ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 12:10

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самъи мусофирон мерасонад, ки бо сабаби гузаронидани корҳои техникиву тармимӣ дар тайёраҳои АН28, парвозҳо аз рӯи хати сайри Душанбе-Хоруғ муваққатан боздошта шудаанд. Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳамаи мусофирони ин хатсайр барои боздошти парвоз ва нороҳатӣ маъзарат мепурсад.

Чуноне ки ба СССР котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев хабар дод, парвозҳо ба самти мазкур танҳо ба воситаи тайёраи АН28 амалӣ мешуданд, ки иҷозатномаи дахлдор дорад. Навъи дигари тайёраҳо ба ин минтақа парвоз карда наметавонанд, зеро ин хатсайр релефи душвори кӯҳӣ дорад, хабар медиҳад Азиз Хайруллоев.

Боздошти хатсайр муваққатӣ буда, ширкат нақша дорад пас аз корҳои техникӣ парвозҳоро барқарор намояд.

СССР

 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 12:03

Рӯзи 15.11.с.2016 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. 

Гумонбаршуда, рӯзи 14.11.с.2016, тахминан соати 18.00-дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо 1 сокини ноҳияи Рӯдакӣ машруботи спиртӣ нушида, ба тарафи деҳаи Тубеки ноҳияи зикргардида рафта, дар он ҷо бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд. Дар натиҷаи занозанӣ марди 39-сола марди 54-соларо лату кӯб намуда, бо тариқи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

СССР

 

 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 10:59

Ракурси миллӣ-6

Ҳушдор: Ман сахт миллатгароям, вале миллатдӯстии ман билкулл, шояд аз 90% Тоҷикони дигар, ки позитсияи ишонро низ иззат мегузорам, фарқ кунад. Зимнан, агар дарки баҳси миллӣ надоред, ин матлабро нахонед. Шояд асабӣ шавед...

Ин субҳ 1 навиштаи хоҳари фарҳангиям дар Фейсбук, Шоирабону Раҳимҷон, ки дар турнеи ҳунарӣ дар Амрико қарор дорад, таҳрикам дод, ки ахиран ин мақоларо нависам ва ракурси бадтарини миллиро фош созам:

-Бадбахтии миллии миллати мо ин аст, ки мо Тоҷики тоза мекобем! Тоҷики тоза, яъне чӣ ва ё кӣ?

Вале қабл аз посух ба ин суол ин матлаби Шоираро хоне(м)д:

Шоира Раҳимҷон аз Нью-Йорк, ИМА: «Муҳимтарин нуктае, ки аз бардошти ин сафар мехоҳам бигӯям, ифтихор аз ошноӣ бо Ҷамъияти яҳудиёни Бухоро дар ш.Квинс аст. Ин мардум барои тарғиб ва нигаҳдории забони тоҷикӣ, тамаддун, санъати суннатии тоҷикӣ корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки месазад инҳоро арҷ гузошт. Худи баргузории фестивали "Шашмақом" дар дили 1 кишвари билкул аз фарҳанги мо бегона қаҳрамонӣ нест магар? Rafael Nektalov-ин шахс, ки сармуҳарририи газетаи Bukharian Times бар дӯшаш аст, мусиқишиноси варзида ва таъсисгузори фестивали мазкур аст. Рафаэл инсони тоҷикдӯсту тоҷикпарварест, ки дар ин сафар хусусан дар ҷараёни баргузории фестивал барои тарғиби ҳунармандони тоҷикистонӣ заҳматҳош боиси аҳсан аст. Рошел Рубинов-фарзанди устод Нериё Аминов ҳам дар ин сафар вижагии худашро дошт, ки мо эҳтироми дучанд пайдо кардаему барои ин ҳама даъват, муаррифӣ, пазироӣ миннатдории бепоёни худамонро ба ишон ирсол медорем».

Хотиррас мешавам, ки дар Амрико Фестивали Шашмақом мегузарад ва Фурқати Саиду Ситораи Кароматулло ва Шоираро яҳудиёни Бухоро даъват кардаанд... Воқеан ҳам муаррифии санъату фарҳанги мо дар хориҷи дур, дар Амрико, Аврупо ва ҳатто Исроил маҳз яҳудони моанд! Муҳимтар аз ҳама, онҳо худро Тоҷик муаррифӣ мекунанд: «Яҳудони Бухоро»-ро забони гуфтугӯ ва муошараташон Тоҷикист, яъне бо ин собит месозанд, ки Бухоро-пойтахти Тоҷикон буду ҳаст ва мемонад. Нафароне, ки ба Русия равуо доранд, медонанд, ки тоҷикакони андаке муваффақ ҳаргиз худро Тоҷик намегӯянд, аз тоҷикӣ ор доранд ва бо Тоҷикон сӯҳбат намекунанд. Пас, худ бигӯ, хонанда, ки кадоме аз инҳо Тоҷиктаранд:

Тоҷике, ки дар паспорт штамп дораду аз Тоҷик будан шарм медорад ва ё яҳудие, ки худро Тоҷик шумурдаву дар Амрико фестивали Шашмақоми Тоҷикиро мегузаронаду ҳунармандони моро даъват кардаву санъати мусиқаи Тоҷиконро муаррифӣ мекунад?

Тоҷикистон бар марҳалаи нави рушд мегузарад ва дар ин зимн мо бояд нахуст хишти бинои фарҳангу этносамонро рӯи Миллати нав гузорем. Оре, маҳз Миллати Нав! Ба пиндори сирф инфиродии ман, Тоҷик будан ба ин маъно нест, ки маҳз дар паспортат мӯҳри Тоҷик дошта бошӣ. Даҳҳо, садҳо, ҳазорон «Тоҷики асил» ҳаст, ки обрӯрези миллатанд, миллатро хор кардаанд, таҳқир менамоянд, инҳо доғи миллатанд, на боғашон. Зимнан дар даврони гузариш (оре, мо дар ин марҳала қарор дорем), бояд ба афроде арҷ гузошт, ки новобаста аз мӯҳри шиноснома коре барои муаррифии миллати Тоҷик дар ақсои олам кардаанд. Фарзи мисол, Тимур Зулфиқоров, нависандаи тавонои рус, ки худро Тоҷик мегӯяду оламро дар ҳайрат овардааст. Ва ё ана ҳамин яҳудони бухороӣ, ки мунодии фарҳанги мостанд.

Рӯиҳамрафта, бояд ҳар тоҷикистонӣ Тоҷик бошад! Намешавад? Ещё как мешавад! Дар ҳамсоякишвар 20 млн Тоҷикро тариқи зӯр ӯзбек карданд. Шуд-ку?! Қандашона зананд! Метавонанд! Мо бошем то ҳанӯз Тоҷики асил меҷӯем...

Пешниҳоди ман роҷеъ ба миллатсозии ҷадид дар ҷои ҳамвору холӣ нарӯидааст. 70 сол беш аст, ки дар мамлакатҳои пешрафта ин идеология мавриди корбаст қарор дорад. Бигирем ҳамон Амрикоро: ҳиндус, корес, чиноӣ, африқоӣ, аврупоӣ, мексикоӣ ва ҳатто русу тоҷике, ки шаҳрвандии ин кишварро мегиранд, дар 6 сония...АМРИКОӢ мешаванд ва тамом! Акнун бинед, ки Амрико бо миллати воҳидаш куҷосту мо дар куҷоем...

Миллат, соате расидааст, ки БОЯД пойбанди Давлат бошад. Дар Тоҷикистонӣ? Пас ту Тоҷикӣ! Чунин бархӯрдро замона талаб мекунад. Вагарна 100 сол ба баъд низ ӯзбекони мо зери таъсири идеологияи Тошканду қирғизҳоямон пойбанди Бишкеку русҳоямон лаббайкагӯи Маскав мемонанд ва хатароти барзиёде сари мо эҷод мекунанд. Хатои маҳзи СССР-давлати абарқудраттарини олам ин шуд, ки натавонист миллати ягонаи советӣ эҷод кунад ва аз миён рафт. Он хато, то ҳастем, бояд барои мо дарси ибрат гардад. Яъне бархӯрд ба миллатро бояд тағйир дод. Миллати нави Тоҷик, ки ҳар тоҷикистонӣ шомили он аст, бояд оварид!

Ва аз ҳама охир: 7 пушти ман Тоҷик аст. Боз фикр накунед, ки дигар чиро дар назар дорам. Ман, просто, хатарро ҳис карда, ин матлабро менависам. 

Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 10:20

Молдавани зебо

10.11.1982 қалби Леонид Илич Брежнев-котиби генералии ҲКИШ, Раиси Раёсати ШО СССР аз тапидан бозмонд. Ӯ аз с.1964 то с.1982 роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда дошт ва 18 соли ҳукумати ӯро иддае “асри тиллоӣ” ва гурӯҳе даврони “рукуди” аввалин кишвари Шӯроҳо меноманд. 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 10:04

Рӯзи 14.11.2016 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, зери сарпарастии ФИФА курсҳои бозомӯзии «Grassroots» оид ба футболи оммавӣ ё худ футболи мардумӣ ба кори худ оғоз кард. Тӯли 3 рӯз беш аз 20 мураббӣ, инструкторҳои футболи кӯдакона дарсҳои аёниву ғоявӣ мегиранд. Сарвари ин курсҳоро Александр Чернухо намояндаи вежаи ФИФА оид ба рушди футболи наврасону кӯдакон бар дӯш дорад (Белоруссия).

Сешанбе, 15 Ноябр 2016 17:29

13.11.с.2016, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардид. Ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” пайдо карда шуд.

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти  Прокуратура рӯзи 14-уми ноябри соли равон, муайян карда шуд, ки 3 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва 1 нафар сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ин ҷинояти куштор даст доштаанд.

Айни замон гумонбаршудагон  дар ҳабси пешакӣ қарор дода, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

СССР

 

 

Душанбе, 14 Ноябр 2016 13:23

Ҳайати эҷодии ожонсии итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс - Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 - юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 фаъолияташро қатъ менамояд.

Душанбе, 14 Ноябр 2016 10:11

Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳрҳои баргузидаи ҷаҳонӣ, аз қабили Рим (Италия), Афин (Гретсия), Ашхобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи кулли хайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ  ба Ҷоизаи  «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди  “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд. Ин ҷоизаро ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Ченг Гуопинг – раиси Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» рӯзи 11.11.2016 дар ваъзияти тантанавӣ  супорид.

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter