Душанбе, 05 Феврал 2018 16:58

Душанбе, 05 Феврал 2018 14:36


Сулаймон Давлатзода-раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ ба тамоми намояндагони ВАО, ки субҳи имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур ширкат доштанд, нисбати марги 2 журналисти шинохта-Сулаймон Сангмаҳмадов ва Галим Фастҳуддинов изҳори тасалият намуд.
Сангмаҳмадов-журналисти радиои Тоҷикистон 3 ҳафта пеш дар пайи 1 беморӣ вафот карда, Галим бошад шоми 30.01.2018 ба таври фоҷиавӣ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Давлатзода то ба имрӯз ягона мансабдорест, ки нисбати марги 2 журналисти кишвар ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон изҳори тасаллият кардааст. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои журналистии кишвар дар ин робита хомӯшанд…

СССР

Душанбе, 05 Феврал 2018 14:32


Дар соли 2017 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии ҶТ нисбати 768 адад қонуншиканиҳо дар самти риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» протоколҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти судӣ фиристонида шудааст.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ дар нишасти хабарӣ доир ба ҷамъбасти соли 2017 хабар дод, дар байни вайронкунандагони қонуни мазкур 13 нафар хизматчиёни давлатӣ, 30 соҳибкор ва 1 имом-хатиб низ ҳастанд.

СССР

Душанбе, 05 Феврал 2018 14:27


Дарси шоҳмот ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат ворид карда шуда, хонандагон онро тавассути фанни «Асосҳои шатранҷ» хоҳанд омӯхт. Соатҳои дарсии «Асосҳои шатранҷ» аз ҳисоби соатҳои тарбиявӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва машғулиятҳои факултативӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми мамлакат Нуриддин Саид итиллоъ дод.
Бино ба итиллои Нуриддин Саид, китоби дарсӣ вобаста ба омӯзиши нозукиҳои бозии шоҳмот тибқи барномаи тасдиқшуда ба нашр расида, қисми зиёди он алакай ба мактабҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.

СССР

Ҷумъа, 02 Феврал 2018 15:33


Имрӯз 2.02.2018, дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Кулулов Муқим-директори КВД афзуд, ки 1147 зану мард барои ободии хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мекунанд. Аз ин шумор, танҳо дар шаҳри Қурғонтеппа 71 нафар зан ва 4 нафар мардро ташкил медиҳад, ки маоши миёнаи онҳо 452 сомонист. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки то имрӯз 3062 адад ҳайвонҳои дайду безарар гардонида шудааст.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 02 Феврал 2018 13:52


Имрӯз 2.02.2018, дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тағойзода Сайвали-сардори Раёсати агентӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир ва 18 нафари дигарро безарар гардонида, аз онҳо 842 гр маводи мухаддира мусодира карда шудааст.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
 

Ҷумъа, 02 Феврал 2018 12:04


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии в.Суғд бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.
Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро ба Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси в.Суғд тариқи шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ирсол намоянд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати в.Суғд, муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.

…хост дар Хуҷанд 1 миллион лола шинонанд
Инчунин, аз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси в.Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам шаҳрро зеб бубахшанд.
Масъулини гармхонаи муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд парвариш мекунанд. Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили "Петуния", "Катарантус", "Салвия", "Марҷонгул" парвариш меёбад.
Тибқи иттилои масъулин, давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ  шинонида мешавад.

СССР



Ҷумъа, 02 Феврал 2018 11:59

саҳ 13 аз 16
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase