Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:43

Узви Ихвон-ал-СССР, муаллими собиқадор Амирулло Ҳасанов аз ноҳияи Ғончӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки ман аз муаррихи СССР-Меҳрубон Салимшоев дар бораи 2 мавзуъ пурсиданиям:
1.Иллати худкушии Фадеев дар давраи Никита Сергеевич Хрушев дар чӣ буд? Худкушии ӯро дар газетаи СССР хонда будам, аммо сабабашро не.
2.Ҳамчунин дар СССР «Забти Бухорои Шарқӣ аз тарафи болшевикон» ном матлабро хондам. Бисёр хуб ва пурмазмун буд, лек дақиқан нагуфтаанд, ки теъдоди Тоҷикони гуреза чӣ миқдор буд?


Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:29


«Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд муддати 2 сол мешавад, ки коргаронашро ба рухсатии бемузди меҳнатӣ равон кардааст ва ҳоло корхона аз собиқ кормандонаш 2 миллион сомонӣ қарздор аст. Раиси шаҳри Сарбанд Самизода Санавбар, имрӯз 7 феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, беш аз 200 нафар коргарон то ҳол фаъолият мекунанд. Самизода иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта амр дод, ки корхонаи “Тоҷиказот”-ро барҳам бидиҳанд. Дар заминаи он корхонаи нави кимиёвии "Нуриҳои Осиё" таъсис ёфт ва сармоягузори асосиаш Чин аст. Роҳбарияти нави корхонаи мазкур қарзи собиқ кормандонашро ба дӯш гирифта, то охири сол ба пуррагӣ қарзи коргаронро пардохт мекунад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:22


7.02.2018, дар толори мақомоти иҷроияи маҳалаи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия 52 масҷидҳои ғайрирасмӣ баста шуда, бо қарори раиси ҳукумати ноҳия бинои онро ба бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва ба оилаҳои эхтиёҷманд дода шудааст.

Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 07 Феврал 2018 11:19


6.02.2018 дар ВКД-и Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия мазкур баргузор гардид.
Баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони ИДМ раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои ИДМ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва аз номи Ҳукумати ФР ба вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсияи Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев вогузор карда шуд.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, мавриди қайд аст, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.




Чоршанбе, 07 Феврал 2018 11:13


Бино ба итиллои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ то ба имрӯз 3694 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 3377 нафарашон ба Ватан баргардонида шудаанд. Аз ин теъдод 88 нафар дубора бо ҷойи таҳсили пешинаашон фаро гирифта шуда, 405 нафар то ҳанӯз дар кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон ва Покистон қарор доранд.
Дар ин робита бояд қайд намуд, ки аз ҷониби кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ барои баргардонидани ин шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

СССР

Сешанбе, 06 Феврал 2018 11:00


Дирӯз 35 адад истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Айнӣ ба истифода дода шуданд. Истгоҳҳои муосир  дар асоси лоиҳаи ҶДММ «ҶиЭм-Партнёр» бунёд ёфта, дар мутобиқат ба меъёри байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт, рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.
Бино ба итиллои расмӣ, дар истгоҳҳо нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида, бо назардошти ҷойгиршавӣ ва шумораи мусофирони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

СССР

Сешанбе, 06 Феврал 2018 09:04


Соли 2017 аз тарафи мақомот ва муассисон дар ҷумҳурӣ 1938 масҷид баста шуда, айни замон танҳо 231 масҷид тибқи қонунгузории кишвар фаъолият доранд. Дар байни масҷидҳои фаъолияташон қатъ гашта иттиҳодияҳои динӣ ва конфесияҳо низ мебошанд.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 5.02.2018 ба хабарнигорон гуфт, айни замон дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 3873 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

СССР

Сешанбе, 06 Феврал 2018 09:00


Дар 11 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон 602 ҷиноят содир гардида, аз рӯи таҳлилҳо зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 181 ҳолат расидааст. Дар умум, ҷинояткорӣ дар ВМБК, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ш .Душанбе кам гашта, дар ин муддат нисбат ба 10 ҳазору 35 нафар падару модар протоколҳои маъмурӣ дар робита ба масъулият дар тарбияи фарзанд тартиб дода шудааст. Маблағи ҷамъи ҷаримаҳо бошад 1 миллиону 300 ҳазору 274 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора рӯзи 5.02.2018 Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Бино ба итиллои вазир, айни замон дар мамлакат 3870 муассисаи таълимии рӯзона, аз ҷумла 352 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 489 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3029 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, теъдоди хонандагон ба 1 миллиону 906 ҳазору 304 нафар расидааст.

СССР

саҳ 12 аз 16
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase