ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 14 Ноябр 2016 10:06

Аслан Ленинизм идеологияи бегона танҳо барои кишварҳои аз асорати СССР раҳошуда нест, балки ин сиёсат дигар дар гаҳвораи маъмурии худ-Кремл низ арзишҳои худро гум кардааст. Аммо дар сатҳи баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вил.Хатлон пайкараҳои Ленин то ҳол дар кӯчаву хиёбонҳо побарҷост. 

Душанбе, 14 Ноябр 2016 09:59

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон И.К., сокини н.Турсунзода, дар давлати Сурия дар ҷанги муқобили сохти конститутсионии ин кишвар иштирок карда, ҳамзамон хешу табор ва дигар шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба гурӯҳи террористии ДОИШ ҷалб мекардааст.

Душанбе, 14 Ноябр 2016 09:52

Дуруд ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумӣ, аъзои Ихвон-ал-СССР ва инчунин ба ҳамаи хонандагонаш. Ба шумо умри бобаракат, дар корҳоятон пешравиҳо хоҳонам. Мунтазам мақолаҳои газетаро мехонам ва дар ягон шумораи он ҳарфи нодаркорие нест. Хонданро аз «Сухани рӯз»-и СССР ва сармақолаи сармуҳаррир-Сайёфи Мизроб сар мекунам, ки дар он проблемаи имрӯзаи мардум ба таври ошкоро баён мешавад. Умуман, навиштаҳои С.Мизроб ҳарҷиҳата буда, хонандагонашро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд. Аз сафаргуфтаҳояш дар бораи кору бори мардуми дигар давлатҳо бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст. Дар охир аз муаммоҳои ҳамшаҳриям Урмонҷон Ибромов (рӯҳашон шод бод) 2- тояшро пешкаши хонандагон мекунам, ки агар касе хоҳаду тавонад аз ин 2 муаммо 1 китоб менависад. 1.РССТ-Роғуни санглохро созем Тоҷикона. 2.Раҳмон сулҳпарвари содиқтарин Тоҷик. (СССР, №5(178), 7.02.2012).

Бародарамон бо номи Кишан Шамсиев гуфтааст: «Худи ҳамин Савфат дар умраш  ягон нафарро тарбия карда, роҳи ростро нишон додааст?» (СССР, №37(418) Ҳеҷ гоҳ бо ҳамкасбам баҳс карданӣ нестам, аммо ин суханҳоро дар ҳаққи журналисти газетаи СССР нораво мешуморам. Бо Сафват ягон маротиба во нахӯрдаам, аммо одамшиносу оламшиносу исломшинос будани ӯро дар муддати 5-6 сол аз мақолаҳояш мешиносам. Ҳамаи он чӣ ки Сафват навиштааст хислати тарбиявӣ дошта, чандин касро аз роҳи каҷ ба роҳи рост бурдааст.

Нозимҷон Холматов,

узви Ихвон-ал-СССР, ш.Исфара

 

Душанбе, 14 Ноябр 2016 09:48

Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳалим Ҳайдаров, нафақагир аз деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам. 1.Муллову ҳоҷиён… имрӯз дар маъракаҳо дар бораи Қуръон ва аз Қуръон чӣ мавъиза мекунанд, худашон намедонанд, зеро забони арабиро балад нестанд. Бо ин вуҷуд, мардуми авом ба муллоҳо бовар доранд. 2.Дар мактабҳои мо хонандагоне ҳастанд, ки синфи 11-ро тамом карда, ҳарфҳои хати форсӣ ё англисиро аз ёд намедонанд. Мо бояд илму адаб ва гуфтору рафторро аз рӯи навиштаҳои бузургони Аҷаб омӯзем, на аз арабҳо. Фаҳмида монед, ки «модар»-и Қуръон «Авесто»-и Аҷам асту писарҳои ӯ бузургони Аҷам.

 

Душанбе, 14 Ноябр 2016 09:44

Ёрмуҳаммад Ниёзов-директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ бо телефони 221 53 97 ба СССР занг зада гуфт, ки дар чанд шумораи газетаи СССР матлаби Султон Наврӯзов аз китоби эшон чоп шуда истодааст. Ман эҳтиромона хоҳиш дорам, ки акси муаллифони моро (манзур акси Номвар Қурбонов аст-СССР) чоп накунед. Беҳтараш чопи ҳамин матлаби устод Наврӯзов дар газетаи умумиҷумҳуриявӣ, ба фикри ман дуруст нест, зеро вазъият ҳамин шабу рӯз бисёр нозук асту хатарзо. Шояд муаллифони моро атеист гуфта, зери таҳдид бигиранд, зеро амнияташон таъмин нест. Оё худи СССР метавонад, ки амнияти онҳоро таъмин кунад???

Аз СССР: Бо 1 ҳарф метарсед??? Ин баҳси илмист устод ва майдон аз далер аст. Шумо фикр накунед, ки Тӯраҷонзодаҳо барои нашри ин матлаб кормандонатонро ҷазо медиҳанд. Бе ин ҳам китобро онҳо хондаанд. Вале агар сахт метарсед, нанависед-дия. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:28

Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзе кормандони давлатӣ, ҳунармандони шинохтаи Тоҷик дар бозу, салони мошину утоқҳои кориашон тумор насб мекунанд ва барои монеъ шудан ба касбу кори дигаре, бастани роҳи рушди рақибаш аз сеҳру ҷоду кор мегиранд...

Хуб медонем, ки хурофотпарастии Тоҷикӣ аз гаҳвора сар шуда то гӯр идома меёбад ва ҳамаи онро номбар кардан аз имкон берун аст. Хурофот на ба дин такя мекунад, на ба илм. Он ҷомеаро ба гирдоби ғаму андӯҳ гирифтор ва барои рушди миллат монеа эҷод мекунад. 

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:22

Тоҷикон дар Дубай аслан миёнаравӣ, пӯстинфурӯшӣ, ҳамдигарфиребӣ ва... танфурӯшӣ мекунанду Консул намехоҳад бо журналистони ватанаш во хӯрад.

Ҷумъа, 11 Ноябр 2016 17:19

Ахиран, баъди нашри матлаби танқидӣ дар газетаи мардумии СССР роҷеъ ба баланд будани нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон, комиссияи вежае таъсис ёфт, ки мехоҳад сабабҳои боло будани қимати чиптаҳоро муайян созад.

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter