ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:13

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мардуми оддӣ аз кулли шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ қадам ранҷа мекунанд. Дирӯз ҳангоми хариди нон шоҳиди гуфтугӯи 2 нафар гардидам. Якеро «ҳоҷибобо» гӯён дуюмӣ муроҷиат мекард. Онҳо байни худ мегуфтанд, ки «маъмурияти мактабҳо иҷборан формаҳои мактабиро харидорӣ кунониданд, ки комилан сифат надоранд! Барои он ки набераҳоямон сархам нашаванд, ноилоҷ 130 сомонӣ додем». Ҳоҷӣ дар идома афзуд: «Дар савдою тиҷорат моли нуқсдорро маҷбуран гузаронидан ҳаром аст!». Дуюмӣ гапи ҳамроҳашро идома дод: «Ҳозир боз обунаи газетҳо сар шудагӣ, ин ҳам иҷборӣ аст…».

Сиёвуши Далер,

барномасози компютер, ш.Хуҷанд

 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:06

14.10.2016 бо шавҳарам ба ҷумъабозор, воқеъ дар растаи бозори Саховати пойтахт рафтем. Мақоли «ҷангал бе дангал намешавад» дар ин бозор рост меояд. Дангали ин бозор дуздони «профессионал»-аш аст. Пуле, ки шавҳарам аз ҳисоби нафақа ҷамъ карда буд, дар ин бозор гум кард. Дуздони чобукдаст аз бепарвоии мо пай бурда, бо найрангу фитна ин сӯю он сӯ тела дода, «ист-ист» гӯён девори сунъӣ сохта, аз кисаи пеши курткаи шавҳарам 280 сомониро бардоштанд. Ёбу гир! «Сари кафида таги тоқӣ» гӯён ба касе шикоят накардем, чунки айб аст. Ба кӣ ҳам мегӯӣ, зеро касе ба додат намерасад, баръакс ба ҳолат механданду мазоҳ мекунанд. Ҳамин тавр, бе «истерика» шукри худо гуфта, бо азобу дасти холӣ ба деҳаи тинҷамон расидем. Амалиёти «К»-кисабурӣ, ҷайби харидорро сабуктар мекунад. Амалиёти «К» асосан дар ҷойҳои «толпа» мегузарад ва худи дуздҳо бо роҳи сунъӣ «толпа»-ро месозанд. Дар ҳамаи бозорҳои шаҳр муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, аммо чаро назорат суст? Ба касе арз кунем мегӯянд, ки милисаҳо бо ҳамон дуздон шариканд. Агар коргарони ҳифзи ҳуқуқ аз таҳти дил кор баранд дар 1 лаҳза дуздонро меқапанд.

Нарзигул Алиева,

деҳаи Булбулчашма, н.Ҳисор

 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:05

Ғозибеки Авазиён, муаллими собиқадор аз мактаби №9-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Дар шумораи гузаштаи СССР роҷеъ ба паҳншавии бемории зардпарвин дар қаламрави ноҳия навишта будам. Ҳоло мо-сокинони деҳа иллат ва ё сарчашмаи пайдоиши бемории зардпарвинро дарёфтем. Ҳамин дирӯз мардуми деҳа аз қубури чашмае, ки аз он об менӯшем, ҷасади бӯгирифтаи рӯбоҳро ёфтанд. Аз ҷисми беҷону кирмхӯрдаи рӯбоҳ маълум аст, ки он кайҳо мурда ба канал афтидааст. Аз чашма аҳолии 2 деҳа-Валеғунд ва Устошон об менӯшанд. 2.Абдуамон Идиев-сардухтури ноҳия матлаби «Кӯҳистони Мастчоҳ пойбанди муллоҳост?»-ро, ки дар шумораи гузаштаи СССР чоп шуд, хонда, ба ман дар сӯҳбати телефонӣ бо таҳдид мегӯяд, ки «шумо ба мо тӯҳмат мекунед. Шумо ноҳияро ноором кардан доред…».

Аз СССР: Инчунин Ашӯров Наврӯзмаҳмад, сокини деҳаи Устошони Кӯҳистони Мастчоҳ бо телефони 92 760 54 67 дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, аз аҳволи вазнини онҳое, ки ба бемории зардпарвин мубтало шудаанд, мақомоти ноҳия ягон парво надорад! Ақаллан Идиев-сардухтури ноҳия, ки худаш аз деҳаи Валеғунд асту зиндагии хусравонӣ дорад, ҳич дар фикри мо нест. Аз ӯ дида табибони маҳаллӣ 100 бор беҳтаранд, ки доимо дар ёди маризонанд ва моро тавсия медиҳанд, ки барои зидди зардпарвин гӯшти хорпуштак хӯрдан лозим. Мегӯянд, ки бояд барои пешгирии зардпарвин ҳоҷатхонаҳоро хлор занем. Аммо дар ин ноҳияи дурдасти мо бархе номи хлорро нашунидаанд… Хлор нест!!!

 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:01

Сафармад Абдураҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, аз кӯч.Ҷаббор Расулов, бо телефони 98 703 60 22 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 шикояти ҷамъиятӣ дорам. Ин ҷо танҳо ман не, балки 30 нафар соҳибмулк ба 1 мушкили сунъии бесветӣ афтидаем. Дар кӯчаи мо 1 нафар сими барқро худсарона буррид ва 30 хонаро бебарқ кард. Инак, 15 рӯз боз комилан барқ надорем. Ин нафар Хӯҷамад-ронандаи раиси Кумитаи амнияти шаҳри Кӯлоб аст ва мегӯяд, ки «ба куҷое, хоҳед муроҷиат кардан гиред, гапи шумо ба ягон ҷо намегузарад!!!». Гап сари ин аст, ки столбаи барқи 30 хонавода дар ҳавлии ӯ (дар пеши хонаи раҳматӣ Қурбони Чол) насб шудааст ва сими столбаро Идораи барқи шаҳр не, балки худи ӯ бо дастонаш бурридааст! Акнун ягона дастгири мо дар ин ҷода газетаи СССР аст ва хоҳиш дорам, ба мақомоти дахлдор расонед, ки ронандаи КГБро насиҳат кунанд. Зеро дунё бе соҳиб нест!

Аз СССР: Ҳамчунин 2 нафар бошандагони кӯчаи мазкур бо телефонҳои 98 587 32 00, 98 874 03 63 занг зада, бо тасдиқи ин мушкил хоҳиш карданд, ки масъаларо бо роҳу илоҷе ба «боло» расондан даркор. Зеро Хӯҷамад-ронандаи раиси КГБи ш.Кӯлоб бо мо тавре гап мезанад, ки гӯё мо-одамон назди ӯ ҳич касем!!!

 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 13:40

8-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар мавзеи доманакӯҳҳои “Қарсанбулоқ”-и деҳаи Коммунизми ноҳияи Панҷ 3 нафар чӯпон, сокинони ҳамин ноҳия, мардҳои синнашон аз 21 то 31-сола, аз рӯи хусумати пешакӣ барои истифодабарии қитъаҳои замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ барои молҳои хурди шохдор бо марди 40-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Панҷ муноқиша карда, сипас, бо калтакҳои чупонӣ якчанд маротиба ба сару рӯи онҳо мезананд.

Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин муноқиша марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 18-сола бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбарони ҳодисаи куштор дастгир гардиданд.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

СССР

 

 

Панҷшанбе, 10 Ноябр 2016 14:39

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ тасмим гирифтааст бо фарбеҳии зеркормандонаш мубориза бурда, нафаронеро, ки аз 100 кг бештар вазн доранд, ба шӯъбаву раёсатҳои серташвишу сертакудав гузаронад ва ё умуман аз кор дар мақомоти милитсия пеш кунад. Ба ақидаи вазир, милисаи Тоҷик бояд чусту чолок бошад ва дар сурати лозима битавонад ба таври оҷилӣ, яъне давидаву ҷаҳида  худро ба ҷойи ҳодиса расонида тавонад. Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад дар ВКД ҶТ хабар дод, Раҳимзода ахиран дар 1 ҷаласаи вазорат масъалаи фарбеҳшавӣ ва шикаммонии милисаҳоро бардошта дастур додаст, ки милисаҳое, ки вазнашон аз 100 кг зиёд аст, 2 моҳ машқ намуда дар паради идонае, ки дирӯз дар қисми ҳарбии №3502 бахшида ба Рӯзи милитсия Тоҷик баргузор шуд, бигзаранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, дирӯз 1 «коробка» - тими милисаҳои зиёдвазн аз парад гузаштанд. Ин дастури вазири корҳои дохилии кишвар хеле ҳам саривақтӣ ва муҳим аст, зеро солҳои охир аксарияти милисаҳои мо, алалхусус кормандони БДА ба ҷуз мондани шикам ва зиёд кардани вазни хеш, дигар коре накарданд ва ин барало маълум аст. Мо низ бо Раҳимзода мувофиқем, ки бояд милисаи Тоҷик чусту чолок буда дар давидану ҷаҳидан устухон надошта бошад. Ва аз ҳама муҳим вазни милисаи Тоҷик набояд аз 75-80 кило бештар бошад, нафаронеро, ки бо чунин тасмими вазир мухолифанд, Раҳимзода бояд ба раёсатҳои сохтмониву нақлиёт, кинологияву экология ва қисмҳои харбӣ равон намояд. Мо метавонем!

СССР

 

Панҷшанбе, 10 Ноябр 2016 14:32

Ракурси миллӣ-5

Ҳама чиро метавон аз мардум кашиду маҳв кард, илло хотира, носталжиро... Носталжи, ё худ хумори рӯзгори гузашта, аз вежагиҳои ракурси миллии мост. Ин хумор шояд андаке тормози ҷамъияти мо низ буда бошад, аммо чӣ ширин аст!!! Ҳафтае, ки гузашт, дар тӯли 70 сол бузургтарин ҷашнвора барои аҳолии собиқ абарқудрати шӯравиро дар таркибаш ниҳон медошт, ки ҳамакнун кам касе аз он ёд кард...

...Ин рӯзро нек дар хотир дорам. Аксарияти кулл, баччаҳои даврони шӯравӣ, мисли ман онро бесаброна интизор будем. Шаб хоб билкулл моро тарк мегуфт. Зеро пагоҳ аз модар куртаву шалвори нави рахаш ношикастаро гирифта мепӯшидем ва ана баъд... падарон ба мо 20 копеек-тин медоданд. Албатта дар дигар рӯзҳо низ кам-кам тин мегирифтем, вале усулан 3, 5 ва аксаран 10-тина. Ин кофӣ буд, ки пирожкии картофелдор ва 1 стакан "Оби 3-тина" хӯрӣ. "Бойбачаҳо" коржик мехӯрданд бо нималод, яъне лимонад. Вале маҳз дар ин рӯз мо соҳиби 20 тин мешудем!!!

Ману Аливу Давлату Ҷӯрахону Комилу Қурбону Ҳайдук-дӯстони «смерт» ин тинҳоро ҷамъ мекардему соҳиби маблағи ҳангуфти 1 рублу 40 копеек мешудем ва шаҳр аз мо буд! Ээээ, бизан, бихур, бугард ака! Пирожки? Марҳамат! Самбуса-ҳатман! Шашлик-конечно!!! Ҳатто боре ёд дорам, ки 1 шиша Бомба харидем: ин тахаллуси зебои Портвейни советӣ буд...

Олами кӯдакии моро ин рӯз зеботар мекард. Болои мошин мебаромадем ва транспоранту плакату байрақҳо дар даст, алвонҷ дода, дар Майдони Сурх, ба падари худ менигаристем: Ҳар кас ба отаи худаш!

Отаи ман аҷаб марди болобаланди бурутии чорпаҳлӯ буд! Аз миёни 1000 кас менамуд. Шофи бурутҳояш ӯро ба Будённый (Семён Михайлович 1883-1973, 3 карат қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Маршали СССР) монанд мекард. Мӯйлабҳои баланду сиёҳу зебояш аз 2 бари рӯ баромадаву аз рухсораҳои гулгунаш тавассути гӯшҳояш нурпошӣ мекард (ба чашми ман албатта!). Ордену медалҳои қатораш, ки кителашро оро медод, барои ман ганҷе буд беҳтар аз хазинаи Қорун: Дар шӯравӣ меҳнат қадр дошт. Роҳсоз, мӯзадуз, пахтачин, муаллим, инженер ҳатман бо медал қадрдонӣ мешуд. Медалҳои қаҳрамонҳои меҳнату ҷанг таҳрикдиҳандаи мо-кӯдакон ба ватансозӣ буданд. Падари ман роҳсоз буд. Дар маҳаллаи роҳсозон ба сар мебурдем. Дар шӯравӣ косибон кӯчаву гузарҳои алоҳида доштанд. 

Мӯзаҳои хироми падарам (хромовые сапоги-аз чарми сифаташ олӣ, барои афсарони Армияи советӣ буду ёфтанаш мушкилу пӯшиданаш ифтихор: ман борҳо барои бо ин мӯзаҳо лижатозӣ кардан, гӯшмол хӯрдаам!!!), ки бар замин вар мехӯрд, аз наълҳо оташ мекушод ва ман аз ин садои хирому ҷилои ин медалҳо, ин буруту ин китфу бозу чунон фараҳ мебардоштам, чунон хурсанд мешудам, чунон болида мегардидам, ки овозам ҷарангостару баландтар аз дигарон садо медод:

-Зинда бод бародарӣ!

-Зинда бод одамгарӣ!!

-Зинда бод баробарии одамон!!! 

Урааааааааааа рафиқон.... Ураааааааа!!!!

Он замон дастгоҳи идеологӣ тавре мечархид, ки мисли имрӯза аз шунуфти идайн маршировкақимоб намегаштӣ. Баракс, шаб хобамон гум буду хӯрамон ҳаром, ки кай «Праздник» мешавад. Хурду бузург дар сар ҳавои ин ид дошт. Охирон пайсаро волидайн барои пӯшокаи мо харҷ мекарданду аз рахи кӯрпаҳои талзада, копеек мебароварданд. Ба бонкҳо эътимод набуд? Ещё как буд! Падари ман СССР барҳам хӯрду аммо ба «Сбербонк» эътиқод дошт, ӯ 1 тинашро то охирин лаҳзаи умр нагузошт аз дафтарчаи пасандозаш гирем. Мегуфт, давлат барҳам рехта бошад ҳам, Амонатбонк фиреб намекунад! Зеро дар тӯли 68 соли умр боре нашуда буд, ки падари ман дари бонке рафта бошаду ба ӯ гуфта бошанд, ки «кечирасиз, извините, сори, мебахшед...пул нест!». Рахи хоби тали кӯрпаҳо барои «карманные расходы» буд. Ҳама медонистем, ки дар кадом рах пулро модарам «пинҳон» кардааст. Инро ҳатто бачаҳои ҳамсоя низ медонистанд, мисле ки мо медонистем, очаи онҳо дар куҷо пулашонро нигоҳ медорад. Аммо дуздӣ набуд! Зеро тарбият буд!!! Мо бовар доштем, ки Ин Рӯз моро сӯи коммунизми хаёлие мебарад, ки дар он ҷо шоҳу гадо баробар асту бою камбағал нест ва ҳама чиз ройгон аст, бепул аст, дастрас аст (Он чизе, ки муллоҳо имрӯз ба неомуҷоҳиддин ваъда мекунанду ба ҷанг мебаранд).

Stop! Мо имрӯз ба кӯдакони худ чӣ ваъда медиҳем? Мо ба камбағале медалу педал додаем, ки кӯдакаш шаб хоб нарафтаву субҳ, мисли ману 7 дӯсти ҳамсолам, шаб нахуфта, субҳ барвақт хеставу куртаву шими нав ба бар карда, 20 тин бар киса задаву хушу хурсанд, аз баландии мошини парад ба синаи фаррохи пур аз медали отааш нигариста, ба дил гӯяд:

-Э Худо, кай калон мешавам, ки мисли падар ба ватан хизмат кунам?...

Шояд дар он даврон бисёр чизе намерасид, ки имрӯз ҳасту дорем. Аммо дар СССР 1 чизи аз ҳама муҳим мо доштем: Бовар ба фардо! Ана ҳамин бовар буд, ки мардум мариз набуд, намемурд, дилзанаку тарбодро намедонист ва бемористонҳо холӣ буданд...

Ҳамаро бо ИН рӯзи саиди ид табрик мекунам! 7 ноябр бо ҳама бадбахтиҳош барои мо РАСС, сипас РСС ва алъон Ҷумҳурии Тоҷикистонро зодааст! Революцияи кабири ленинӣ, барои мо, хоҳем-нахоҳем, таърих аст. Зимнан, 7 ноябр, бигзор дар хотира, носталжи ва ёдҳоямон муборакатон бод, азизонам!

 

Панҷшанбе, 10 Ноябр 2016 14:15

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои махсуси генерал - майори милитсия барои хизматҳои содиқона аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ин рутбаҳо супорида шуданд. Ба рутбаҳои махсуси навбатии Генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз сарфароз гардиданд. Дар ин бораи сомонаи расмии дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.

Инчунин, имрӯз дар Рӯзи милитсия Тоҷик бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. Барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмӯъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат мебошад.

СССР

 

 

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter