ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:03


Интиқолдиҳандаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷик Эйр» дар с. 2017 355 900 мусофирро ба хориҷа фиристод, ки нисбат ба с.2016 110,0%-ро ташкил дода, 30 900 мусофир зиёд аст. Ин нишондод дар натиҷаи самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо, яъне афзоиши бандкунии курсиҳо ба 4,0% назар ба с.2016 ба даст омад. Ҳаҷми интиқоли бору почта 1% афзоиш ёфта, 842,7 тоннаро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ 115,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол шуд, ки назар ба соли гузашта 37,1 тонна зиёд аст. Чуноне ки Хайрулло Раҳимов-директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» рӯзи 15.02.2017 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, оид ба васеъ намудани географияи парвозҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар айни замон омодагӣ барои иҷрои парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Ҷидда-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Деҳлӣ-Шарҷа-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Боку-Душанбе ва Душанбе-Ашқобод-Душанбе сурат мегирад. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе аз моҳи марти с.2018 ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо мунтазам дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе бо ҳавопаймои Ан-28 ва чархболи Ми-8 МТВ иҷро карда мешаванд. Ҳоло ҷамъият 34 адад ҳавопаймою чархбол дорад, ки 5-тои он дар ҳолати коршоямӣ ва 29 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ ҳастанд. Барои дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштан ва истифодабарии самараноки ҳавопаймоҳо корҳои тармиму хариди қисмҳои эҳтиётӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар ҳавопаймои Boeing 737-300 хизматрасонии техникӣ дар доираи С-чек гузаронида, курсиҳои он пурра иваз карда шуданд. Зимни баҳрабардории ҳавопаймои калонҳаҷми Боинг 767-300 ва самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо ҳаҷми мусофиркашонӣ зиёд шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳодисаи ҳавопаймоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо с.2016 якранг аст.
- Аз 2488 парвози иҷрогардида дермонии иҷрои парвозҳо 675 адад ё 27,1 фоизро ташкил дод. Сабабҳои асосии дермонии иҷрои парвозҳо номусоидии вазъи обу ҳаво, қайдгирии мусофирону бағоҷ, иҷрои корҳои фурудгоҳию тафтишоти давлатӣ, расмиёти марзбонӣ,  ҳолати техникии ҳавопаймоҳо, дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи таъинотӣ  мебошанд. Вобаста ба таъмини бехатарӣ ва мунтазамӣ, кам ва бартараф сохтани таъхири парвозҳо ва дар робита ба ин баланд бардоштани масъулияти кормандон корҳо сурат гирифта, аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи Ҷамъият навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст, - иброз намуд Хайрулло Раҳимов.

 

СССР

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:01



Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва вазорати нақлиёти кишвар аз ронандагону мусофирон хоҳиш менамоянд, ки рӯзҳои наздик аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ба хотири амнияти худ ва дигарон даст бикашанд.  Айни замон дар қисмати роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Тавилдара ва Душанбе-Хоруғ-Ишкошим бо сабаби боридани барфи зиёд роҳ баста буда, фаромадани тармаҳо дар назар аст. Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, то 17.02.2018 дар ҷумҳурӣ боришоти зиёди барфу борон дар назар аст ва аз ин лиҳоз мусофирон бояд аз сафар ба ин минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Зеро имкони фаромадани тарма ва яхбандии рӯи замин аз имкон дур нест. Танҳо рӯзи 15.02.2018 ба кормандони Кумитаи мазкур муяссар шуд, ки аз зери тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд 7 нафар шаҳрвандонро наҷот дода, ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ бирасонанд ва баъдан ба беморхона интиқол диҳанд. Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири нақлиёти ҶТ низ таъкид дошт, ки мардум бояд аз сафар ба воситаҳои ағбаҳо худдорӣ намоянд.

СССР


Ҷумъа, 16 Феврал 2018 09:58

14.02.2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини н.Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 185 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, номбурда, соли 2000 дар ҳавлии истиқоматии бародараш, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди он замон 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, (соли таваллудаш 1959), миллаташ белорус, ҷангу ҷанҷол карда, дасту пояшро бо сим баста, бо хишт якчанд маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасади охиронро дар ҳавлии истиқоматии бародараш, гӯр кардааст.
Ҷасади номбурда дарёфт карда шуда, мувофиқи маълумотномаи Судӣ-тиббии вилояти Суғд дар он аломатҳои марги маҷбурӣ, аз ҷумла шикасти пушти косахонаи сар мавҷуд мебошад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, 15 Феврал 2018 16:26


Дар деҳаи Қизил-партизони ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар язна хусурбачаашро бо зарби корди ошхона ба ҳалокат расонид. Хабари ин қазияро раиси ноҳияи Бохтар Ҷабборӣ Ғаффор дар мусоҳибаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 13 феврал соати 20:00 рух додааст. Анвар сокини шаҳри Сарбанд буда бо ҳамсараш дар хонаи бародари ҳамсараш зиндагонӣ мекардааст. Анвар солҳои тӯлони ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафту омад мекардааст. Ҳоҷӣ Файзалӣ раиси деҳаи «Қизил-партизон» дар сӯҳбат гуфт, ки Анвар  хонадомод буда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомадааст. Байни Анвару бародари ҳамсараш Наҷотов Ҳусейн муноқиша пайдо шуда ӯро бо корди хонагӣ ба ҳалокат мерасонад. Гуфта мешавад, ки Ҳусейн аз Анвар хоҳиш кардааст, ки хонаашро ҷудо карда дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Дар ҳамин маврид Анвар дар ғазаб омада  бо корди хонагӣ  Ҳусейнро   дар тамоми узви баданаш   зарба зада ӯро дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасонад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 15 Феврал 2018 16:21


Айни замон дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1380 адад субъектҳои хоҷагидор, аз ин 228 адад корхонаҳои нақлиётӣ, 36 адад корхонаҳои нақлиёти омехта, 50 адад терминалҳои мусофирбарӣ, 12 адад терминалҳои боркашонӣ, 1000 адад нуқтаҳои хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 90 адад қароргоҳҳои нақлиёти фаъолият дошта, 845 адад хатсайрҳои мусофирбарӣ, аз ҷумла 176 адад шаҳрӣ, 544 адад наздишаҳрӣ, 123 адад байнишаҳрӣ ва 2 адад байналмиллалӣ расман амал мекунанд. Дар ин бора, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти ҶТ Худоёрзода Худоёр Завқибек итиллоъ дод.
Чуноне ки Худоёрзода Худоёр Завқибек афзуд, дар соли 2017 аз тарафи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 4 миллиону 656,6 ҳазор тонна бор интиқол дода шуда, тавассути роҳи оҳан 533,6 ҳазор мусофир ба нуқтаҳои дилхоҳи худ расидаанд. Ба воситаи фурудгоҳҳои кишвар бошад дар соли сипарӣ гардида 2014,6 ҳазор мусофир ва 3141,1 тонна бор интиқол дода шудааст.

СССР

Панҷшанбе, 15 Феврал 2018 15:22


Додгоҳи вилояти Хатлон барои марги сокини 50-солаи н.Шаҳритус Толибҷон Дӯстов, Маҳмадалӣ Идиев, лейтенанти калонӣ ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ-ро бо моддаи 316 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ» гунаҳкор дониста, мурофиа судиро шурӯъ кардааст.
Толибҷон  Дӯстов рӯзӣ 26.07.2017 дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази н.Шаҳритус аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуда, баъди чанд соат ба наздиконаш хабари марги ӯ дар бемористони н.Қубодиён расидааст.
Маҳмадулло Идиев дар мурофиаи судӣ аз додани баёнот даст кашида, изҳор дошт, ки худро гунаҳкор намеҳисобад ва нишондодҳои қаблан додаашро дар рафти тафтишотӣ пешакӣ дуруст ҳисоб мекунад. Додгоҳи вилояти Хатлон  мурофиаи судиро рӯзи 12.02.2018 идома хоҳад дод.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 15 Феврал 2018 14:26


14.02.2018 ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Олмон кӯдакони ба ҷарроҳиҳои мураккаб ниёзмандро интиқол дод. Ин хатсайр бо дархости Созмони Деҳаи Байналмиллалии Сулҳ сурат гирифта, ҳавопаймо аз Душанбе ба Кобул, пасон ба Тошканд, Тбилиси ва дар ниҳоят ба Доселдорф парвоз намуд.
Бино ба итиллои Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», тибқи ин барнома аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба Олмон беш аз 100 нафар кӯдакон интиқол дода шуданд.

СССР

Панҷшанбе, 15 Феврал 2018 14:22


Рӯзи 14.02.2018, дар шаҳри Душанбе байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Ваҳдат ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) санади муҳими энергетикию тиббӣ ба имзо расид. Лоиҳа дар қаламрави 9 деҳаи дараи Ромит-Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор амалӣ шуда, сокинони ин деҳаҳо бори нахуст ба нерӯи барқ ва хизматрасонии муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Дар доираи ин лоиҳа 1 зеристгоҳи 110/10 кВт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 кВт сохта шуда, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб ва ҳамчунин бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд. KOICA барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

саҳ 7 аз 16

Китобҳо

Flag Counter