ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 12:16


Афсари артиш
Аслан Алиевич Масхадов 26.01.1997 дуввумин президенти ҷумҳурии ҷудоиталаби Чечен интихоб шуд. Ӯ шояд яке аз нокомтарин президентҳои пасошӯравӣ буд ва бештари давраи президентиашро дар ҷанг гузаронд. Русҳо ҳеҷ гоҳ раҳбарии ӯро ба расмият нашинохтанд. Лек дар Чеченистон миёни дӯсту душман аз маҳбубияти хос бархурдор аст.

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 12:07



Кишвари банкрот
3.02.1918 КМИ бо декрети хоси худ тамоми қарзҳои дохилӣ ва берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққати Русияро бекор ва аз пардохти 60 млрд рубл саркашӣ кард. Пеш аз оғози Ҷанги ҷаҳонии 1 қарзи берунии императории Русия 4,2 млрд рубли тиллоиро ташкил мекард. Ба ин мизон боз 1,5 млрди дигар қарзҳои бонкҳо зам мешуд. Дар маҷмӯъ Русия аз кишварҳои дигар 5,7 млрд рубл қарздор буд, лек баъди оғози ҷанг вазъият якбора тағйир хӯрд. Дар солҳои ҷанг Русия 7,5 млрд рубли тиллоӣ қарз гирифт.

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 12:02


2.02.1918.Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактаб ҷудо карда шуд.
2.02.1920.Имзои созишномаи сулҳи Тарту миёни Эстония ва Русияи шӯравӣ. Баъди имзои сулҳ миёни нерӯҳои озодихоҳи Эстония, ки онҳоро флоти ҳарбии Бритониё ва ихтиёриёни зиёди фин, швед ва даниягӣ дастгирӣ мекарданд ва Артиши Сурх дар шимолу ғарби собиқ императорӣ оташбас эълон шуд. Созишномаи сулҳи Тарту дар таърихи Эстония санаи бисёр муҳим буда, ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:58

Хиёнат ва ҷиноят-5

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:53


Прокуратураи н.Зафаробод мақолаи адиб Ҳаким Исмоилзодаро бо унвони “Замини Давронро кӣ бармегардонад?” (СССР, №44(477), 2.11.2017) мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян шуд, ки байни шаҳрвандон Муллоева Б.Ж. ва аъзои кооперативи истеҳсолии «Шоҳҷаҳони Даврон» аз с.2010 инҷониб баҳси замин давом дорад. Барои аз тарафи Муллоева худсарона истифода кардани заминҳои аъзои кооперативи мазкур нисбати ӯ бо моддаи 334, қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 26.08.2016 пешбурди он бо татбиқи моддаи 6, қисми 1-и Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 24.08.2016 таҳти №1355 дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Ҳамчунин нисбати Муллоева барои сохтмони худсарона дар қитъаҳои замини аъзои «Шоҳҷаҳони Даврон» бо моддаи 338, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суд аз 21.04.2017 нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин ва бо татбиқи моддаи 71-и КҶ ҶТ нисбаташ 1 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шудааст. Муроҷиатҳои роҳбарият ва аъзои КИ «Шоҳҷаҳони Даврон» нисбати Муллоева чанд бор аз тарафи прокуратураи ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва ба муаллифон тавсия дода шудааст, ки метавонанд тибқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барои бартараф кардани монеа тариқи пешниҳоди даъво ба суди иқтисодӣ муроҷиат кунанд.

Султонзода А.Ю.,
прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:51


Салом, СССРи арҷманд ва мардумӣ! Оид ба ҳарчӣ бештар шудани таваҷҷӯҳу «ихлос»-и мардум ба фолу ҷоду 1 латифаи даврони советӣ ба ёдам омад, ки инро ҳама медонист:
Мирзоҳасан-марди содаи деҳотие бо талқину пофишории занаш пеши муллои деҳ рафта арз мекунад: «Гови ҷӯшоиям янгаатро намегузорад, ки ширашро ҷӯшад. Ва ба хулосае омадам, ки бояд 1 таштоб нависӣ». Мулло баъди каме сукут дар коғазе менависад: «Гови зарди Мирзо зани Мирзоро назан!». Ва «тӯмор»-ро дар латтае чорқат печонида ба дасти ӯ дода мегӯяд, ки «инро дар шохи гов баста, ҷӯшидан гиред, гов аҳл мешавад». Дар роҳ мард бо ҳисси кунҷкобӣ тӯморро мекушояд ва баъди хондани «радди бало»-и мулло дар поёнаш илова мекунад:
«Агар задӣ, сахттар бизан!!!»
Ин аникдоти фанатизми замони советиро ба он хотир овардам, ки ҳатто мардони бенангу номус дар дирӯз ва ҳоло низ барои рафтани бонувони худ назди муллову фолбину ҷодугар иҷозат медиҳанд ва дилпуранд балогардони онҳо мулло аст, қазову қадар!!! Бо ин ақлу фаросат дар асри 21 ба куҷо мерасида бошем-а???

Файзулло Орифов,
муаллим, н.Рӯдакӣ

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:47


Ман матлаби адиб, журналист ва узви ИНТи СССР Ҳабибуло Нозирӣ ва Гули Зардро дар шумораи гузаштаи СССР хонда, ҳатто рақси уштурӣ кардам, албатта, ҳам аз ғаму ҳам аз хурсандӣ. Матлабҳоро хонда ақлу адабе дарёфт накардам. Рафту ин 2 ҷаноб газетаи СССР мехонданд, ман бонги изтиробро ҳанӯз 31.03.2016 зада будам. Вале он давра чаро фикратонро баён накардед? Сари зону нишастан ҳам меъёр дорад. Агар ин 2 носеҳ аз эҷодиёти рақибони худ бо таҳлил мегуфтанд, сухан шарбатдору қарсаки обдор мешуд. Яъне онҳо чӣ навиштаанду шумо чиҳо?! Мавлоно Ҷомӣ мегӯяд:
Ба қасри ишрату айвони онҳо бингар,
Кӣ зоғ нағмасаро гашту чуғз қофиясанҷ.
Агарчӣ каму беш лаёқат дорам, вале нияти на шоириву на нависандагиро накардаам ва намекунам ҳам. Рӯдакию Анвариву Восифию Кошифӣ… ҳич гоҳ узви ИНТ набуданд, вале аз ҳамаи шумо 100 сару гардан боло сурудаанд! Барои ҳамаи аъзои ИНТ гуфтаниям: Муҳим узви ИНТ будан нест, муҳим ИНСОН будану дар жанри «инсонӣ» сароидану эҷод кардан аст!!! Ва гилаю ҷингила бо чунин ташкилот оқилона нест. Аз ИНТ дида ҷамъияти Адвокатура 100 бор беҳтар аст, ки қонуни худро дорад, агарчӣ ташкилоти ҷамъиятист.

Талбон Сафарови Мункӣ,
собиқадори мақомоти прокуратура, н.Вахш тел: 93 551 64 48

Панҷшанбе, 08 Феврал 2018 11:44


Узви Ихвон-ал-СССР, Темури Латиф, сокини шаҳри Кӯлоб, аз маҳалаи Фирдавсӣ бо телефони 98 705 06 87 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ҷазир асту садамаовар. То ҳатто дирӯз 1 мӯсафедро, ки бо асо мерафт, дар маҳаллаи Фирдавсӣ 1 мошин зад. Чунин ҳолатҳои пур аз авария бештар дар маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Офтобрӯя, Тамошотеппа... ба назар мерасанд. Сабаби хатарзо будани кӯчаҳо ин харобии роҳҳост. Зеро вақте ронанда дурустӣ ва ҳамвориро “чинда” мошинро меронад, хоҳ-нохоҳ ба садамае дучор мешавад. Ҳамчунин чандин кӯчаву маҳаллаҳои Кӯлоб светофор надоранд... Аз ин ҳама мушкилоти №1 раҳбарияти шаҳри Кӯлоб 100% дарак доранд, аммо аслан бепарвоянд ва аҳамият ҳам намедиҳанд, ки кӣ мурд, барои чӣ мурд ва чӣ хел мурд???

саҳ 11 аз 16

Китобҳо

Flag Counter