Ҷумъа, 07 Июл 2017 09:56


Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол шудан чи қадар масоҳат дорад? Дар китоби «Табиатшиносӣ»-и С.Акрамов (барои синфи 4), дар саҳ.25 овардааст: «Ватани мо-Тоҷикистон масоҳати умумиаш 143,2 ҳазор км2». Дар китобчаи Н.Салоҳиддинзода барои кӯдакон бо номи «Муқаддасоти Ватан» (с.2016) харитаи Тоҷикистон нишон дода шудааст ва ҳудудаш 143,1 ҳазор км2 аст. Дар китоби «Географияи Тоҷикистон»-и Х.Мухаббатов ва М.Раҳимов (с.2014) масоҳати Тоҷикистон 142,6 ҳазор км2 ва дар сайти интернетӣ бошад масоҳати ҷумҳурӣ 142,1 ҳазор км2 аст. Дар 4 манбаъ 4 хел арқом оварда шудаанд. Мактаббачаҳо ва онҳое, ки аз муаллимон дар бораи масоҳати Тоҷикистон мепурсанд, кадом ҷавобро муносиб медонанд? Ба ин рақамҳои дурусту нодуруст кӣ бояд ҷавоб диҳад; муаллифон, Вазорати маориф ва илм, ё Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ, ё ягон каси дигар? Охир масоҳати кишвари мо бояд рақами дуруст дошта бошад-ку?!


Зайнулобиддин Ҳусейнов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Ёвон, тел: 93 431 33 55

Ҷумъа, 07 Июл 2017 09:49


Муҳтарам масъулини Вазорати маориф! Он 31 рӯзе, ки ба хонандагон дар моҳи январ пешкаш кардаед, ҳамон 31 рӯзест, ки дар 3 чоряк (марҳила) аст. Пас чаро ба мактаббачагон ситам кардаед? Дар кадом асос? Агар сардии зимистонро дар назар дошта бошед, аз ҳамон соле, ки январро пурра ба таътил гузаронидаед, баракс, моҳи январ офтобӣ ва феврал сард шуда истодааст. Яъне табиати муъҷизакор ба шумо навоварон розӣ несту намешавад. Фикр мекунед, масъулини даврони шуравӣ беақл буданд? Дар собиқ Шӯравӣ хонанда камаш 1-2 моҳ ба ҷамъоварии пахта ва меваю сабзавот ҷалб карда мешуд, вале ин ба таътил таъсир намерасонд-ку! Ёдатон бошад, соли хониши 1963-64 хело сард омада, таътили зимистонаро аз 12 то 24 рӯз давом дода буданд, лек ин ба анҷоми соли хониш таъсир нарасонида буд. Ман он солҳо синфи 10-ро тамом карда будам. Анҷоми соли хониш дар 25 май тибқи мақсад аст. Акнун, 1 фикр кунед, масъулин мефармоянд, ки то 20 май ҳисобот супорем. Хонанда вақте баҳо гирифту кутубро супорид, дигар ба дарсҳо бо дили хоҳам-нохоҳам иштирок мекунад ва вақт бе маҳсул мегузарад. Пас аз ин чӣ фоида? Беҳтараш ба ҳолати аввала баргардем!!!


Теша Азизов,
муаллими собиқадор, ш.Ваҳдат

Ҷумъа, 07 Июл 2017 09:46


Узви Ихвон-ал-СССР, аспирант Фаррух Насимов, аз деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, тавре ёд дорем, 5.05.1992 журналист Муродуллоҳ Шерализода аз ҷониби гӯё афроди «номаълум» кушта шуд. Дар мавриди куштори Шерализода чандин фарзияҳо пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки ӯро барои оне, ки мехост ҳуҷҷати муҳимеро ба парлумон ироа кунад, ба қатл расонидаанд. Кӯтоҳи гап, журналистон бояд 1 рӯзро барои поси хотири журналистони шаҳид ёд кунанд, ки эшон дар он давр воқеан ҳам сутуни журналистикаи Тоҷик буданд…

Ҷумъа, 07 Июл 2017 09:43


Узви Ихвон-ал-СССР, Фариза Мирзосаидова, муаллимаи собиқадор аз шаҳри Қайроққум ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро мо пули миллиро қадр намекунем? Гап сари он аст, ки дар рӯи бештари пулҳои 1, 3, 5, 10 ва 20 сомонӣ бо ручкаву қалам ҳар чӣ кашидаву навиштаанд. Ин амал бештар аз ҷониби савдогарони бозор аст, ки барои миқдори пулро аз ёд набаровардан, рӯи пул рақамҳоро менависанд. Чаро чунин рафтори бемаънӣ ва ноҳурматиро ба доллар, фунт, евро раво намебинанд? Аз таърих хондам, ки беш аз 200 сол боз пули миллии Амрико-доллар иваз ё беқадр нашудааст. Сабаби инро ман дар эҳтиром ба пулашон мебинам, ки ин қадар умри зиёд дорад…

Ҷумъа, 07 Июл 2017 09:41


Сокинони кӯчаи Баққолии ш.Панҷакент мегӯянд, як нафар бо истифода аз номи раиси шаҳр роҳашонро вайрон кардааст. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча, ки дар маҳаллаи Вашанӣ мебошад, нафаре бо номи Акбар Авезов бо баҳонаи роҳ кардан ба замини кишоварзиаш қубури роҳи мошингузарро канда ба сойе гузошта, ба худ роҳ кардааст. Чандин рӯз мешавад, ки роҳ кандаву имконияти гузаштан ҷой надорад. Ба гуфтаи сокинони ин кӯча гузоштани қубур ба сой хатарнок буда, дар сурати омадани сел он метавонад монеъи гузаштани сел гардад, зеро ин сойи селпарто буда, хатари рух додани офати табиӣ ҳар лаҳза ҷой дорад.
-Болои сойро калон карданд, лекин имрӯз дар охири он Акбар қубур монда ба худаш роҳ кардааст, пас ин сойтозакунӣ ба киву чӣ лозим, танҳо барои Акбар?- мегӯянд сокинон.
Раиси маҳаллаи Вашнӣ Шаҳобиддин Ҷалолов мегӯяд, дар ин бора ба ҳукумати ш.Панҷакент мактуб навишта масъулинро аз ин амали шаҳрванд Авезов огоҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир омадани сел дар водии Зарафшон тез-тез рух дода истодааст. Ба иттилоъи истиқоматкунандагони кӯчаи Баққолӣ, ҳамчунин роҳи мошингузари дигари ҳамин кӯчаро Авезов бо шинонидани оҳан дар байни роҳ бастааст. Сабаб: бояд мошин аз назди дарвозаи ӯ нагузарад.
-Мо медонем, ки раиси шаҳр дӯсти Акбар аст, вале бояд манфиатҳои як нафар бояд қурбони дигарон нагардад - мегӯянд сокинони кӯчаи Баққолӣ.

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 11:18


Абдурасул Сатторов, устоди хизматнишондодаи варзиши СССР (тел: 919 73 00 02) дар меҳмонии СССР гуфт, ки с.1989 бо қарори раиси вақти н.Фрунзе-А.Ярматов барои сохтмони хона 10 сотих замин ҷудо карданд. Ман атрофи заминро маҳкам карда, дар он 1 хона бо долонаш сохта, беш аз 100 адад дарахти мевадору сояафкан шинондам… Соли 2013 шаҳрвандон Шарипов Дилшод, Маҳмадуллоев Беҳрӯз, Саидбеков Анвар, Солиев Шавкат… бо роҳу фиребу фишороварӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳавлии ман худсарона ворид шуда, тамоми дарахтонро буриданд, хонаҳоро валангор карданд, истгоҳи таҷрибавии барқи шамолиро шикастанд, автомобили боркаши ЗИЛ-157Д-ро, ки барои сохтани электромобил мувофиқ карда будам, дар чуқурии 4 метр партофта, гӯр карда, корношоям гардониданд. Онҳо ба ман дар маҷмуъ 1 млну 800.000 сомонӣ зарари иқтисодӣ ва маънавӣ расонида, бештар аз номи мансабдорон ба ман гап зада тарсонданианд. Дар натиҷа, аз зарбаи рӯҳии гирифтаам 5 бор дар шуъбаи кардиологияи беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудам. Аз мақомоти дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ба мушкили ман расидагӣ кунанд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 11:03


Матлаби «ҳоҷии дукаратаи галстукдор», сокини деҳаи Косатарош Исмоил Зарифӣ, таҳти унвони «Ҳоҷӣ дар «Амонатбонк» лгот дорад?» (СССР, №22, 1.06.2017) бо ҷалби масъулини бахши №34-и Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» дар ш.Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт. Санҷиш ҳақиқати ҳолро чунин муайян намуд. Азбаски ҳанӯз на ҳама, хоса, нафақагирон, аз кортҳои бонкӣ дуруст истифода бурда метавонанд, маъмурияти бахш дар толор чанд нуқтаи хизматрасонӣ барои кортҳои бонкӣ таъсис додааст. Рӯзи 27.05.2017 хазинадор Б.Муҳиддинов хостааст ба зани пире, ки дар навбат истода буд, бо иҷозаи мизоҷони дигар пештар хизмат расонад. Ин ба «ҳоҷии дукаратаи галстукдор» писанд наомадааст. Воқеан, хазинадор бо шоҳидии мизоҷони онрӯза собит намуд, ки ба муаллифи нома, ки дар Панҷакент чеҳраи шинос аст, ҳеҷ дағалгуфторӣ накардааст.


П.Шодизода,
муовини раиси шаҳр                            

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:55


5.07.1918. Таъсиси Ҳизби коммунисти болшевикии Украина.
5.07.1978. Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР (КГБ) аз тобеъияти Шӯрои Вазирони СССР бароварда шуд. Акнун чекистон танҳо ба КМ ҲКИШ ҳисобот медонанд.

саҳ 15 аз 19
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase