Душанбе, 10 Июл 2017 14:47


Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаи маориф ва илми мамлакат дар нимсолаи 1-ум иттиллоъ дод, ки аз соли ҷорӣ барои он хонандагоне, ки бори аввал ба мактаб хоҳанд рафт, таҳсил аз 1.08.2017 оғоз меёбад.
- Мо ин таҷрибаро дорем ва соли гузашта чунин раванди таълимро ворид карда будем. Тамоми хонандагоне, ки бори якум ба мактаб ба синфи 1-ум мераванд, ба таҳсил аз 1 август ҷалб карда мешаванд. Дар тӯли 1 моҳ барои ин кӯдакон машғулиятҳои сабук ва шавқовар гузаронида шуда онҳоро бо ин васила ба мактаб омода мекунем, яъне давраи мутобиқшавӣ ба мактаб гузаронида мешавад. Барои кӯдаконе, ки аз муассисаҳои томактабӣ ба мактаб меоянд, машғулиятҳои пеш аз мактабӣ тибқи барнома гузаронида мешавад, аммо барои онҳое, ки аз ин дуранд, ин 1 моҳ беҳтарин имконият барои омодагӣ ба мактаб мешавад, таъкид дошт Нуриддин Саид.
Чуноне ки вазири маориф ва илми кишвар қайд намуд, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 234 ҳазор кӯдак ба синфи 1 қабул гардида буд, соли ҷорӣ бошад теъдоди хонандагони синфҳои якум то ба 240 ҳазор нафар хоҳад расид.

СССР

Душанбе, 10 Июл 2017 14:44


Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид мегӯяд, ки мактабҳои кишвар дигар ба таътилҳои тирамоҳӣ, зимистонаву баҳорӣ нахоҳанд баргашт, зеро ин раванд алакай кӯҳна шуда олимону профессорони Тоҷик сари ин масъала борҳо тадқиқотҳои хешро гузаронидаанд.
Масъалаи баргардонидани таътилҳои тирамоҳиву зимистона ва баҳорӣ ба мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ бори нахуст нест, ки матраҳ мешавад. Аксарияти падару модарон бар он ақидаанд, ки таҳсили бидуни таътил ба психикаи кӯдакон таъсири манфӣ расонида онҳо дар охири соли таҳсил кундзеҳн мегарданд. Вале Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ ин гуфтаҳоро беасос хонда таъкид дошт, ки олимони соҳа, хоса профессорони соҳаи педагогика сари ин масъала андешидаанд ва хуб медонанд, ки ба хонандагон чӣ фоида дораду чӣ зарар.

СССР

Душанбе, 10 Июл 2017 10:25


Ҳабибулло Искандаровро онҳое, ки ба кори таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ба хубӣ мешиносанд, хоса насли калонсоли соҳаи маориф. Устод тамоми хислатҳои беҳтарини инсонӣ, мисли хоксорӣ, инсондӯстӣ, хушсуҳбатӣ, покдилӣ, меҳнатдӯстиро дар худ ҷой кардааст. Ӯ ҷоннисори соҳаи маориф ва сарсупурдаи кори хеш буда, зиёда аз 64 соли ҳаёташро дар соҳаи таълиму тарбия бахшидааст. Тарҷумаи ҳоли устод воқеан, ҷолиб ва омӯхтанист. Овони ҷавонии ӯ хело вазнин гузашта, солҳои 1944-45 аз падару модар маҳрум шуда, вазниниҳои зиндагии солҳои ҶБВ ва баъдиҷангиро бо душворӣ паси сар кардааст. Тавре худи устод нақл мекунанд: “Волидайни ман аз аввал сокини ш.Кӯлоб ва таҳсилдида буданд. Волидайнам фарзандони зиёде ба дунё меоранд. Вале аз онҳо 3 нафар саломат мондем. (Апаам-Зулҳиҷҷамол, акоям-Саиддониёр ва ман Ҳабибулло). То солҳои 1930 оилаи бечораи мо фирорӣ шуда, аз 1 деҳ ба деҳи дигар мерафтанд, тахмин солҳои 1931-32 ба Афғонистон рафта, баъди 3-4 моҳ ба ватан баргашта, дар деҳаи Бодомтуи н.Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) қарор мегиранд. Падару модарам барвақт ин дунёро тарк намуданд ва ман дар ба дари хонаи хешон шудам ва дар хизмати онҳо будам”.
Ҳабибуллои ҷавон бепарастор мемонад. Ӯро муаллимонаш Т.Гиёев ва Н.Сафаров ба интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳия мебаранд. Устод солҳои дар интернат хонданашро чунин ба ёд меорад:” Солҳои аввал аҳволи интернат бисёр бад буд. Аз хунукӣ, белибосӣ, гуруснагӣ азоб доштем. Ба замми он директори интернат моро латукӯб ҳам мекард. Ба бахти мо марди яҳудӣ Г.Е.Устоевро мудир таъйин карданд ва аҳволамон нисбатан хуб шуд, хоса, аз ҳисоби сару либос ва хӯрок.”
Соли 1950 устод мактаби миёнаи ба номи Лоҳутии ҳамин ноҳияро хатм намуда, ба Донишкадаи муаллимтайёркунии ш.Кӯлоб дохил мешавад ва онро с.1952 ба итмом мерасонад. Соли 1958 бошад Донишкадаи омӯзгории ш.Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муаллим аз н.Муъминобод оғоз карда, баъдтар ҳамчун ҷонишини директори мактаб, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия адои вазифа менамояд... Маҳз масъулиятшиносӣ ва ҳалолкорӣ устодро миёни аҳли маорифи кишвар муътабар намудааст. Дар тамоми давраи кор аз роҳбарони мактабҳо ғамхор будан ба насли наврас, ҳамзамон, аз рӯи қонун фаъолият кардан ва садоқат ба кору ватанро талаб мекард. Ҳеҷ гоҳ барои мансабу сарват кӯшиш накарда, зиндагии хоксоронае дорад ва ин тарзи зиндагӣ ҳам барояш писанд аст. Ба касе ҳасад намебарад ва парвои молу ҳоли зиёд ҳам надорад. Устод дар давоми фаъолияти корӣ даҳҳо мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ба табъ расонида, 45 китоби хурду калони марбут ба соҳаи маорифро пешкаши омӯзгорон намудааст. Охирин китоби ӯ “Баъзе масъалаҳои муҳими маориф ва шинохти чеҳраҳои мактаб”(Андеша, таҳлил, тавсия) ҳоло омодаи чоп аст, ки бениҳоят китоби пурарзиш буда, масъалаҳои ҷиддии соҳаи маорифро дар бар мегирад. Аз китобҳои устод бармеояд, ки ӯ воқеан, омӯзгори забардаст, эҷодкор, шахсияти барҷаста, ҷӯянда, донишманди закӣ, қавирӯҳ ва ташкилотчии хубе будаанд.
Ҳангоми суҳбат бо устод ҳис кардам, ки ким-чӣ ӯро нигарон кардааст ва сабаби инро аз ӯ пурсидам. Устод оҳи сабуке кашида афзуд: “Ман фахр аз он дорам, ки кори ҳалол кардам, нони ҳалол хӯрдам, аз кисаи касе умед накардам, чӣ будани муфтхӯриро надонистам ва донистан ҳам намехоҳам. Бовар дорам, ки имрӯз ва фардо маро ба беодобӣ, бадахлоқӣ касе муттаҳам намекунад. Вале аз 1 чиз озурдахотирам, ки аз с.2012 сар карда то имрӯз зиёда аз 60 нафар омӯзгорону мушовирони ДҶТИБКМ-ро дучори таъқиб, таҳдид, нописандӣ, дағалию дуруштӣ, таҳқиру шантаж қарор дода аз кор ронданд. Дар байни онҳо 20 нафар нафақахӯрон, Муаллимони шоистаи ҶТ, нафақахӯрони сатҳи ҷумҳуриявӣ, омӯзгорони унвонҳои илмидошта, муаллифони китобҳои дарсӣ, консепсияҳо, барномаҳо, маводу тавсияҳои илмию методӣ буданд. Чунин амал ба вазъи рӯҳиву равонии бештари мо таъсири ҷиддӣ гузошт. Ҳатто Шаҳодатномаи “Ҷоизадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф”-ро, ҳам дар он ҷо ба эътибор нагирифтанд... Дар ин синну сол аз ҳама муҳим барои ман ин нафъе расонидан ба ҷомеа аст, на маош. Барои манфиат расонидан ба мардум тайёрам ҳар рӯз бемузд кор кунам. Ҳар касе аз ман соволеро ҷӯё мешавад ва ё кореро ба ман месупорад, хурсанд мешавам ва ҳис мекунам, ки ҳоло ҳам ба ҷамъият даркорам,-гуфт дар охири суҳбат устод Искандаров.

Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

Душанбе, 10 Июл 2017 10:19


Мухлиси СССР, Табаралӣ Авсақолов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, ки пештар барои ба нафақа рафтан 2 соли охири корӣ кифоя буд, вале ҳоло овозаҳо ҳаст, ки гӯё нафақа аз оғози с.2017 аз 300-400 сомонӣ боло набошад, чунки зӯри ҳукумат намерасад. Ин аст, ки 2 соли охирро нею акнун 20 соли охирро ба назар мегиранд, ки дар натиҷа нафақапулӣ хеле кам мешавад. Агар воқеан ин овозаҳо рост бошанд, пас зиндагии нафақахӯрон чӣ мешавад? Ҳол он ки нарху навои бозор рӯз ба рӯз, соат ба соат боло рафтан дорад. Фаромӯш набояд кард, ки вақте шахс бо 40-50 соли собиқаи бенуқсони кор ба нафақа мебарояду маблағ ба зиндагӣ басанда нест, ба ҷавонон бетаъсир намемонад, чунки онҳо низ ояндаи худро фикр мекунанд. Аз ин рӯ, бояд нафақапулӣ қаноатбахш бошад, то ки ҷавонон бо дили пур кор  кунанд, чунки онҳо низ рӯзе ба нафақа мерасанд. 25.07.2017 синну соли банда  низ ба нафақа мерасад, вале аллакай ин овозаҳо маро зиқ кардааст, гарчанде собиқаи кори пурра дошта бошам ҳам. Аз ин рӯ, аз газетаи СССР хоҳиш дорам, ки ба ин масъала муфассал равшанӣ андозед.

Душанбе, 10 Июл 2017 10:15


Шавкат Мирзиёев-президенти Узбакистон дар суҳбат бо беш аз 10.000 имому намояндагони мақомот ва сокинон дар шаҳри Тошканд аз имомону сокинони ин кишвар хост, ки хонаводаи афроди муттаҳам ба ифротгароиро радди маърака накарда, дар “изолятсия” қарор надиҳанд. Ӯ гуфт, омодааст, аъзои гурӯҳҳои террористиро аз ҳаққи шаҳрвандии Узбакистон маҳрум кунад. “Бояд коре кард, ки онҳо бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки дили мо самимона месӯзад. Шояд, баъд аз ин, чашми дилашон боз шавад ва ба роҳи дуруст дароянд. Гумроҳшавии 1 нафар кулфат ба сари 1 оила не, балки тамоми ҷомеа аст”.

Душанбе, 10 Июл 2017 10:14


ТВ "Дождь" бо такя ба сухангӯи ҳаракати “"Русский марш"-Денис Романов хабар дод, ки Вячеслав Мальцев-яке аз мухолифони ҳукумати В.Путин-президенти Русия тарки кишвар кард. Ба гуфтаи Денис, ҷаноби Мальцев ба сабаби он, ки дар Русия зидди ӯ ба иттиҳоми “таъсиси созмони ифротгаро”, делои ҷиноятӣ боз шудааст, аз кишвар баромада рафтааст.

Душанбе, 10 Июл 2017 10:02


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 2 гуфтанӣ дорам.
1.Тӯйро соати 8 нею 7:45 дақиқаи пагоҳӣ оғоз намоӣ қонуни танзим ба ҷавобгарию масъулият мекашад! Аммо 15-20 сол боз аксари фабрикаю корхонаҳои саноатӣ аслан фаъолият надоранд (соат 8 ё 10 бошад ҳам дарҳояшон маҳкам!!!), касеро парвою масъулияте нест!!! Ана инро бояд танзим намуд!
2.Аз мутахассисону экономистҳои Кумита оид ба корҳои дин ва танзим эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аз ҳисоби 18000000000 сомонии сарфшудаи танзим ба камина, ки маъюби гурӯҳи 1 мебошам, ба қадри 0,0000001% (нолу аз миллион 1%), ки муодили 180 сомонист, ёрмандии пулӣ ҷудо мекарданд.


Ҳомид Назир,
инвалиди гурӯҳи 1, н.Истаравшан

Душанбе, 10 Июл 2017 09:59


Санаи 1.07.2017 бо 1 мушкили сахти иҷтимоӣ ба қабули Насим Олимзода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рафтам. Мушкил ин аст, ки модари ман-Гулчеҳра Саидова (сол.тав.1922), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дар ақибгоҳ) ҳоло маъюб асту роҳ гашта наметавонад. Барои ҳамин хостем, ки бо кӯмаки вазир ба очаамон 1 аробачаи маъюбӣ бигирем. Вазир бисёр инсони заминӣ асту хоксор ва гуманист. Вазир дар қабулгоҳ ба зердастонаш фармон дод, ки “модари пирро бо аробачаи таъмин кунед!” Зердастонаш “хоб шудаст” гуфта, моро берун бароварда гуфтанд, ки шумо назди Зумрад Тошева-мудири Шуъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии н.Фирдавсӣ биравед, мушкилатонро ҳал мекунад. Назди Зумрад Тошева рафтам. Ӯ бо 1 дӯғу пӯписа мегӯяд, ки “мо ягон хел аробачаи маъюбӣ надорем. Аробачаро аз куҷо бигирем! Вазир гуфтан мегирад...”. Ман ҳайронам, ки наход мудири Шуъбаи тандурустии 1 ноҳия фармони ВАЗИРро писанд накунад пушти по занад?!


Мастона Илёсова,
н.Фирдавсӣ, кӯч.Борбад-66, хонаи 22, тел: 93 464 66 63

саҳ 13 аз 19
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase