ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 09 Феврал 2018 15:50


Соли 2017 бори аввал дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба 3 нафар беморон амалиёти пайвандсозии мағзи устухон дар шӯъбаи навтаъсиси дорои таҷҳизоти муосир гузаронида шуд. Инчунин, соли гузашта нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳӣ ҳангоми хунрезии майнаи сар гузаронида шуданд, ки натиҷаҳояшон мусбӣ аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттиллоъ дод. Чуноне ки Насим Олимзода қайд кард, дар соли 2017 дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 87 намудҳои ҷарроҳӣ анҷом дода шуданд, ки қаблан чунин ҷарроҳиҳо дар Тоҷикистон гузаронида намешуданд.

СССР

Ҷумъа, 09 Феврал 2018 15:48


Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иброз менамояд, ки дар соли 2017 дар байни духтурони кишвар 60 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки қисми бештари онҳо характери коррупсионӣ доранд. Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои санитариву эпидемиологӣ ва шикояти зиёд аз беморон дар тӯли соли сипаришуда, фаъолияти 23 духтурхонаи дандон дар мамлакат қатъ гардид. Бино ба иттилои Олимзода, мардум, хоса беморон дар сурати муносибати дағал ва тамаъҷӯии духтурон метавонанд тавассути телефони боварӣ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Рақами телефонҳои шахсони масъул дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар эълон, насб ва навишта шудаанд.

СССР

Ҷумъа, 09 Феврал 2018 14:57


Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар фаъолияти ояндаи 2 бонки мушкилдори кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”- ро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар бораи ояндаи онҳо масъалагузорӣ мекунад.
- Мо ба ҳукумати кишвар роҳҳои нави ҳалли мушкилоти ин 2 бонкро ҳам пешниҳод кардем ва ҳоло он мавриди таҳқиқ  ќарор гирифтааст. Дар тӯли соли 2017 новобаста аз вазъи на он қадар хуби молии хеш, инҳо тавонистанд баъзе аз пешниҳодоти қаблии БМТ- ро иҷро намоянд, аммо шарти асосӣ-ҷалби сармояи иловагиро натавонистанд иҷро кунанд. Ҳоло бонкҳо ба фурӯши амволи худ шуруъ намудаанд ва тадриҷан бо мизоҷони хеш тасвияи ҳисоб мекунанд,- афзуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

СССР


Ҷумъа, 09 Феврал 2018 14:45


Бонки миллии Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани хазинаи тиллоии хеш дар соли 2017  3 тонна тилло харидааст. Бино ба итиллои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ, тиллои мазкур аз корхонаҳои ватание, ки бо истихроҷи он машғуланд, харидорӣ карда шуда, захираи тиллоии Тоҷикистон дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон маҳфузанд.
Мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31.12.2017 14,6 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 11,7 миллиард сомониро ташкил дод.

СССР

Ҷумъа, 09 Феврал 2018 14:38


Бӯҳрон ва садамаҳои 3 соли охир дар соҳаи бонкдорӣ боиси бекор шудани беш аз 2500 нафар мутахасссиони ин бахш дар кишвар гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода хабар дод.
Бино ба итиллои эшон, ба ғайр аз ин дар муддати 3 соли охир фаъолияти 55 ташкилоти қарзӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, қатъ гардида, ин ташкилотҳо барҳам хӯрданд.

СССР

Ҷумъа, 09 Феврал 2018 14:14


Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешниҳоди Президенти ҶТ “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии ҶТ интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам", "дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ва Абдулҳақов Маҳмадалӣ”, дар асоси банди 2 моддаи 56 Конститутсияи ҶТ “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат бинобар сабаби вафоташ” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ирсол шуданд. Бо Фармонҳои Президенти ҶТ Қудратзода Саидҷон бо сабаби вафоташ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Файзобод ва Табаров Хайрулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд. Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо Фармони Президенти ҶТ аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ озод гардида, бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи ҶТ таьин карда шуд. Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таъин шуданд. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Турсунзода Ҳайдар муовини якум, Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло муовинони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд. Субҳонзода Икром Субҳон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Набизода Азиз муовини директори Агентии мазкур таъин шуданд. Ҳамчунин, бо Қарорҳои ҳукумати мамлакат Сатторӣ Баҳром Бобоқул Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин шуда, Айхон Шарифова аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Окимбекова Зӯҳро аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд. Раҳматуллозода Шаҳноз-муовини Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Назарзода Заррина муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ таъин гардиданд. Зимни сӯҳбат Пешвои миллат аз ҳар як хизматчии давлатӣ, ки собиқаи корӣ ва малакаи зарурии роҳбариро соҳиб гаштаанд, садоқат ба халқу Ватан ва дасту дили пок ба дӯш гирифтани заҳмати шабонарӯзӣ барои пешрафти кишвари азизро талаб намуда, баҳри иҷрои рисолати сарварӣ дар асоси боварии мардум ва Сарвари давлат барору комёбӣ орзу намуданд. Дар ҷавоб ба эътимод ва ғамхориҳои Пешвои миллат онҳое, ки масъулияти баланди роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ба ӯҳда гирифтанд, изҳор доштанд, ки дар оянда барои рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои худ тамоми кӯшишу ғайрат ва таҷибаву малакаи андӯхтаашонро дареғ намедоранд.

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 15:29


Камолзода Саид аз деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар меҳмонии СССР гуфт, ки келинамро аз ҷои истиқомат-н.Восеъ бароварда, хостам дар қайди деҳаи Конститутсияи н.Рӯдакӣ гузорам. Бо ин мақсад рӯзи 26.11.2017 ба ШКД рафтам. Одами корафтода бисёр буд. Ҳуҷҷатҳоям пурра тайёр шуду танҳо 1 муҳру имзо надошт. Аз соати 830 то 11:00 даромадан нашуд. Хоҳиш кардам, ки саломатиам нест ва ба замми ин ҷанговари башардӯстам, бе навбат дароранд. Ман дар рӯйхат 105-ум одам будам ва соати 16:20 дақиқа навбатам расид. Коре набудааст, масъул коғазҳои пуркардаро гирифту печату имзо гузошта гуфт: «70 сомонӣ мешавад!» Боз ҷанҷол накунад гуфта, 1 садсомона додам, 30 сомонӣ бақия доду квитансия не!!! Ҳамун мӯҳрзанандаро Дилшод ном бурданд. Алами ман аз он аст, ки наход барои 1 мӯҳр 70 сомонӣ гиранд? Ин аз рӯи инсоф аст? Модоме, ки дар ШКД чунин аст, аз дигарҳо чӣ ҷои малол? Ҳар рӯз агар 100-150 нафар корафтода ояд, «мӯҳрпулӣ» аз 10.000 сомонӣ зиёд мешавад. Ва ин маблағҳои бе квитансия ба кисаи кӣ мерафта бошад? Ман нафақахӯраму ҳоҷии роҳи Худо, то имрӯз бо меҳнат нон хӯрдаам. Наход ҳамин хел муомилаю рафтор дошта бошем?

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 15:19

саҳ 9 аз 16

Китобҳо

Flag Counter