ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:52


6.07.1918 дар Маскав шӯриши эссерони чап зидди ҳукумати болшевикӣ сар зад. Исён аз куштори сафири Олмон граф Вилгелм фон Мирбах оғоз шуд. Мирбахро 2 тан кормандони ВЧК Яков Блюмкин ва Николай Андреев, ки ҳар 2 аъзои ҳизби эссерони чап буданд, куштанд.

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:48


Ин ҳарб яке аз бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ дар с.1941 ба шумор меравад, ки аз 10 июл то 10.09.1941 идома дошт. Ҷангҳои Смоленск дар фронти 600-650 км ба вуқӯъ пайвастанд ва дар онҳо аз ҷониби СССР нерӯҳои 4 фронт (Фронтҳои Ғарбӣ, Марказӣ, Захиравӣ ва фронти Брянск) ва аз ҷониби немисҳо нерӯҳои артиши гурӯҳи "Марказ", қисмате аз нерӯҳои гурӯҳи "Шимол" ширкат варзиданд. Ин набард инчунин яке аз хунинтарин даргириҳои ҶБВ аст ва талафоти Артиши Сурх дар он беш аз 700 000 нафарро ташкил намуд.

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:40


Шоми сешанбеи 4 июл дар ҳудуди н.Восеъи вилояти Хатлон 1 гурӯҳи ҳаводорони «Давлати Исломӣ», ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, безарар гардонида шуданд.
Тибқи иттилои расида, ин гурӯҳ иборат аз 7-нафар буда, ҳамагӣ аз пайвандони полковники юғӣ, Гулмурод Ҳалимов будаанд. Гуфта мешавад, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тайи як амалиёти фаврӣ, ҳамин гурӯҳи ҳаводорони ДИ-ро аз ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти назорат гирифта, аз пайяшон то ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар масофаи наздик ба 200 км поида омадаанд. Дар ин ноҳия, пеш аз фаромадани торикӣ, дар мавзеи Хоҷа Муъмин, ки наздик ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, гурӯҳи мазкурро ба иҳота гирифта, даъват ба таслим гаштан кардаанд. Вале эшон ин даъватро қабул накарда, ба муқовимат даромадаанд. Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ 4 тан аз гурӯҳи фирорӣ, ки тибқи хабари ғайрирасмӣ 3 нафарашон бародарони хунии Гулмурод Ҳалимов будаанд, ба ҳалокат расида, 3 каси дигар, ки низ аз табори ҳамин фармондеҳи ДИ унвон мешаванд, асир гаштаанд. Субҳи рӯзи дигар асиронро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Гумон меравад, ин гурӯҳи наздикони Гулмурод Ҳалимов, ки дар сар ҳавои ДИИШ-ро доштаанд, бо нияти гузаштан ба марзи Афғонистон ва аз он ҷо ба Ироқу пайвастан бо Ҳалимов, нақшаи пешакӣ анҷом додаанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз нақшаи эшон пешгирӣ намуда, дар мавзеи наздисарҳадӣ онҳоро безарар гардониданд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:33


Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июл то 15 августи соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд. Дар ин бора ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МНМО хабар доданд.
Депутатҳо 16 август ба Парлумон баргашта, то 30 сентябри  соли равон дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум 1 октябри соли равон оғоз мегардад.

СССР


Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:22


Ҳукумати Фаронса тасмим гирифтааст дар ш.Душанбе Институти модару кӯдакро бунёд намояд. Дар ин бора чанде пеш зимни мулоқоти хеш бо рустами Эмомалӣ-раиси ш.Душанбе хонум Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон иброз доштааст.
Рустами Эмомалӣ ва Ясмин Гуедар дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор доданд.

СССР

Панҷшанбе, 06 Июл 2017 10:02


Аз 6 то 10-уми июли соли ҷорӣ  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43-45 дараҷа хоҳад расид.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он  12-17 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 39 — 41 дараҷа гарм мешавад.

Чоршанбе, 05 Июл 2017 15:56

Чоршанбе, 05 Июл 2017 15:47


Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 дар намуди гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари Осиё эълон кард.
Дар номаи табрикии президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, ҷаноби Даҳлан Ал Ҳамад гуфта шудааст: “Хушҳолам, ки аз номи Федератсияи варзиши сабуки Осиё ва федератсияҳои варзиши сабуки кишварҳои қора Шуморо ба ин ҷоиза сазовор шуданатон хабардор карда, шодбош мегӯям. Ин ҷоиза қадрдонии меҳнатҳои шабонарӯзии Шумост. Бовар дорем, ки дар оянда низ ба дастоварҳои назаррас ноил мегардед. Мо медонем, ки барои ба мақсад расидан Шумо заҳмати зиёд мекашед. Мо ба Шумо муваффақият ва дар муаррифии кишваратон ва ҳамин тавр қораи Осиё комёбӣ мехоҳем”.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров солҳои 2015 ва 2016 беҳтарин варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.
Дилшод Назаров Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, 3 карат Қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2006, 2010, 2014, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015, се карат Қаҳрамони Осиё-2009, 2013, 2015 ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.


саҳ 16 аз 19

Китобҳо

Flag Counter