, то ки 25 км роҳро пиёда тай накунам. Магар раҳмаш омад, ки ба ҷои 6 сомонӣ ба ман аз кортам 100 сомонӣ гирифта дод. Аз фурсат истифода бурда чанд корафтодаи дигар низ бенасиб намонд. Ба хона расидаму 2 ракъат намози шукронаро барои Муродалӣ Алимардон-садри ин бонк бахшида, дуои ҷони бонкдорҳоро намудам, чунки ин маблағро мошинпулӣ карда, чанд бори дигар ба суроғи маблағи хеш меравам.

Исмоил Зарифӣ,

деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:58

Барномаи “Хуршеди хотираҳо” бахшида ба ҳаёт ва рӯзгори яке аз хунёгарони Шарқ Аҳмади Зоҳири ҷовидон дар ТВ “Синамо” таҳия шуда буд, аз ҷониби ҳаводорон ва ихлосмандони ҳунараш ба хубӣ пазируфта шуда, ба дили ҳазорҳо бинанда роҳ ёфт. Аз замоне, ки барномаи мазкурро дар сайтҳои интернетӣ ҷой доданд, теъдоди тамошогарон ба шиддат афзуд. Ин барнома ҳатто дар 5 шабакаи ТВии форсизабонони Амрико бо арзи сипосгузорӣ ба шабакаи “Синамо” пахш шуд. Барои таҳияи чунин барномаи ҷолибу диданӣ ҳайати кормандони шабакаҳои ТВии  форсизабонони муқими Амрико ба ҳамтоён ва ба роҳбарияти ТВ “Синамо” изҳори сипос баён ва аз ин амали эшон истиқбол карданд. Бояд гуфт, ки чунин барномаи дилоро ягона падида дар замони муосир аст. То ҳол чунин барномаи сербинанда ва хотирмон дар шабакаҳои ТВТ таҳияву пахш нашуда буд. Фахри бузург барои мо-Тоҷикон аст, ки ТВ “Синамо” тавонист дар ин росто пешгом бошад. Ба муаллифи “Хуршеди хотираҳо” барандаи ҷоизаи А.Лоҳутӣ, корманди собиқадори ТВ ва радио, муҳаррири варзида Ғайратшоҳи Аҳмадзод барои таҳияи чунин барномаи арзишманд, ки мақбули тамоми форсизабонони дунё шуд, арзи сипос мекунем. Бешак, Мо Метавонем!

Мирзо Тоиров,

аз номи мухлисони Ихвон-ал-СССР

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:39

(ҷавоб ба мақолаи «Кӯҳистони Мастчоҳ пойбанди муллоҳост?»-и Ғозибеки Авазиён. СССР, №44 3.11.2016)

Тӯли 25 соли соҳибистиқлолии кишвар дар н.Кӯҳистони Мастчоҳ пешравиҳо дар соҳаҳои гуногун назаррас буда, аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ низ дар ин радиф қарор дорад. Муаллиф иддао дорад, ки «вақте ба аёдати беморе ба беморхонаи марказии ноҳия рафтам, беморон аз сардӣ дир-дир меларзиданд…». Тибқи Барномаи зимистонгузаронӣ кулли муассисаҳои зерин хизмати тиббӣ мерасонанд: беморхонаи марказӣ бо 100 кати табобатӣ, маркази саломатии ноҳия, марказҳои саломатии деҳоти Роғ, Мадрушкат, Эсиз, Ревомутк, Пастиғав, 12 адад хонаҳои саломати (Тагоб, Виткон, Ғузн, Худгифи соя, Лангар, Падаск, Табушн, Валғунд, Деҳманор, Худгифи боло, Ланглиф, Деҳавз), дорухона, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, муассисаи давлатии маркази иммунопрофилактикии ноҳия, ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим. Барои бо гармӣ таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ дар фасли зимистон ҳамагӣ бо ангишт таъминанд. Дигар масъалае, ки Авазиён қайд кардааст, пулситонии момодояҳо дар таваллудхонаи ноҳия аст. Дар ҳудуди ноҳия шуъбаи таваллудхонаҳои Беморхонаи марказӣ дар 3 минтақаи ноҳия-дар деҳоти Мадрушкат, Пастиғав ва Роғ фаъолият доранд ва ягон арзу шикоят нисбати духтурони амрози занона то ҳол нарасидааст, чунки нисбати солҳои пеш шароити таваллудхонаҳо дар ноҳия тадриҷан хуб ба роҳ монда шуда, мардуми ноҳия аз хизматрасониҳои духтурон розианд. Масъалаи савум, ки муаллиф ишора кардааст, ин бемории зардпарвин дар деҳаҳои Валғунд ва Устошон аст, ки гӯё ҳудуди 300 нафар ба ин гирифтор шудаанд. Ин суханҳо низ исботи худро надоранд. Мубталоёни бемории гепатит-А дар аввали соли равон 10 нафар таҳти муолиҷаи духтурони касбӣ қарор гирифта, ҳамагӣ шифо ёфтаанд. Оид ба ин масъала ҳуҷҷатҳои табобатии беморонро пешкаши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ менамоем.

Абдуамон Идиев,

сардухтури н.Куҳистони Мастчоҳ

 

саҳ 2 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase