ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 10 Ноябр 2016 11:35

8 ноябр бахшида ба «Рӯзи милитсия» дар ВКД-и ш.Қурғонтеппа бо иштироки кормандону собиқадорон чорабинии идона доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ШВКД, полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи милитсия» аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуд. Мавсуф зимни суханронии худ, аз ҷумла қайд кард, ки милитсия яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд. Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст. Раҷабзода аз таърихи рангину қаҳрамониҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми собиқ сардорони раёсат дар фаъолияти соҳа, ҷонбозиҳову садоқати кормандон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар пойдории ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани  ҷиноятҳо сухан ронда, афзуд, ки кормандони милитсия ҳамеша ба савганди худ содиқ буданд ва мемонанд. Сипас, муовини аввали раиси ш.Қурғонтеппа-Абдуллозода Искандар тамоми кормандони милитсияро ва наздикони онҳоро аз номи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия мардум пайи зиндагии орому осуда ҳастанд. Дар идомаи чорабинӣ бо супориши ШВКД корҳои дохилӣ як қатор кормандон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, муҳофизати манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин бахшида ба «Рӯзи милитсия» як қатор кормандони раёсат, ки дар самти фаъолияти худ саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Раҳматнома, қадрдонӣ шуданд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 09 Ноябр 2016 13:59

Назарсанҷиҳо шикасти Трампро пешгӯӣ мекарданд, вале ӯ интихоботро бурд. Номзади 70-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки 1 умр ба тиҷорат машғул буда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатӣ кор накардааст, акнун ба Кохи Сафед мекӯчад. Дар ин бора радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.

Чоршанбе, 09 Ноябр 2016 10:23

Болшевики махмалин

Инқилоби октябрӣ, ки моҳи октябри с.1917 дар Русия иттифоқ уфтод, яке аз рӯйдодҳои сиёсии бузурги асри 20 буда, таъсири амиқ ба ҷараёни ояндаи таърихи ҷаҳонӣ гузошт.

Чоршанбе, 09 Ноябр 2016 10:16

11.11.1970. Дар шаҳри Маскав Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон созмон дода шуд.

12.11.1919. Сарфармондеҳи Артиши сафед дар Сибир адмирал Колчак ҳини ақибнишинӣ аз Омск захираи тиллои Русиро, ки соли 1918 дар Қазон ба тасарруфи сафедҳо даромада буд, ҳамроҳи худ бурд. Қисмати азими тилло то ҳол пайдо нашудааст.

Чоршанбе, 09 Ноябр 2016 10:10

Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи бар дӯшдоштааш озод карда шуда ба ҷойи ӯ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. 

Чоршанбе, 09 Ноябр 2016 10:04

Президенти Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсиятсияҳои футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино дастаи футболи «Истиқлол»-ро бо ғалабааш дар Лигаи олии Тоҷикистон табрик гуфт. Дар номаи расмии роҳбари  FIFA, ки ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:  

Сешанбе, 08 Ноябр 2016 14:16

Вазорати нақлиёти Русия ба ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд аз фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат дод. Чунин мувофиқа рӯзи гузашта 7.11.2016, пас аз ҷаласаи тӯлонии намояндагони вазоратҳои нақлиёти 2 кишвар ва сохторҳои марбута ба он, ки дар Маскав баргузор гашт, расид.

Душанбе, 07 Ноябр 2016 10:19

Ин матлаб хонданӣ ва омухтанист. Зеро мубаллиғин ва роҳзанҳои ақлонӣ фарзанди собиқадори амният, корманди КГБ СССРро вақте аз роҳ зада мебаранд, фанду фиреби фарзандони мо 2х2 аст. Пас чӣ бояд кард?

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тавре ҳафтае пеш дар «Меҳмонхонаи СССР» гӯшрас карда будам, писари маро гумроҳ кардаву ба Давлати Исломӣ ба ҷанг бурдаанд. Мехоҳам нависам, ки кӣ ва ба чӣ роҳ писарамро ба ҷиҳод бурд. 

саҳ 10 аз 14

Китобҳо

Flag Counter