ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Июл 2017 15:24

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа 1 сол пеш меҳмонхонаи «Сайри Орзу» кушода шуда буд ба коми оташ рафтааст.
Имрӯз соати 11:40 дақиқа меҳмонхонаи маъруфи «Сайри Орзу» , ба коми оташ гирифтор шуд.Ин меҳмонхонаи маъруфи «Сайри Орзу» шахси буда ба собиқ сардори Шабакаҳои барқи ҷануб Убайдуллоев Сафаралӣ  таълуқ дорад.Сӯхторӣ ин меҳмонхона муддати 1 соати давом кард,Хушбахтонаи ин меҳмонхона,ки Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз назди ин меҳмонхонаи мазкур1 км ҷойгир аст,ки дар муддати кӯтоҳ алангаи оташро хомуш карданд.Сабаби сӯхтор ҳанӯз эълон нашудааст.
Сабаби сӯхторро мо пайгири мекунем.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 05 Июл 2017 11:03

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 49-солаи сокини н. Ҳамадонӣ муроҷиат намуда шикоят кардааст, ки рӯзи 27.06.2017 ҳангоми оббозӣ карданаш дар лаби канали шаҳраки Москваи ноҳияи мазкур шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кисаи шимаш 2800-сомониро дуздида аз, ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

СССР


Чоршанбе, 05 Июл 2017 10:53


Дар арафаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар робита ба иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ду майдончаи варзиширо ҳамчун армуғони идона ба Ҷашни Ваҳдат ба сокинони пойтахти кишвар сохта тақдим намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд, майдончаҳои варзишӣ яке дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо масоҳати 1090 метри мураббаъ ва дигаре дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 103 бо масоҳати 2800 метри мураббаъ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Тоҷикроҳсоз» ва «Сомонаморат» бунёд карда шудаанд. Майдончаҳои варзиширо рӯзи 24 июни соли 2017 муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов дар маросии ботантана ба истифода доданд.
Роҳбарияти фурудгоҳ тасмим дорад, ки боз чунин як адад майдончаи варзиширо дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисор, маҳаллаи 112 дар масоҳати 1620 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад. Алҳол корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ оғоз гардидааст.

СССР


Сешанбе, 04 Июл 2017 09:29


Раёсати бозрасии автомобили ВКД ҶТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои лоиҳаи «CASA-1000» санаи 6 июли соли 2017, аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи «Варзоб ГЭС»-и шаҳри Душанбе то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.
РБДА аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз аз сафар дар ин самт худдорӣ намоянд.

СССР

Душанбе, 03 Июл 2017 13:59


Рустами Эмомалӣ зарардидагони сӯхтор дар бозори «Корвон»-ро, ки шоми 2.07.2017 ба вуқӯъ пайваст, ба мӯҳлати 2 сол аз пардохти маблағи барои иҷора ва дигар пардохтҳои якдафъаина озод намуд. Инчунин, ӯ дастур дод, ки нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои сӯхташуда дар муддати 30 рӯзи оянда барқарор гашта мардум бояд ба ҷойҳои хеш баргарданд. Дар ин бора ба мухбири СССР 1 манбаи мӯътамад дар Ҳукумати ш.Душанбе иттиллоъ дод.
Бояд қайд намоем, ки шоми 2.07.2017 дар қисмати дарвозаҳои 6 ва 7-уми бозори «Корвон», ки калонтарин бозори пойтахт маҳсуб мешавад, сӯхтор ба амал омад. Субҳи имрӯз бошад раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамаи зарардидагони ин офатро ба худ қабул карда бо онҳо мулоқот кардааст.

СССР


Душанбе, 03 Июл 2017 11:47


Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки В.Ленин поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои охиринашро сипарӣ мекунад. Баъди дарёфти ин ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизби болшевикӣ бо ташаббуси И.Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар ин дидор Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат карданд. Сталин ба ҳозирин иттилоъ дод, ки доҳӣ рӯзҳои вопасини ҳаёташро мегузаронад ва мумкин аст, ҳар лаҳза бимирад. Калинин дар ин дидор баромад карда гуфт, ки марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни доҳиро кард. “Маросими дафн, - гуфт Калинин, бояд тавре гузарад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, ки “баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзондани ҷасади доҳиянд ва мегӯянд, ки илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёӣ кардан тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад”.

Душанбе, 03 Июл 2017 11:42


Анҷумани XXVIII ҲКИШ аз 2 то 13.07.1990 баргузор шуд. То ин ҳангом Ҳизби коммунистӣ воқеан ба 2 даста тақсимбандӣ шуд: тарафдорони ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳизб, ки мехостанд ҲКИШ ба 1 ҳизби парлумонӣ табдил ёбад ва ба таъбире "кӯҳнапарастон", ки Горбачёвро ба хиёнат ва даст кашидан аз ақидаи коммунистӣ айбдор мекарданд. Ҳангоми даъвати Анҷуман дар ҳайъати ҲКИШ зиёда аз 18 млн. аъзо мавҷуд буд. Сафҳои ҳизб ба суръат коҳиш меёфт ва танҳо дар зарфи якуним соли гузашта ҲКИШ 1 млн. аъзояшро аз даст дода буд. Дар кори Анҷуман 4.683 вакил ширкат варзида, он дар шароити бисёр ҳассос барои кишвар доир шуд. Дар с.1990 аввалин кишвари Шӯроҳо 1 деги ҷӯшонро мемонд. Сол аз ҳаводиси хунини Боку оғоз ёфта, Маскав маҷбур шуд ба пойтахти Озарбойҷон нерӯҳои мусаллаҳ ворид кунад. Моҳи феврал дар Душанбе ҳаводиси дигаре сар зад, ки бо Баҳманмоҳ маъруфанд. Ин ҷо низ артиш ба шаҳр ворид шуда, нооромиҳо бо роҳи зӯрӣ хомӯш карда шуданд. Моҳи июн ҳаводиси Ӯш дар Қирғизистон иттифоқ уфтод.

Душанбе, 03 Июл 2017 11:37


29.06.1868. Амири Бухоро Саид Музаффариддин Баҳодурхон баъди шикасти артишаш дар назди Самарқанд ва ишғоли ин шаҳр аз тарафи русҳо худро зертобеъи Руссия эълон кард ва ҳукумати Русияро дар Бухоро пазируфт.

29.06.1957. Дар Маскав, дар рафти пленуми ғайринавбатии КМ ҲКИШ қарор "Дар бобати гурӯҳи зиддиҳизбии Маленков, Молотов, Каганович ва Шепеливи ба онҳо ҳамроҳгардида" қабул карда шуд. Никита Хрушев бо ин қарор мухолифони асосии худро канор зад ва қудрати сиёсиро барои 7 соли дигар дар СССР соҳиб шуд.

саҳ 17 аз 19

Китобҳо

Flag Counter