ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 16:16


Ман дар ҳамсоягӣ бо Ғоибова Маърифат зиндагонӣ дорам. Байни хонаи ману ӯ роҳраве мавҷуд буд, ки бо ин роҳ фарзандони мо ба мактаб мерафтанду мо ба кор. Аз чӣ бошад, ки ӯ роҳравро ба замини наздиҳавлигии худ дароварда, атрофи заминашро девор гирифт. Ҳоло роҳи рафту омади мо пурра баста шудааст. Ҳол он ки замини наздиҳавлигии Ғоибова аз 0,30 га зиёд аст. Дар вақти баҳисобгирии заминҳои наздиҳавлигии маҳалла аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ дар с.2010 ин қитъаи замин ҳамчун роҳ нишон дода шудааст ва ба замини Маърифат дохил карда нашудааст. Аз муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки замини роҳрави моро барқарор карда, ҳақро ба ҳақдор расонад. Аминем, ки ин мушкили заминии мо дар чаҳорчӯбаи қонун ҳал хоҳад шуд.

Мушкинисо Файзиева,
деҳаи Элтӣ, н.Бохтар, тел: 902 66 42 46

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 16:08

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 14:45

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 14:30

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 12:25

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 12:19

Аз ҳайъати Истиқлол рафтани 5 бозингари беҳтаринаш мухлисинро нигарон кард. Мабодо, ҳолати Равшани Кӯлоб рақиби азалияшро ёр гашта бошаду Истиқлол низ мисли Равшан банкрот гардад? Дар ин матлаб ин мавзуъро пайгир мешавем. Мо метавонем!

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 12:07

Панҷшанбе, 01 Феврал 2018 10:59


Пиетро Салини, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) дирӯз пас аз анҷоми мулоқоти хеш бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ибро намуд, ки зимни мулоқоти хеш ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда додаст, ки агрегати 1-уми НБО «Роғун» 16.11.2018 ба кор дароварда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ бо Пиетро Салини масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тарафҳо оид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ мубодилаи афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

саҳ 15 аз 16

Китобҳо

Flag Counter