ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 03 Июл 2017 11:33


Ҳамасола, новобаста аз таъкиду тавсияҳои мансабдорону раисону вазирон дар бораи танзими нарху наво ва роҳ надодан ба харҷҳои беҳудаву исроф, пешопеши иди саиди Фитр бозорҳои кишвар ба 1 макони ҳаёҳуйи бузург табдил ёфта, мардум ба харид мебароянд, Хариди калони идона! Мухбир-ревизори газетаи СССР бо супориши редаксия 3 рӯз пеш аз фарорасии ин ид-23.06.2017 ба бозорҳову марказҳои савдои ш.Душанбе баромада, ҳам нарху навои идонаи маҳсулоти ниёзи аввалияро диду ҳам харид кардани мардумро.

Душанбе, 03 Июл 2017 11:31


Ташаккур ба масъули лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ»-Ҷамила Ҳусейнова, ки ҳама метавонад перомуни фаъолияти руасои шаҳру ноҳияҳо озод бигӯяд. Хушбахтона, наздиктарин шахсонам, ки дар ш.Қӯрғонтеппа умр ба сар мебаранд, пайваста бо умеди дидор аз онҳо аз ин шаҳри зебо дидан мекунам. Ба ростӣ бисёр хушам меояд, ки бо роҳбарии собиқ раис-Амирулло Асадулло, Қӯрғонтеппа ба 1 шаҳри зебо табдил ёфт. Мехоҳам, дар бораи шеърдониву шеъргӯии раиси Амирулло чанд ҳарф бигӯям. Китоби «Фарҳанги тоҷир»-и раисро ҳамчун дастури аҳли туҷҷор номидан мумкин аст. Ин асар бо мазмуну мӯҳтавои волояш дар баланд бардоштани фарҳанги аҳли тиҷорат мусоидат карда, ҳама гуна омилҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархро пешгирӣ мекунад. Банда чакомаҳои рангини шоиронаи раисро аз матбуот хонда, эътирофаш мекунам. Чунки бо ашъори нобу дилчаспу равонаш дар дилу дидаи аҳли адаб роҳ ёфтааст…


Даврони Айниддин,
деҳаи Кафтархона, н.Восеъ

Душанбе, 03 Июл 2017 11:29


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман аз моҳи октябри с.2016 то моҳи марти с.2017 ҷои кор кофтам. Хушбахтона маро ба шуъбаи наҷот (реаниматсия)-и Беморхонаи марказии Кӯлоб ба кор гирифтанд. 1 шабу 2 рӯз ба ҳайси фаррош кор кардам. Рӯзи сеюм хурсанд ба кор рафтам. Яке буд, ки маро Раҷабалӣ Миралиев-заведующий наздаш ҷеғ зада гуфт: «Сардухтури калон Давлат Атоев мегӯяд, ки дар ин ҷо ҷои кор нест, чаро ӯро ба кор гирифтӣ?». Ман 5 фарзанди бепадарро дар тарбияи худ дорам, аммо намедонам, ки оид ба кор ба куҷо арз кунам? Бо 1 СПК (сағерапулӣ)-и фарзандонам мушкил аст зистан. Ман ҳич нафаҳмидам, ки кор дар реаниматсия фақат барои хешону шиносони сардухтуру духтурҳо бошад, ё барои ҳама? 1 шабонарӯзе, ки дар он шуъба даст ба кор будам, дидам, ки чӣ хел фаррошону духтурҳо бо касалиҳо муомилаи бад доранд. Дилам ба беморон бисёр сӯхт, чунки онҳо мӯҳтоҷи ғамхорӣ мебошанд. Худам намедонам, ки аз чӣ сабаб маро аз кор ҷавоб доданду ба ҷои ман ким-кадом хешованди худро ба кор гирифтанд. Мо занони танҳо муҳтоҷи ҷои кор куҷо равем?


Лола Муродалиева,
деҳаи Саричашма, ш.Кӯлоб, тел: 98 834 53 92

Душанбе, 03 Июл 2017 11:25


Узви Ихвон-ал-СССР, Сӯҳроб Камолиддинов, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар деҳот мардум назди хона, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заминҳои кишт ниҳол шинонда, калон мекунанд, то буррида ҳамчун тахта барои сохтмон истифода баранд. Вале барои бурридани ин дарахтон Кумитаи ҳифзи муҳити зист (экология) омада, ҷарима мебандад. Аз ин сабаб мардум дигар хоҳиши ниҳол шинонданро намекунанд. Агар ман дарахти худамро истифода бурда натавонам, пас чӣ бояд кард? Яъне ниҳолшинонӣ ихтиёрӣ, аммо бурриданаш не! Мумкин Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ин кор ягон равшанӣ андозад?

Душанбе, 03 Июл 2017 11:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Ваҳҳобҷон Саидов, сокини деҳаи Ифтихори ноҳияи Ашт бо телефони 92 822 37 70 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман 86-сола ҳастам, соли таваллудам 1932. Банда 1 алам ва ё мушкили сахти обӣ дорам. 19 сол пеш, яъне соли 1998, дар 2 гектар замин зардолу шинонидам. То соли 2015 ягон проблема надоштем. Аммо аз ҳамин соли 2015 мушкили сунъии обӣ пайдо шуд ва тадриҷан чорбоғи ман хушкидан гирифт. Дилам ба меҳнати 20-солаам месӯзад. Аз ин мушкили ман дар ноҳия ҳама дарак дорад, лек касеро парвое нест…

Душанбе, 03 Июл 2017 11:12


Чанд вақт боз оид ба фоҳишагарӣ баҳсеро кушоданиям, зеро фикр мекунам, он дарди ҷомеа гаштааст. Солҳои дароз ба тиҷорат машғул будам ва ҳар рӯз медидам, ки чӣ гуна 1 даста занҳои беҷогарди даруни бозор ба «шикор» мебаромаданд. Зимнан бояд арз дошт, ки фоҳишаҳо дар тифоқӣ ба сар мебаранду яке ба дигаре кор надорад, ҳама ба ҳоли худ саргардон; дувумӣ ба инҳо сарварӣ кунад, саввумӣ ба гурӯҳи фоҳишаҳои шаттоҳ дохил шуда, ба қавле бисёр мардҳоро «подставит» менамояд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ин фоҳишаҳои шаттоҳ аз касе наметарсанд. Агар касе ба онҳо муқобил барояд, даст ба телефон бурда, «ҳозир ман фалониро занг мезанам»-гӯён номи ягон корманди органро мегирад.
1 моҳ мешавад, ки баъди бекории тӯлонии яксола ба Агентии фурӯши хонаҳо ба кор даромадам. Он бинои хурде, ки мо ҳамчун офис истифода мебарем, дар пеши бозори  «Фаровон»-маркази ш.Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, дар байни коргоҳи мо ва меҳмонхонаи мазкур ошхонаи хурде ҳаст бо самбӯсаҳои машҳур. Мушоҳида кардам, ки хоса, ҳамин самбӯсахона макон ва ҷои «бизнес»-и ин фоҳишаҳост. Аслан ин гуна ҷойҳо ба ургутҳо тааллуқ доранд. Аз субҳ то шом ин ҷо фақат «разбор»-и танфурӯшон аст. Онҳо чӣ коре хоҳанд мекунанд, махсусан, ба мардҳои роҳгузар дарафтода, суханҳои қабеҳ мегӯянд. Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки маҳз ин макон низ пур аз милисаи шаҳр аст ва фоҳишаҳо вақте бетартибӣ мекунанд, корманди ҳифзи ҳуқуқ ин ҳамаро мебинад. Аммо милисаҳо фоҳишаҳоро гӯё намебинанд!!!

Кинои бе пул дар Қурғонтеппа
4 рӯз пеш зани ҳомилае, ки дар даст кӯдаки хурдсол ва борхалта дошт, бо лабҳои парсингбаста хоҳиш кард, ки иҷозаташ диҳам, то каме дар наздам шинаду нафасашро рост намуда, роҳашро идома диҳад. Ман барояш курсие гузоштам, ки филми бепул сар шуд. Дашном аз роҳгузарон, то раиси меҳмонхона ва самбӯсахона гузашта, бо занозании 2 фоҳиша анҷомид. Ҳамсӯҳбатам тавбакунон аз ҷои ҳодиса фирор кард. Муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ каме «филм»-ро тамошо карда, боз назди таксистҳо баргаштанд. Фардо боз кинои бепули дигар шуруъ гардид. Фоҳишае, ки «Шаҳноза»-аш ном мебаранд, ба 3 марди роҳгузар дарафтод. Чун дид, ки аз он мардон садое нест, ба дашномдиҳӣ сар кард. Яке аз онҳо тоқат накарда, мехост ҷавоб гардонад, вале ҳамраҳонаш ӯро аз роҳ баргардонида гуфтанд: «Ҷӯра, проблемаро зиёд накун, ӯ дар назди милиса ҳақ асту ту дар бало мемонӣ!!!».
Аз байн 1 соат гузашт, боз ҷанҷол сар шуд. Магар дар моҳи шарифи Рамазон ҳақорату дашном ба сари роҳгузарон рехтан савоб аст? Ин дафъа ёвари самбӯсафурӯшро ҳадафи худ қарор дод. Касе лом намегуфт! Чун ҳарвақта тамошобинони зиёде ҷамъ ва «кино»-и бепул сар шуд. Ноилоҷ ман баромада, ҷангро бо забони бо онҳо фаҳмо сар кардам. Нафаре аз ин фоҳишаҳо ин лаҳзаро аз ҷониби ман интизор набуд. Ӯ аввал каме гаранг шуд ва сипас ба ҳуҷум гузашт. Ман ӯро ронда, ба ҷоям баргаштам. Ҳама мардуми тамошобин аз он, ки ба ӯ дарафтодам, дар ҳайрат буданд. Пас аз чанде боз доду вой сар шуд. Занаки самбӯсафурӯш давида: «Апа хезед, ки бачаи бечораро бурданд»-гуфт. Давида рафтам, ки ёрдамчии самбӯсафурӯш тоқат накарда, он танфурӯшро якто задааст. Дар ин ҳангом погондоре пайдо шуда, ӯро мебарад. Ман бачаро аз дасти милиса базӯр халос карда, ба милиса гуфтам: «Ман ба ҷои ӯ ҷавоб мегӯям!!! Чӣ хел фаҳмидӣ?». Дар 1 лаҳза одами зиёд ҷамъ шуд. Аз ин фоҳиша ҳама ҳазар мекарданд. Чун милиса ин ҳолро дид, гуфт: «Апаҷон, ариза нависед, боз имзоҳои шоҳидонро низ гиред, мо ҷазояшонро медиҳем».
Чун ариза навишта, ба ошхоначӣ додам, ариза гум шуд ва ҳеҷ нафаҳмидам, ки аризаро ошхоначӣ гум кард, ё корманди ҳифзи ҳуқуқ?

«Крыша»-и танфурӯш дар Қӯрғонтеппа кист???
Ҳокими ин меҳмонхона, ошхона, ё фоҳишахона кист ва чаро аз рӯи нангу номуси тоҷикӣ (агар номус дошта бошанд!!!) фоҳишаҳоро аз он ҷо намеронанд?! Яке аз онҳо аз дур ба ман шунаво гуфт: «Кӣ киро пеш мекунад, ҳоло мебинем. Ҳозир ман ба началник-управления занг занам, баъд мебинем, чӣ мешавад!!»
Наход танфурӯшони расвое, ки бо нафаси хунукашон ҳавои шаҳрро ҳаром кардаанд, ким-кадом «началник управления» пуштибонашон бошад??? Умедворам, ин танфурӯш танҳо барои тарси ман ин гапро гуфтааст.
Эй фоҳишаҳо, ин шаҳр бесоҳиб нест! Мо сокинони осоишта намегузорем, ки ахлоқи ҷавондухтаронро вайрон намуда, ба худ ҳамроҳ намоед! Бовар дорам, ки А.Исмоилзода-раиси нави шаҳр шахси бофарҳанг асту роҳи чунин ифлоскориҳоро мегираду таноби чунин кормандеро, ки пуштибони фоҳишаҳоянд, кашида мемонад. Боқӣ, ҳакам Худост!


Бадахшон Зардакова,
шаҳри Қӯрғонтеппа

Душанбе, 03 Июл 2017 11:03


Ҳодиса дар яке аз муассисаҳои Амонатбок, дирӯз 22 июн, дар солгарди таърихии оғози Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ руй додааст, ки аз бестселлерҳои голливудӣ ҳам дида мудҳиштар менамояд. Дирӯз, тахминан нимаҳои рӯзи корӣ, ба назди яке аз кормандони Маркази хизматрасонии бонкии воқеъ дар назди Автовокзал (филиали №04)-и дар шаҳри Душанбебудаи Амонатбонк  шавҳараш меояд ва он зан бо мақсади гусел кардани шӯяш, муваққат ҷои кориашро тарк мекунад. Дар ҷои кор корманди дуюми муассисаи номбурда, ки ӯ ҳам зан буд, танҳо машғули кор мемонад. Ин лаҳза аз фурсат истифода карда, ба дохили бинои муассиса марди ниқобпуше ворид гашта, ба он бонӯи корманд даст ба гиребон мешавад. Баъди лату кӯб ва занозании зиёд хонум-корманд аз ҳуш меравад ва ғоратгар аз ҷевони муассиса ба миқдори 1500 доллари ИМА ва тахминан 40.000 сомонӣ маблағро ба яғмо мебарад. Дар ин хусус то ҳол на аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва на аз тарафи раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ягон иттилооти расмӣ пешниҳод нашудааст.
Хабарнигори СССР тасмим гирифт ин масъаларо аз Хадамоти матбуотии Амонатбонк равшан намояд. Аммо мутаассифона Котиби матбуотии Амонатбонк, мӯҳтарам Сайфулло Салимов чун ҳамешагӣ дастнорас аст (воқеан ҳам ин котиб ягона котибест, ки аз журналистон парҳез мекунад!). Гузашта аз ин дар ин бонки муътабар ба мо ҳушдор додаанд, ки тибқи дастури бевоситаи Раиси Раёсат, мӯҳтарам Руҳулло Ҳакимзода, додани ҳар гуна иттилоот ба дигарон, ба хусус намояндагони Васоити ахбори омма, қатъиян манъ аст. Ин қазия, ки зидди Фармони №622 аст, равшанӣ металабад ва мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!
Ахиран мехостем иброз намоем, ки вақтҳои ахир ҳаводис ва масоили хусусияти криминалӣ дошта дар Амонатбонк тез-тез рух медиҳад. Масалан, чанд рӯз пеш мудири филилали дар ноҳияи Турсунзода будаи бонки мазкур, Маъруфхуҷа Насриддиновро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷурми пешниҳоди пора дар ҳаҷми 15 ҳазор доллари ИМА дастгир намуданд. Ҳамчунин дар яке аз нишастҳои якҷояи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Амонатбонк, намояндагони Агентӣ ин бонкро аз фасодзадаҳо баҳогузорӣ карда, роҳбарият ва масъулини ин бонкро ба камҳавсалагию ноуҳдабароӣ муттаҳам намуда буданд.


О. Муродӣ
СССР

Душанбе, 03 Июл 2017 10:53


“Хирург”-и Гулмурод худкушӣ кард
Маҳмад Маҳмадиев-сокини 26-солаи маҳаллаи Қазоқони ш.Душанбе, ки 2 сол пеш дар Сурия, дар 1 амалиёти ҷарроҳии полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов-собиқ раҳбари ОМОНи ВКД ҶТ, ширкат карда буд, дар СИЗОи пойтахт қасди худкушӣ кардааст. Зиндонбонҳо мегӯянд, ӯро аз марг наҷот додаанд ва дарҳои дӯзах пока ба рӯяш баста шуд (худкушҳо тибқи кутуби Илоҳӣ маҳкум ба дӯзаханд!).
Манобеи хабарӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Маҳмадов талош кардааст бо "олати бурранда” худро бикушад, вале нигаҳбонҳо сари вақт огоҳ шуда, монеи қасди худкушии ӯ шудаанд. 1 масъули СИЗОи Душанбе гуфтааст, ки Маҳмадиев ҳоло таҳти табобат қарор дорад.

саҳ 18 аз 19

Китобҳо

Flag Counter