ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 09:56

Чемпиони феълии Тоҷикистон - клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахт, шоми панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Ҳаятт Реҷенси Душанбе” панҷумин унвони қаҳамонияшро таҷлил кард. Чорабинӣ, ки аз рӯи гуфти президенти клуб Шоҳрух Саидзода нақшаву идеяи баргузорияш ҳамагӣ ду рӯз қабл болои коғаз матраҳ шуд, воқеан ҳам дар сатҳи хеле баланд  доир гашт.

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 08:52

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ бо назардошти ҳавои сард ва боридани барф дар кишвар то охири ҳафтаи равон, сокинони мамлакатро ҳушдор дода тавсия  медиҳад, ки барои чанд рӯзи оянда сӯзишворӣ ва хӯрока захира намуда бесабаб ба кӯча набароянд.

Чуноне ки маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, шаҳрвандон барои гарм намудани манзили хеш бояд аз асбобҳои гармидиҳии боэътимод истифода бурда шамъ, фонус, доруворӣ, оби тозаи ошомиданӣ ва бистарҳои гармро дар наздикии хеш нигоҳ дошта аз истифодаи асбобҳои худсохти барқӣ худдорӣ намоянд.

 

СССР

 

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 08:47

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо 1 қарори вежаи худ шахсони мансабдори Ҳукумати шаҳри Душанбе муваззаф кардааст, ки навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монда назорати пайгиронаю вокуниши фаврии сохторҳои марбутаи шаҳриро ба роҳ монанд.

Душанбе, 21 Ноябр 2016 14:55

Ҷӯрабек Муродов-ҷӯраи наздики Набиев, дар толори Шӯрои Олӣ бо исрор, дар назди камераи ТВ талаб кард: 

-Рафиқ Маҳкамов, мардӣ кунеду бинои Шӯрои Олиро тарк кунед! Рафиқ Маҳкамов 1 мардӣ кунед!

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Чанд шумора пештар ба хонандагони СССР қавл дода будам, ки роҷеъ ба Раҳмон Набиев-собиқ Котиби якуми СеКа (Кумитаи Марказӣ) ва собиқ президенти ҶТ менависам. Хуб, Набиев аз назари ман чӣ касе буд, ҳоло дар зер мегӯям:

Душанбе, 21 Ноябр 2016 14:42

Суди вилояти Хатлон 8 сокини н.Қубодиёнро бо иттиҳоми талоши пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мутаносибан аз 1 то 21-солӣ аз озодӣ маҳрум сохт. Бойзода Темур-муовини суди вилоят дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ин 8 тан-эмомхатиби деҳа Исроил Намозов, бародарон Шоир, Аҳдам ва Одилҷон Шербековҳо, Хайрулло Сафаров, Музаффар Очилдиев, Отабек Эргашев ва Холмурод Имомов-сокинони деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”-и н.Қубодиёнанд. Додгоҳ тибқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне "ташкили иттиҳодияи экстремистӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва ё динӣ” ва "барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҷараёни низои мусаллаҳона" муҷрим шинохтааст.

Имомхатиби Давлати исломӣ

Намозови хатиб солҳои 1995 барои гирифтани маълумоти динӣ ба вил.Сурхандарёи Узбакистон, назди «Домулло Муҳиддин» таълимоти динӣ гирифта, ақидаҳои динии ифротиашро қавӣ сохта, ба ташкилоти террористии «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Узбакистон») шомил мешавад. Ӯ давоми солҳои 2013-2016 дар манзили истиқоматии худ, дар деҳаи Навбаҳор ба таблиғи иттиҳоди ҷиноятӣ-ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» машғул шуда, ҳини амри маъруф ва баргузории маросими «Ақиқа» дар хонаи Мамадиев Умар, ҳамдеҳагонаш Мамадиев Абубакр, Мамадиев Раҳматулло, Мамаюсупов Муҳаммад ва чандин афроди дигарро ба ташкилоти террористии ДИИШ шомил карда, дар вуҷуди мардум кинаву адоватро баҳри маҳви сохти кониститутсиони Сурия барангезонида, барои ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ-ташкилоти террористи ДИИШ равон кардааст. Айни замон Абубакр, Раҳматулло ва Муҳаммад ба ин ташкилоти ҷиноятӣ шомил шуда, дар Сурия ҷангида истодаанд.

Ҳама ба фронт?

Намозов инчунин то боздошт дар хонааш мунтазам тавассути интернет сайтҳои «Однокласники» ва «Ватсапп» бо ҳаммаслакони худ дар тамос шуда, якҷоя нақшаи бо таври оммавӣ даъват намудани ҷавонони деҳаашро дар амал мекашиданд. Дар ҳамин ҳол, дар Шаби Қадр Исроил Намозов роҷеъ ба фарз будани ҷиҳод амри маъруф ва ҷавононро барои сафар ба Сурия таблиғ карда, онҳоро аз нуқтаи назари меъёрҳои исломӣ баҳои мусбӣ дода, мегуфтааст, ки «зидди шиамазҳабон ҷангидан миёни кофару мусалмон оғоз шуда, ҳар касе ҷанг кунад, шаҳид шуда, дарҳои ҷаннат ба рӯяш боз мешавад ва фарз аст».

Бойзода Темур гуфт, аз ин гурӯҳ ҳамчунин адабиёти ифротӣ ва 200 аксу навори таблиғи созмони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла, навори даъват ба ҷиҳод кардани Гулмурод Ҳалимов-собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД ҶТ дар компютерашон кашф шудааст, ки ҳама таблиғи ғояҳои ифротгароист.

Давоми ҷиҳод дар...зиндон...

Суди вилоят нисбати Намозов Исроил бо моддаҳои 187, қисми 2,307 (1) 307 (4) қисми 1, ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум сохтан ва дар колонияи низомаш сангин ҷазо таъин кард ва аъзои ин гурӯҳ-Шербеков Шоир 18 сол, Очилдиев Музаффар 13 сол, Сафаров Хайрулло 13 сол, Иргашев Отабек 1 сол, Ориф 1 сол, Адҳам 1 сол, Имомов Холмуҳаммад 1 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Одилҷон Шербеков-падари 3 ҷавони маҳкумшуда дар занги телефонӣ гуфт, ки албатта ба ҷигарбандонам дилам месӯзад, аммо чун онҳо гунаҳкоранд, пас ба ҳукми суд эътирозе надорад. Шарипова Тоҷинисо-муовини раиси н.Қубодиён дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР  гуфт, аз худи ноҳия 62 нафар, ки қисми зиёдашон аз ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқолиятанд, дар давлати исломии Сурия меҷанганд.

Баҳодур Уроқов

хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон

 

Дар ҳамин маврид: 

 Марги ат-Тоҷикон дар Мавсул

Абуабдуллоҳи Тоҷикӣ ва Ҳамзаи Тоҷикӣ, 2 ҷангии номӣ ва мубаллиғони Давлати исломӣ нимаи ҳафтаи гузашта дар Мавсули Ироқ кушта шудаанд. Инфои бештаре дар бораи ин 2 тан нест ва ному насабашон комилан номаълум аст. Аммо аз ишораи аввалӣ дар саҳифааш Farkhor-22 бармеояд, ки шояд ӯ аз Фархори Кӯлоб бошад. Алан Чекранов ё худ Абу муҳаммади Тоҷикӣ аз н.Шаҳритус бошад соли қабл дар 1 ҳамлаи инфиҷорӣ худро тарконд. Ат-Тоҷикӣ, яъне мансубияти миллӣ гирифтани ҷангиёни ДИИШ мубаллиғу таккондиҳандаи дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба давлати исломӣ эҳсоси пайвастан доранд. 

Бо ин ҳама, хатари бузург ин аст, ки ҳамагӣ 25 сол қабл сокинони ӯзбакзабони минтақаи Қӯрғонтеппа ва Тоҷикони водии Кӯлоби вил Хатлон бар зидди, ба масал, ғармиҳои исломӣ бархоставу барои дунявияти ҳукумати кишвар ҷангида буданду имрӯз маҳз онҳо ҷомаи экстремизми исломӣ мепӯшанд. Шоҳидони ҳол ва воқифони асрор мегӯянд, миёни исломгароҳои шодихӯрдаи Давлати исломӣ сокинони «ғармии ин водиҳо» ниҳоят каманд, агар гӯем, ки нестанд.

Пас идеологу психологҳои мамлакат бояд ин равандро биомӯзанд, ки чаро маҳз онҳое, ки дар ҷанги гражданӣ бар зидди исломгароён бархеста буданд, имрӯз сафи экстремистонро пур мекунанд?!

То ин мавзуъ равшан намешавад, мо побаргилем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 21 Ноябр 2016 14:38

Ҷасади 7 нафар муҳоҷир– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бар асоси сӯҳторе, ки шаби 18 ба 19 ноябр дар анбори фабрикаи мурғпарварии «Абсолбют Агро»-и вилояти Тюмени Федератсияи Русия сар зад, ба ҳалокат расиданд, рӯзи 24.11.2016 ба Ватан меоранд. Аз ин 7 нафар 6 нафар сокинони ноҳияи Деваштич ва 1 нафар сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ будаанд. 

Душанбе, 21 Ноябр 2016 12:21

Санаи 18.11.2016, тахминан соати 11:30 дақиқа, аз мавзеи “Сафедиён”-и н.Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Чуноне ки ба СССР аз ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир кардани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид. Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10 метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охиронро ба ҳалокат расонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

СССР

 

 

Душанбе, 21 Ноябр 2016 11:34

18.11.2016. Соат ба вақти Душанбе 13:30 дақиқа.

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter