ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 11:11

Дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл) 1 педофил 16 сол ба ҳабс маҳкум шуд. Муҳидинзода Сайфуддин-муовини суди вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Хидиров Тағойбек (с.тав.1964) бо гумони он, ки ҳамсояаш Қурбонов Сафармаҳмад тахмин 3 сол боз бо ҳамсараш Муродова Ашурбӣ муносибати марҳамона дошта, пинҳонӣ ишқварзӣ мекардааст. Хидиров аз ин рафтори онҳо дар байни сокинони ҷамоати деҳоти Навзамин деҳаи «Умед»-и ноҳия худро беобрӯ ҳис карда, дар заминаи чунин бадгумониҳо даст ба ҷиноят мезанад. Ӯ бо мақсади қасос ситонидан, Давлатмоҳи 8-сола, духтари Қурбоновро  дар теппае бо баҳонаи пистахӯрӣ ҳамроҳаш бурда, ба номусаш таҷовуз мекунад…  Суди вилоят Хидировро бо моддаи 32-и қисми 3-138, қисми 3 банди «а» КҶ ҶТ 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Баҳодур Уроқов,

СССР, вил.Хатлон

 

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 10:41

18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» ҳангоми азназаргузаронӣ 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид карда шудаанд, дарёфт ва гирифта шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст. 

Бино ба иттиллои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, номбурда тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан 1 қисми онҳоро дар мӯҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст. Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б.Ҳ. ва дигарон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Б.Ҳ. ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 10:38

Ҳафтаи гузашта дар ш.Душанбе нархи гази моеъ 12% поин рафта, арзиши 1-литри газ аз 3,40 дирам то 2,80 дирам расид. Дар ш.Хуҷанд низ низ арзиши 1 литр газ то ба 2,60 дирам арзон шудааст. 

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 10:26

Дар натиҷаи бархӯрди 2 мошини тамғаи "Опел" дар назди чорроҳаи кинотеатри "Ватан" дар пойтахт, яке аз онҳо оташ гирифт. Аз ВКД ҶТ гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст:  "Танҳо яке аз ин мошинҳо бинобар сабаби техникӣ оташ гирифтааст. Ҳоло сабабҳои ҳодиса маълум карда мешавад." Ба гуфтаи ВКД, танҳо ронандаҳои ин 2 мошин ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

 

Панҷшанбе, 24 Ноябр 2016 09:48

Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳои пурбарфу сард ба навбатдории шабонарӯзӣ гузаштаанд.

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз доштанд, чунин тасмим ба хотири таъмини фаъолияти бемонеаи фурӯдгоҳ дар чанд рӯзи сарди охир гирифта шудааст. Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯзҳо аз рӯи реҷаи муқаррарӣ кор карда то ба имрӯз дар пешвоз ва гусели ҳавопаймоҳо мушкиле пеш наомадааст. Тамоми хадамотҳои фурӯдгоҳ ва 245 адад техникаи кориву нақлиётӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

СССР

 

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 15:29

20.11.2016. Мадрид. Варзишгоҳи «Висенте Калдерон». АтлетикоVSРеал.

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 14:46

22 ноябр дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили адабӣ бахшида ба гиромидошти нависандаи маъруф ва сермаҳсули тоҷик, шодравон Аброр Зоҳир (15.01.1965 - 22.11.2015) доир гардид.

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 10:22

Ракурси миллӣ-7


Воҳима аз вежагиҳои усулии миллии мост! Ҳангома, сенсатсия, ҳаросангезӣ, эми тарсу ларз ба атфол, аз таъсироти психологиеанд, ки мо хеле дӯсташон медорем. Намедорем? Ещё как медорем!


 Фарзи мисол, тифли нав таваллудшударо бо тарс мехобонем. Урррр алаёёё. Чашмота пӯш, ки буҷук мехӯрад! Калонтарак шуд: Духтуррррр! Биё уколаш кун, ки хоб намеравад. Боғчаравак, ки шуд, тез-тез пӯш, ки милиса меқаппад! Мактабраваку кӯчадаваку институтгардак шуд...дальше-больше: он ҷо, аллакай, облава, декану кураторҳои ришваситон, КГБ, коррупсия, ҷосусон, наркоманҳо, ғоратгарон, террористон мунтазири кӯдаки моянд... Мо 1 ҳамсоя доштем, ки ӯро бо исми Қобил метарсониданд: «Аловиддин даматро гир, ки Қобил омада мекушад!». Қобилҳо зиёданд дар кӯчаву деҳоти мо, бобои Ғулому Карим-бангӣ, Қосим-босмачу Сафар-полвону Насими ғӯл ва садҳо қаҳрамонҳое, ки барои кӯдакону наврасону ҷавонони мо нақши калидии аҷуку буҷук мебозанд. Воқеан ҳам, он ҳамсояамонро чанде пеш дар пойтахт дидам, ки гуфт, ако, бовар кунед, ҳоло ҳам аз Қобил метарсам. Дар ин гирудор аҷобаташ ин аст, ки ин мард, оре ҳамакнун аз 45 гузаштаст, дар умраш боре ҳам Қобили хулиганро надидааст...

Вале агар фикр кардед, ки мавзуъи ракурсии ман ҳамин ҳаросангезӣ бар қулуби атфоли мову шумост, ғалат мекунед. Мо ба дили миллат ҳамарӯза ҳарос меандозем. Дур намеравем ва ҳамин «воҳимаи сафед», ки тавассути тамомии расонаҳои расмиву шахсӣ, атрофи сардии ҳамагӣ -2 градус (!!!) кардаамонро мегирем. Дирӯз Суҳробшоҳ, ҳамкорамон мегуфт, савганд ба номи Худо он қадар атрофи ин сардиву барф воҳима карданд, ки аҳли байти маро шаб хоб набурд. Фикр кардем, ки пагоҳ қиёмат қоим мешаваду Яхбандии Бузурги навбатӣ Тоҷикистонро ба комаш мекашад...

ТВ мемонӣ, талхаатро бонуе аз Маркази ҳавосанҷӣ мекафонад! Радиоро гӯш кунӣ, капут, ях мебандем!! Газетаро кушоӣ, SOS... гурезед, заврақи наҷот танҳо дар Африқост!!! Интернетро кушоӣ... Беҳтараш накушоед, ки дақиқан пеши Шайх Тимур тумори тарсгирӣ медавед...

Ин воҳима дар ҳолест, ки фарзи мисол, ҳамин шабу рӯз, дар Ёқутистон то 40-50 дараҷа сард асту чукчаҳо таки фуфайка гаштаанд. На барқ доранд, на аловӣ, на ҳезум, на нафт ва ҳатто на хона!!! Вале касе онҳоро наметарсонад ва дар виг-вамҳои бобоӣ чубуқ бари даҳан роҳат гармии деринтизори баҳориро, ки аккурат, 8 моҳ пас мерасад, интизоранд. Стоп! Дар мо чӣ? Гармӣ 8 рӯз пас медарояду чунон метарсонанд, ки фикр мекунӣ, мо чукча бошему кишварамон Ёқутистон ва рӯи офтобро 8 моҳ нахоҳем дид.

«Воҳимаи сафед» 1 тарафи кор аст. «Воҳимаи сабз»-ро намегӯед? Замони ахир бо Давлати исломӣ чунон моро тарсондаанд, ки бовар кун, хонанда, аксарият аллакай таслим шудаем ба ин ҳаракати иртиҷоӣ. Дар расонаҳои мо онгуна воҳима атрофи ин зуҳуроти бади мазҳабист, ки ҳар шаб пеш аз хоб фикр мекунӣ, ки пагоҳ мехезему байрақи сиёҳи ДИИШ рӯи бомамон овезон аст. Ончунон бо воҳимаи сабз моро фарогир печидаанд, ки наъузанбиллоҳ, дили мардум аз исломи асилу мазҳаби бобоӣ низ сард шудааст: Эффекти воҳимаи сафед...

Ман ростӣ, намефаҳмам, ки чаро воҳимаҳои сафеду сабз позаҳру тарёке надоранд? О, ахбори позитив зиёд аст. 1100 ҷавони мо дар Сурия меҷангад. Падидаи бадест, оре, розиям. Вале чаро 4 миллион ҷавони Тоҷик, ки дар сар ҳавои дунявият, прогресс, таҳаммулпазирии Ҳанафӣ доранд, бояд аз 1100 нафар экстремист тарсанд? Мо онҳоро тӯронидан дорем!

Вале агар баргардем сари воҳимаи сафед. Ҳазорсолаҳост, ки миллати шарифи Тоҷики тоҷбарсар аз боришоти барфи нахустин ҷашн мегирифт, ид барпо мекард. «Барфӣ» маъракаест, ки бо резиши пағаи нахусти барф хурду калон тантанаҳо баргузор мекарданд. Деҳаҳо саршори нишот мешуд. Зиёфатҳои шоҳона меоростанд. Барфӣ менавиштанд, ки усулан ингуна шуруъ мешуд:

Зарра-зарра барф меборад сафед,

1 зиёфат аз шумо дорем умед... 

Миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо 2 падидаро ҷашн мегирифт: Барфи аввал ва гули нахустин. Вале шукӯҳу шаҳомати маъракаи Барфӣ дигар, хеле фарқ ва хушбинкунанда буд. Фикр доред, ки 4-5 ҳазор сол пеш бобоҳои мо барқу газ доштанд, ки аз сардӣ намеҳаросиданд? Неъ! Онҳо ҳам хунук мехӯрданд, албатта, вале чун воҳимачиҳои расмии электрониву чопӣ надоштанд, дилашон гарм буд. Дил гарм, ки бошад, касеро сармо намезанад!!! Бовар кун, хонанда чунин аст ва нишоту тантана кун, аз Барф ҷашн гир ва бо Барф биомез, наҳарос, Барф ин ҳосил аст, Барф ин хатми грипп аст, Барф маҳви кирму чирму ҳашарот аст, Барф ин коҳиши амрози барангезанда аст, Барф ин адами вирусҳост, Барф ин сапедист, Барф боварӣ ба фардост, Барф умед ба зиндагонист! Зимнан Барфи нахустин муборак, ҳамватан:

Зарра-зарра Барф меборад ба фармони Худо,

Барфи нав аз мову барфӣ аз шумо!!!

Мо Метавонем!

 

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter