Душанбе, 21 Ноябр 2016 09:47

Солҳои бачагию наврасиро бо ормони ширин ёд мекунам. Маоши колхоз зиёд набуд, аммо шиквае ҳам надоштем, киштаҳои рӯи ҳавлӣ, поразамини  хоҷагӣ ҷудокарда, маҳсулоти чорвои шахсӣ 1 тарафи зиндагиро мебардошт. Ҳоло низ ҳамон замину ҳамон саҳро, ҳамон одамонанд. Лек агар он айём 1 пора замин, канори роҳу лаби ҷӯйбор ҳам холӣ намемонд, имрӯз заминҳои зиёде шӯрзадаю хорзада мондаанд, зеро онҳое, ки дар ин заминҳо кор мекарданд, муҳоҷир шудаанд. Аксари онҳо шояд барнагарданд, чун шаҳрвандии Русия ё кишвари дигарро пазируфтаанд. Гоҳо фикри он, ки баъди чанд сол Тоҷикистон кишвари бознишастагон мешавад, касро ба воҳима меандозад. Фарзандони ман ҳам дар ҷустуҷӯи музду кори хуб ба муҳоҷират рафтанд. Кори шоиста доштанд, вале ман нахостам дар муҳоҷират меҳрашон ба замини хуни нофашон рехта коҳиш ёбад, наберагон моро «дедул» ё «бабул» гӯянд. Хуллас, бо хоҳиши мо дигар роҳи муҳоҷиратро фаромӯш карданд, вале чун аз рӯи ихтисос кор наёфтанд, бо парвариши чорво дар ҳавлӣ машғул шуданд. Вале барои чорво хӯрокаву эм ҳам лозим-ку?! 

Душанбе, 21 Ноябр 2016 09:03

Тавре дар шумораи гузаштаи СССР гуфтем, мухбири мо аз 26.10.2016 то 5.11.2016 бо супориши редаксия дар ш.Дубай қарор дошт ва дар гузориши нахустин аз пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, дар бораи вазъи шаҳрвандони Тоҷик, шуғли онҳо дар Дубай ва пинҳонкориҳои духтарони танфурӯш мегуфт. Ҳоло дар идома, аз Дубай дар бораи даллаҳои Тоҷик ва тиҷорати духтарони мо, фаъолияти сафорати ҶТ дар АМА ва бахши консулии он дар Дубай қисса мекунем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 18 Ноябр 2016 08:49

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Ҷумъабой Ҳакимов, аз деҳаи Устошони ноҳияи Мастчоҳ (тел: 92 762 62 99) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман маҷрӯҳи гурӯҳи 1 ҳастам. 1 савол дорам: Чаро нафақаи ман зиёд нашуд? Соли таваллудам 1952 асту 332 сомонӣ нафақа мегирам. Ин миқдор пул дар зиндагиам аслан намерасад ва ягон кӯмакпулӣ ҳам нест. Дар давраи шӯравӣ ронанда шуда кор кардаам, баъдан дар заводи равғанбарорӣ фаъолият намудам. Инак, 5 сол боз касал ҳастаму ҳич роҳ гашта наметавонам… Ман бо дилу ҷон мехоҳам кор кунам, аммо афсӯс имконият нест. Агар не, ман мӯҳтоҷи нафақа ҳам нестам…

 

Ҷумъа, 18 Ноябр 2016 08:42

Собиқадори китобхона-Абдусалом Муҳиддинови 68-сола, сокини деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву мегӯяд, баҳси босмачиву Ленину Сталини газетаи СССРро агар худи русҳо имрӯз хонанд, аз ханда рӯдакаф мешаванд. Аз Ленин, ки дар Маскаву Киев 100 сол безоранд, чанд Тоҷикаке дар ғами ӯ тайёранд, қурбон шаванд. Худи авлоду аҷдоди Ленин бар бузургии ӯ шубҳа доштанду мо ин қадар ихлос дорем. Бовар кунед, ки шарм аст. Бо дилу ҷон СССРро хоҳиш дорам, ки чунин матолиби бемаъниро чоп накунад. 93%-и аҳолии кишвар мусалмонанд! Баҳсе, ки аз марз гузашт, ба мараз табдил меёбад.

 

Панҷшанбе, 17 Ноябр 2016 16:12

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 10 моҳи соли 2016 ба 949,2 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ба 511,1 ҳазор мусофири рафта ва 438,0 ҳазор мусофири омада.  Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, дар ин давра миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1853 тн.- ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 122,5 тоннаро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад, аз он ҷумла, асал -721кг, тути хушк 16278 кг, мевагӣ 104697кг., сабзавот 864кг.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар даҳ моҳи соли 2016, аз он ҷумла рейсҳои доимӣ– 4431  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ 286 адад ва рейсҳои чартерии  нақд 30 ададро ташкил доданд. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил мекунад.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 17 Ноябр 2016 16:08

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҶТ аз 19 ноябри соли равон пастшавии боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат мекунанд, тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ дошта бошанд. Хуб мешуд, ки бе зарурат иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.

СССР

 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 16:49

Имрӯз, 16 ноябр 1 соҳибкор-Саидҷафар аз ш.Қурғонтеппа ба хонаи пиронсолони шаҳре, барои онҳое солҳои тӯлонӣ дар ин хона зиндагӣ доранд ва аз фарзандони онҳо дараке нест, сарулибоси гарм, курпаҳои нарм ва озуқаворӣ хайр намуд. Инчунин, дар ҳамин вақту соат, дар масҷиди марказии шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ш.Қурғонтеппа барои 20 оилаи камбизоат орду равған ва халтаи картошкаю пиёз кумак расонида шуд. Ин ҳама кӯмак ба Рӯзи Президенти кишвар буд!

Баҳодур Уроқов

 

Чоршанбе, 16 Ноябр 2016 14:18

Чорабинии маърифатӣ, сиёсию варзишӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти ҶТ дар ШКДи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Сардори ШВКД полковники милитсия Назарзода Толиб Ҳаким зимни суханронӣ қайд кард, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тағйирот дароварда шудааст. Раиси ноҳия-Баҳодурзода Абдуҷаббор гуфт, ки Президенти кишвар Э.Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар,эҳёи давлати миллӣ,таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тағирот даровада шудааст. Минбаъд ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Перезиденти кишвар бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Баҳодур Уроқов

 

саҳ 6 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase