ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:37

Узви Ихвон-ал-СССР, Қурбонов Холмаҳмади 73-сола аз ноҳияи Ваҳдат бо телефони 900 77 06 43 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки бо боридани барфу борон якбора дар ҳама ҷо светҳоро куштанд. Дина аз маъмурияти маҳалла омада аз ҳар хонавода 5 сомонӣ гирифтанд, барои таъмири трасформатори маҳалла. Аммо бо ин ҳам барқ надорем. Ман ҳоло худам бемораму аз таги 4 қабат кӯрпа бо шумо сӯҳбат дорам ва 4 баклашкаи оби гармро дар оғӯш гирифтаам…

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:34

Узви Ихвон-ал-СССР, Рӯзимади Тоҳир аз ноҳияи Восеъ бо телефони 98 523 03 83 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ман дар бораи лимити барқ дар ноҳияамон гуфтание дорам. Ҳамин чанд рӯзи охир дар бозору мағозаву дӯконҳои ноҳия барқ ҳасту дар бузургтарин муассисаи таълимии ноҳия-мактаби миёнаи №1, ки 2300 нафар хонанда дорад, барқ комилан нест ва синфхонаҳо сарду ториканд... Чаро мақомоти дахлдор нисбат ба сиҳатии муҳассилин ва муаллимин беаҳамиятӣ мекунанд???

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:31

Сару садо дар бораи таркиш дар «Минтақаи Озоди иқтисодӣ"-и н.Данғара танҳо 1 заҳролудшавӣ будааст, ки дар пайи он 1 нафар ҷон дода, нафари дуюм шифо ёфтааст. Муовини раиси н.Шарифзода Ҷамшед имрӯз 25 ноябр дар суҳбати СССР гуфт, ки таркиш набуд, балки шаби 22 ба 23 ноябр дар минтақаи озоди иқтисоди вақте шабона дар сатил ангиштро оташ зада гарм шудаанд, дар вақти хоб аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. 1 нафар ҷон дода, дигаре дар беморхона шифо ёфтааст. Ҷавони заҳролудшуда Абдулоиқ Ҳусейнов, сокини 31 солаи деҳаи Лаҳури н.Данғара будааст.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 13:07

Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа баъди қарздории зиёд, ки гаҳ-гоҳе парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия анҷом медод, бо гирифтани 4 млн сомонӣ қарз аз бонкҳои Тоҷикистон аввал хатти парвоз ё паласаи парвозро тибқи стадартҳои ҷаҳонӣ месозад. Бекмурод Тағаймуродов-муовини раиси фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа имрӯз 24 ноябр дар суҳбати СССР гуфт: «Дар хатти парвози ин фурӯдгоҳ 165 метр паласаи нав сохта мешавад, ки дар гузашта дарозии хатти парвоз 2285 метрро ташкил медод, вале тибқи стандартҳои парвоз набудааст. Барои 165 метр 4 млн сомонӣ харҷ шудааст, аз бонкҳо қарз гирифтем, худи президент гуфта буд, талаб кард, ки бо талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯи бошад, ҳоло корҳо рафта истодаанд, ки дар сурати анҷоми сохтмони хатти парвоз бо ду ширкати Русия шартномаҳо имзо шудаанд.”

Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа гуфтанд, қарзи андозро, ки аз солҳои гузашта боқӣ мондааст, ҳар моҳ то 50.000 сомонӣ ба андозсупорандагони азим супурда истодаанд, кормандоне, ки 2 моҳ дар рухсатии бемузд фиристода шуда будаанд, дигарбора ба кор даъват кардаанд. Тағаймуродов гуфт, ки онҳо бо ширкати “Ҳавопаимоии Сибир”ва “Ширкати ҳавопаймоии Уралский”-и Русия шартномаҳои корӣ имзо карда, бо истифода додани хатти парвоз ё паласаи нави фурӯдгоҳ ҳавопаймоҳои ин 2 ширкат аз ин ҷо ба шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳанд. Зимнан фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа баъди бефаъолиятии соли 2010 фаъолият кард, ки то ин вақт гоҳе парвозҳо қатъ мешуд ва кормандон ба рухсатии бемузд фиристода мешуданд. Чандин бор қатъ шудани парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ дар ҳоле буд, ки 90%-и муҳоҷирони кории минтақаи Қурғонтеппа аз ҳамин фурӯдгоҳ ба шаҳрҳои Русия, аз ҷумла, Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара павоз мекарданд. Дар 1 ҳафта 5 маротиба парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ ба фурӯдгоҳи Домодедови ш.Маскав анҷом мешавад ва аз он ҷо ба Қурғонтеппа парвозҳо сурат мегирад

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 10:41

1 нафар зиндонӣ-Носири Амонуллохон, сокини 26-солаи шаҳри Исфара, аз тюрмаи №3/3-и ш.Хуҷанд фирор карда, амалиёти боздошти ӯ ҳанӯз ҷараён дорад. Ин ҳодиса 24 ноябр сар задааст. Тибқи сарчашмаҳо Носир, сокини ҷамоати Навгилем бо қарори додгоҳи ш.Исфара бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ, барои ғоратгарӣ 11 сол суд шуда буд: “Айни ҳол ҷузъиёти фирораш омӯхта мешавад. Ҳамзамон амалиёт барои боздошти маҳбуси фирорӣ идома дорад”.

Дар 5 моҳи охир ин ҳодисаи 2-уми фирор аз зиндони №3/3-и Хуҷанд аст. Ёдрас мешавем, ки моҳи июн аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карда буда, ҳини фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд кушта буданд. Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 25 Ноябр 2016 09:37

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” сазовори ҷоизаи “Ситораи Помир” дар бахши DME AWARDS гашт, ки он ҳамасола дар чорабинии тантанавӣ дар Маскав аз ҷониби фурӯдгоҳи “Домодедово” супорида мешавад.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, ин ҷоиза барои ҳамкориҳои дарозмуддати судманд, расму таомули миллии 2 кишвар ва авлавияти хатсайр дода мешавад ва ин маротиб он насиби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” гашт.

СССР

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 16:28

Дина шаб дар олами футбол сенсатсия баргузор гардид. Ростови Лаби Дони Русия дар Лигаи Чемпионҳо ба фаворити ҳама давру замонҳои футболи муосир, Баварияи олиҷаноби Германия пирӯз шуд!

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 11:37

Гуруғлисарои шинохтаи тоҷик, Ҳотам Ҳакимови 91-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки 60 соли умри худро сарфи гуруғлисароӣ кардааст, ба маҳфилҳои гуруғлисароии ИМА ва Ҳиндустон даъват шудааст. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ гуфтаанд, ки ӯ ин даъватро баъди ширкат дар ҷашнвораҳои байналмилалии гуруғлисароии Русияву Туркманистон гирифтааст. Бобои Ҳотам гуфтааст, ки 6 банди достони машҳури Гуруғлиро аз ёд медонад ва ин гуруғлихониро аз бобояш-Лойи Кучакшо омӯхтааст.

 

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter