ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Июл 2017 17:33


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Мирзоҳикмат Маҳкамов (тел: 98 799 64 05) аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки деҳаи дурдасти Ворух яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёри Тоҷикон асту биҳиштосо. Охири Ворухро Роҳи Абрешим меноманд. Ворух беш аз 32.000 аҳолӣ дораду 2 бозор ва беш аз 12 мактаби миёна. Рӯзҳои бозор нашрияҳои даврӣ дар ба фурӯш бароварда мешаванд. Аммо ҳайҳот, ки деҳа то кунун ягон киоск-нуқтаи фурӯши рӯзномаву маҷалла надорад ва мо-хонандагон газетаҳоро аз сари роҳ, мехарем, ки болои мизу курсӣ, дар замин, болои чангу хок гузошта мефурӯшанд. Пурсида мешавад, ки кай воҳидҳои корию хаткашонӣ дар музофот-деҳоти дурдасти Тоҷикистони офтобрӯя ҷорӣ мешуда бошад? Ва ҳам номаълум, ки мардум нашрияҳои обунашудаи худро аз куҷо мегиранд? Бидуни маънавиёти чуқур ҳаёт пеш намеравад! Ёдамон ҳаст, ки дар замони шӯравӣ почталон-хаткашон газетаи ҳар касро бо велосипед хона ба хона бурда медод. Вале чаро имрӯз бо вуҷуди пешравии ҷамъият почталон гум шуд???

Ҷумъа, 14 Июл 2017 17:29


Салом ва дуруди оташин ба кормандони газетаи дӯстдоштаам-СССР ва ба кулли ҳаводоронаш! Дар бораи раҳматӣ Қадриддин Аслонов гуфтаниям. 25 сол муқаддам, дар моҳи ноябри с.1992 дар ш.Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуда, лидери воқеӣ-наҷотбахши миллату давлати Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Таърих гувоҳ аст, ки 9.09.1991 Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии ҶТро шодравон Қадриддин Аслонов қироат ва имзо карда, санади бебаҳои таърихиро қонунӣ гардонида буд. Қисмати талху ғамини мавсуфро аксарият медонанд. Аслонови Тоҷик ҷисман ва рӯҳан азоб кашида, дунёро падруд гуфт. Ман аз таърихнигори газетаи СССР-Меҳрубон Салимшоев хоҳиш дорам, ки тарҷумаи ҳоли мавсуфро ба пуррагӣ дар СССР нашр кунад. Бовар дорам, ки арвоҳи гузаштаи шодравон шод хоҳад шуд. Мо Метавонем-ку!


Абдукарим Шермадов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Ш.Шоҳин (Шӯрообод)

Ҷумъа, 14 Июл 2017 17:25


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 1 тоҷики хело ватандӯст айни замон берун аз Ватан, дар Санкт-Петербурги Русия кору зиндагӣ дорам. Ҳар нафаре, ки дар ин шаҳри воқеан ҳам кадима ва пур аз тамаддуни русӣ-гаҳвораи маданияти Русия зиндагӣ мекунад, хоҳ-нохоҳ мухлис-болелщики футбол мегардад. Мисли ман, ки фанати ашаддии ФК Зенит ҳастам. Ба қарибӣ буд, ки бозии дастаҳои Зенит-Терек дар Питер шуда гузашт ва камина аз наздик ин бозиро бо шавқу рағбати том дидам. Аслан хурсандии ман аз беканор буд, ки дар ин стадион бо Рашид Раҳимов-тренери варзидаи футбол, собиқ футболисти хело қавии “Помир”-и Душанбе вохӯрда, ҳамроҳ акс гирифтем. Банда хело умедворам ва орзуманди онам, ки дар оянда футболи Тоҷикистонро лоақал дар чунин сатҳ бубинам. Мо Метавонем!


Хуршед Махсумов,
Санкт-Петербург, Русия, тел: +79523914346

Ҷумъа, 14 Июл 2017 17:13


Узви Ихвон-ал-СССР, маъюби гуруҳи 1, Зайнулло Муродов, деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ, бо телефони 918 68 42 13 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо роҳкирои таксиҳо якбора ба осмони 7 мехезад? Масалан, пеш аз ҷашн роҳкиро аз ҷониби Душанбе боло меравад, баъде, ки иду хурсандӣ паси сар шуд, он, яъне роҳкиро аз самти музофот ба пойтахт мехезад!!! Ин аслан мушкили ман нест ва бо пойтахт низ робитаи доимӣ надорам. Перомуни ин мушкил бештар донишҷӯён ба ман шикоят мекунанд ва мегӯянд, “ба СССР гап занед, ба “боло” расонад!”

Ҷумъа, 14 Июл 2017 17:11


Дӯст ва мухлиси газетаи мардумии СССР, Асомиддин Муддинов, сокини ноҳияи Ҳамадони ба СССР занг задаву гуфт, ки дар давраи собиқ СССР бо сабабҳои маданияти ғайрипешрафт доштан халқи Тоҷик барои маъракаву ҷашну маросим исрофкории зиёд мекард, ки дар мамолики сарватманди сайёра ин чиз қариб вуҷуд надошт. Имрӯз соате фаро расида, ки ин қоидаҳоро барҳам занем. Чанд сол боз дар Тоҷикистон қонун дар бораи танзими ҷашну маросим амал мекунад, ки то имрӯз он пурра аз ҷониби мардум иҷро намешавад. Бояд 1 чизро ба назар гирифт, ки барои тӯй танзим зарурат надорад. Тӯй ин маъракаи шодию фархундагист. Касе хоҳад мувофиқи шароит чанд соате бошад тӯйи худро барпо кунад. Вале бояд нодор худро бо доро баробар накунад ва ба таассуб дода нашавад. Имрӯз бадбахтии мо ҳам дар таассуб ва принсипбозиҳост. Аз Ҳукумати кишвар хоҳиш дорем, ки фақат маъракаҳои маргу мусибат ба пуррагӣ манъ карда шаванд ва танҳо бояд хатми Қуръон бошад. Исломи тозаафкор доимо зидди масрафоти беасос аст. Рӯҳониёни мо низ бар байни халқ ташвиқот баранд, ки кулли маъракаҳои мусибат (20, 40, сол...) манъ карда шаванд. Бо ин маъракаҳои ҷоҳилона ҳич вақт рӯҳи фавтида шод нахоҳад шуд…

Ҷумъа, 14 Июл 2017 10:32


Ширкати ҳавопаймоии рус «Ямал» эълон намудааст, ки парвозҳои хешро ба 2 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд аз 1.08.2017 оғоз хоҳад кард. Дар ин бора Сергей Сескутов, ҷонишини директори Департаменти сиёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ФР зимни сафари кории хеш ба Тоҷикистон, ки чанде пеш ба вуқӯъ омада буд, иброз доштааст.
Ҳайати гурӯҳи кории рус баҳри баррасии масоили ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе омада рӯзҳои 29-30-и июни соли ҷорӣ дар Душанбе бо ҳамтоёни Тоҷики хеш вохӯрда масъалаҳои мубрамро ҳаллу фасл намуданд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд.

СССР

Ҷумъа, 14 Июл 2017 10:10


Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар 1 далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин, мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.
Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.


Панҷшанбе, 13 Июл 2017 16:51


ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ба 600,8 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,4 ҳазор нафар мусофир ё 14,6% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: ба 348,0 ҳазор нафар мусофири рафта ва  252,7 ҳазор нафар мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисобот  1307,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016  148,0 тн. ё 12,8 % зиёдтар мебошад. 
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК “ФБД” хабар дод, миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда: рейсҳои доимӣ – 2501  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ – 153 адад, рейсҳои чартерии  нақд – 14 адад. Сабаби асосии кам шудани миқдори рейсҳои доим қатъ шудани 4 рейси ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» ва 3 рейси XСК «Сомон Эйр» дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 428 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 46 эрод ё 9,7 % зиёдтар мебошад, аз онҳо 421 эрод қонеъ гардонида шуданд ва 7 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. 
 Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 715 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 291 парвоз ё 68,6%  зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани  парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 462 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, баrайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 160 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 54 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 15 ҳодиса ва ғайра.

СССР

саҳ 11 аз 19

Китобҳо

Flag Counter